Ё ҳуҷҷате дар шодбоши Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон
Имрӯз кормандони азизи соҳаи сохтмон ҷашни касбӣ доранд.
Банда, ки ихтисоси аввалам муҳандиси саноати сохтмон аст, тамоми бунёдкорони ватанро самимона шодбош гуфта, чун барге сабз барои дӯстон ҳуҷҷате ҷолиб – нусхаи тасдиқи нахустин нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон ва санади таъсиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистонро пешкаш менамоям.
Тавре аз санад бармеояд, нахустнақшаи шаҳри Душанбе аз сӯи Госплан ё Кумитаи банақшагирии давлатии ҶМШС Тоҷикистон дар таърихи 29-уми апрели соли 1925 бо протоколи №4 қабул гашта, барои тасдиқ ба Кумитаи инқилобии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мутобиқи ин нақша бояд нахуст дар шаҳри Душанбе барои ҷобаҷоӣ ва фаъолияти ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон ва муассисаҳои маданӣ 23 бино сохта мешудааст. Аз ҷумла, дар навбати аввал бунёди биноҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Тоҷикистон (КИМ), Шӯрои Комисарони Ҳалқи Тоҷикистон (Шӯрои вазирон), Бюрои ҳизбӣ, комиссариатҳои халқии (вазоратҳои) корҳои дохилӣ, молия, маориф, замин, тандурастӣ, меҳнат, савдои хориҷӣ ва адлия, ҳамчунин идораи марказии омор, мактаб, театр, хобгоҳ барои кормандон, меҳмонхона, почта ва истгоҳи телефон дар назар будаанд.
Нақшаи нахустини бунёди пойтахт ҳамчунин талаботу меъёрҳои сохтумонӣ ва маводи сохтумонии истифодашаванда дар бунёди биноҳои шаҳрро муайян намуда, таҳияи тарҳи «обёрии шаҳри нав»-ро низ дар бар мегирифтааст. Дар нақша пешбинӣ мешуд, ки деворҳои берунӣ ва намои биноҳои ҳукуматӣ аз хишти пухта ва деворҳои дарунии онҳо аз хишти хом сохта шаванд. Биноҳои ҷамъиятӣ метавонистанд бо хишти хом ё похсадевор бунёд шаванд.
Аҳаммияти дигари ҳуҷҷат дар он аст, ки бо ҳамин протокол Кумитаи сохтмони Тоҷикистон низ таъсис ёфта, низомнома ва сохтору самтҳои кори он муайян гаштааст.
Ҳуҷҷат 100 соли расо бо сиффати хуб ҳифз шуда, матни он пурра хоно ва фаҳмост. Он арзиши хосаи таърихӣ, илмӣ ва иттилоотӣ дошта, хоса барои омӯзиши таърихи бунёди пойтахти азизи мо муҳим ва муфид мебошад.
Абдуллоҳи Раҳнамо
