РӮЙДОДИ МУҲИМТАРИНИ СОЛИ 2023 АЗ ДУРБИНИ СССР

Дар фарҷоми соли кӯҳани Харгӯш ва арафаи Соли Нави Наҳанг мо мисли ҳамеша аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли гузашта, ки такондиҳанда ва хотирмон буданд, ёд меоварем. Мо Метавонем!

  1. Туҳфаи сол

“Ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад”

Эмомалӣ Раҳмон, 05.12.2023

  1. Саммити сол

21.11.2023. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафта, меҳмони шахсии Путин В.В. шуданд.

22.11.2023. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъӣ ба Беларус ташриф оварда, бо дӯсти деринаи худ Александр Лукашенко дидор ва гуфтугӯ карданд.

24.11.2023. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот доир намуданд.

 Тармаи сол

15.02.2023. Тарма ба маҳаллаи Шошхоруғи Бадахшон, дар тарафи роҳи Ғунд (каме болотар аз маҳаллаи УПД) фурӯ рехта, 13 нафарро кушт…

 

  1. Интизории сол

05.12.2023. Ҳарчанд нархи билет ба таври бесобиқа то 3000 сомонӣ боло рафт, вале Роналдуи ҷувонамарг ба Душанбе наомад. «Истиқлол» ва «Ал-Наср» дар ҳузури 17 500 нафар мухлис дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:1 бозиро хатм карданд.

 

  1. Одамрабоии сол

23.06.2023. Дар кӯчаи Закариёи Розии н.И.Сомонии ш.Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, муовини аввали раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир шуда, ба дохили нақлиёти тамғаи “Хюндай-Соната”, рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша (наповал) маҷбуран савор карда, бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ – Майдони сарҳадчиён – маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, аз назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб зад.

  1. «Красавчик»-и сол

18.11.2023. Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи ба Суди Олии кишвар ирсол додани парвандаи ҷиноятии пурсарусадои Дилшод Саидмуродов (“Дилшоди “Красавчик” ё Дилшоди “СБ”) бо 13 гумонбари дигар, ки дар дуздӣ ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” айбдор мешаванд, хабар дод. «Красавчик» – “роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” пас аз 5 моҳи фирор дар Россия дастгир ва ба Душанбе истирдод шуда буд.

  1. Қотили сол

25.06.2023. Рустам Ашуров, яке аз қотилони Шуҳрат Исматуллоев дар фурудгоҳи пойтахти Молдова даст ба тирпаронӣ зада, боиси марги 2 сарҳадбон гашта, худаш низ кушта гардид. Дар навори қабл аз фавташ Рустам ба модараш мегуфт, онҳо бо Дилшоди СБ Шуҳрат Исматуллоевро дуздида, мехостанд аз ӯ 200 миллон доллар биткоинашро гиранд. Барои иқрори рамзу коди биткоинҳо – пули электронӣ, ҷинояткорон бо асбобу ускунаи ситамдиҳӣ, аз ҷумла автогену электрошокер ва корду табару ғайра муҷаҳаз будаанд. Рустам афзуд, вақте Дилшод мезадаш, Шуҳрат ҷон дод ва мо ҷасадашро гирифта, ба дарё партофем.

  1. Ҳаводиси сол

15.03.2023. “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Абдухалил Холиқзода, муассиси бемористони Ибни Сино дар ҳузури шахсиятҳои фарҳангу адаби кишвар рӯнамоӣ шуд. Пасон Вазорати фарҳанги Тоҷикистон китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро “мухолиф ба меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ” дониста, муҳтавои онро зери суол бурдани “унсурҳои миллӣ, урфу одатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ” унвон кард.

Моҳи август Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” бо иттиҳоми “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” (моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) боздошт шуд.

  1. Тоскулоҳи сол

Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 81 кг, ғолиби “Tоскӯлоҳи бузург” дар Остонаи Қазоқистон ва Гран-при дар Душанбе, барандаи медали биринҷии мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” дар Тошканд гардид.

 

  1. Ҷомаи сол

15.09.2023. Дар ш.Душанбе зимни баргузории саммити навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчун меҳмони олиқадр ҷомаи ифтихорӣ пушонида шуд. Нақши Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои мутаносибан судманд байни кишварҳои минтақа бориз аст. Барои ширкат дар ин маросим Илҳом Алиев, президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон махсус ба пойтахти Тоҷикистон омад.

  1. Ҷанги сол

07.10.2023. Бо ҳамлаи ҲАМОС ва созмони «Ҷиҳоди исломӣ» ба 1 фестивали яҳудиён, Исроил ҷанги навбатӣ оғоз кард, ки то ба имрӯз идома дорад. Шумораи кушташудагон, ки нисф зиёдашон кудак ва бонувонанд аз 20.000 нафар гузаштааст.

  1. Генотсиди сол

Раҷаб Тайип Эрдуғон ҳамлаи Исроилро қатли омми фаластиниҳо ва Натаняҳу-сарвазири давлати яҳудро ҷинояткори сол хонд. СММ низ ин ҷангро маҳкум ва ба оташбаси фаврӣ даъват кард.

  1. Ғалабаи сол

02-04.06.2023. Гран – прии Душанбе – 2023 бо ҳузури дзюдочиён аз 40 давлати 5 қитъаи ҷаҳон, бо ибтикори Исмоили Маҳмадзоир, Президенти Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар таърихи гуштии ҷаҳон, барои нахустин бор дар он мунтахаби Тоҷикистон пирӯз омад.

 

  1. Садамаи сол

06.08.2023. Автомашинаи Дулан, рақами қайди давлатияш TJ 538 ZH 01, притсепаш 07 АА 0838, мансуб ба ширкати боркашонии ҶДММ “Кафолат Воридоту Содирот”, дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз самти ноҳияи Ш.Шоҳин сӯи ш. Кӯлоб ҳаракат карда, бинобар сабаби аз кор баромадани тормозҳо ва аз ӯҳдаи идора набаромадани ронанда, дар ҳудуди ш. Кӯлоб 3 манзили зистро ба замин яксон намуд. Дар натиҷаи садамаи мазкур 13 нафар ба ҳалокат расида, 14 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуда, 10 адад нақлиёти сабукрави гуногун зарари ҷиддӣ дид.

 

  1. Суҳбати сол

Умут Аҷар, сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии Туркия дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ меҳмони газетаи мардумии СССР гашт. Сафири Туркия бори нахуст дар бораи созмони террористии ФЕТА ва раҳбари он Фатҳулло Гюлен, дар бораи мактабҳои гюленӣ дар Тоҷикистон ва хатари хатмуттаҳсилини онҳо ҳушдор дода, Гюленро террорист ва тарафдоронашро таҳдид ба давалатҳо хонд.

 

  1. Юбилейи сол

Низорамо Зарипова, ходими сиёсию давлатӣ, собиқадори меҳнат имсол ба синни мубораки 100 расид. Низорамо Зарипова, ки мусоҳибааш дар Ютуб канали СССР ТВ низ ҳаст, аз ҷумлаи бонувони фаъолу тозаназар, навовар, хушсалиқа ва дар мавқеъ устувор ба шумор меравад. Ӯ бо фаъолияти пурмаҳсули бисёрсолаи худ чи дар давраи советӣ ва чи дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият, ташаббускор, роҳбар, инсони ҳушманду шахсияти корозмуда ва фавқулода буданашро собит намудааст. Бону Зарипова яке аз чеҳраҳои намоёни асри 20-21 дар ҳудуди кишварҳои ИДМ ба шумор меравад.

  1. Калиди сол

Сарояндаи 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар 5-умин мавсими ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.  Дар зимн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуд.

 

  1. Сели сол

Боронҳои шадиди охири моҳи август, ки боиси пеш омадани офати табиӣ – сел гардиданд, ба 2 деҳаи ш.Ваҳдат – Тангаӣ ва Шоразм зарари хешро расонида, боиси шуста шудани қисмати роҳи Ваҳдат – Ромит гаштанд. Дар пайи ин сели харобиовар 17 нафар ба ҳалокат расид. 

 

  1. Гази сол

Нархи гази моеъ дар охири моҳи августи соли равон ба маротиб гарон шуда, аз 5-5,3 сомонӣ то 7,5 – 8 сомонӣ боло рафт. То ба имрӯз ягон ниҳод сабаби ин гарониро шарҳ надодааст. Фурушандаҳои нуқтаҳ фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, ки сабаби болоравии нарх ба воридоти он вобаста аст.  Аз ин пештар дар моҳи март нархи бензин низ дар кишвар қимат шуда, аз 6 то ба 9 сомонӣ барои 1 литр расиду касе моҷароро шарҳу тафсир накард, ки накард…

 

  1. Меҳмони сол

Семен Григорев, сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони редаксияи газетаи СССР гашта, нахустин бор ба матбуоти тоҷик мусоҳиба дод. Суҳбати сафир дар ҳафтавор ва сомонаи интернетии SSSR.tj нашр ва аз ҷониби хонандаҳо хуб пазируфта шуд.

 

  1. Парандаи сол

Фохта ё худ харкафтар парандаи соли 2024 интихоб гардид. Озмун аз соли 2008 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва масъули баргузории он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.

 

  1. Шеъри сол

«Ту ва Фаластини шаҳид», шеъри Абдуллоҳи Раҳнаморо хонандагони СССР Шеъри Сол хонданд:

Ба ҷойи ин ҳама ғавғо ту ҳам савод омӯз,

Ба ҷои ин ҳама фарёд, иттиҳод омӯз.

Ба ҷои ин ҳама даъво ту ҳам муҳандис шав,

Ва илмро пас аз ин ҳамчу эътиқод омӯз.

Яҳуд 1 фисади мардуми мусулмон нест,

Вале чаро ба ту пирӯз шуд? Тазод омӯз.

Чаро, ки ӯ ба ҳама арса дарс мехонад,

Бишину рози тараққии ин нажод омӯз.

Магӯ, ки ӯ ҳама макр асту мо ҳама хомем,

Ту ҳам ба ақлу тавони худ эътимод омӯз.

Илоҳиёт биёмӯхтӣ ту, мошаллоҳ,

Кунун сиёсату таъриху иқтисод омӯз.

Намозу зикр биёмухтӣ, ҳалолат бод,

Кунун муодилаву ҳалли рамзу код омӯз.

Тамоми арзи Худо масҷид аст, медонӣ?

Биёву сохтани мактабу завод омӯз.

Ва қарз кардаву ҳар сол ҳаҷҷу умра нарав,

Ба илм харҷ бикун, дониши зиёд омӯз.

Бубин, ки ҷанги муосир чӣ гуна бераҳм аст,

Фановарии наву артишу ситод омӯз.

Ту ҳам ба сақфи ватан гунбаде зи оҳан зан,

Идора кардани обу замину бод омӯз.

Хабар расид, ки то ними рӯз дар хобӣ,

Дар аввалин қадамат, машқи бомдод омӯз.

Фасод кардаву хайрийя мекунӣ, ҳайҳот,

Дигар ту хайр накун, тарки ин фасод омӯз!

Ҷиҳоди акбари ту ҳифзи Тоҷикистон аст,

Дигар фиреб махур, маънии ҷиҳод омӯз.

 

  1. Талафоти сол

06.12.2023. Шоми ин рӯз яке аз ҳамсафони содиқи Пешвои миллат, Ходими барҷастаи давлатӣ, инсони накӯкору нексиришт, қонунмеҳвару бениҳоят масъулиятшинос, “Сталини сонӣ”, собиқ раиси вилояти Хатлон ва раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амиршо Миралиев дар синни 77-солагӣ вафот кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Амиршо Миралиев ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ намуда, зикр карданд, ки «ӯ дар тамоми давраи фаъолияти тӯлонии сиёсиву давлатии худ ба мардум ва давлати Тоҷикистон содиқона хизмат кард».

 

  1. Вазорати сол

Дар арафи соли нави мелодӣ бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кӯҳансолтарин иншооти сохташаванда дар байни вазоратхонаҳои кишвар ба шумор мерафт (сохтмонаш 18 сол инҷониб идома дошт), бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси МММО ҶТ Рустамӣ Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт.

 

  1. Ҳайкали Сол

22.12.2023. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯйи Муҷассамаи яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихӣ, шоҳаншоҳи сулолаи Ҳахоманишиён, поягузори маданияти давлатдории Тоҷикони кӯҳан ва ориёнои аҳди қадим, Куруши Кабир, пардабардорӣ намуд.

 

  1. Дарвозабони Сол

Рустам Ятимов гаронарзиштарин дарвозабони Осиёи Марказӣ шинохта шуд. Трансфермаркет ё худ фурушгоҳи футболбозон нархи Рустамро, ки ба ҳунараш ҳатто шоҳи футбол – Криштиану Роналду тан додаст, ҳудуди 1 млн евро нархгузорӣ кард.

 

  1. Марзи Сол

Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон эълом намуд, ки то охири соли Харгӯш ва ё ҳадди ахир то авоили Соли Наҳанг 984 км сарҳади муштаракро марзбандӣ хоҳад кард. Тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки объектҳои дар дохили дигар кишвар будаи 2 ҷониб, абадан барои ҳамдигарӣ хизмат мерасонанд.

  

  1. Боздошти Сол

Рустам Халиков, собиқ директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» ва директори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар Германия боздошт ва ба ш. Душанбе истирдод шуд. Прокуратураи генералии Тоҷикистон Рустам Халиковро дар аз худ кардани маблағҳои бузург зимни роҳбарии ширкати «Тоҷик эйр» айбдор месозад. Аз рӯи итиллои дигар, мавсуф дар одамрабоӣ ва куштори бонкири маъруф Шуҳрат Исматуллоев низ шояд даст дошта бошад, зеро яке аз домодҳои Рустам Халиков бародари Рустам Ашуров, қотили бонкири маъруф ва «тирандози Кишинёвӣ» будааст.

 Қатли Сол

23.12.2023. Антонио Гутерриш – дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар твиттераш навишт, ки дар ҷанги Ғазза то рӯзи 75-уми ин набарди нобаробар, 136 корманди СММ аз ҷониби Исроил кушта шуд, вале касеро парвое нест.

 

  1. Давлати Сол

30.12.2023. Давлати сағерапарвари СССР, ки Тоҷикистон меросбари он аст, 101 сола шуд. Худи Тоҷикистон дар соли Наҳанг, яъне 2024, ба синни мубораки 100-солагӣ мерасад. Ура, рафиқон!!!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube