Салом СССР ва хонандагони арҷманди он! Бузургони миллати кӯҳанбунёди мо на танҳо бо эҷодиёту осори илмиву адабӣ ва кашфиётҳои гаронбаҳояшон дар соҳаҳои гуногуни илм, адабиёт ва фарҳанг хизмати шоиставу бебаҳо карда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва таърихи миллат нақши намоёне аз худ боқӣ гузоштаанд, балки ҳаёту рӯзгор ва рафтору ахлоқашон барои мо имрӯзиён намунаи беҳтарини ибрат ва омузиш ба шумор рафта, моро ба шоҳроҳи ҳаёти ростин ва ҷомеасозу худшиносу ватандӯст, инсони комилу дорои хислатҳои ҳамида раҳнамун менамояд.
Дар ҳошияи рисолаи ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ профессор С. Ятимов «С.Айнӣ ва инқилоби маданӣ», омӯзиши ҳаёту рӯзгор ва раванди ҳамчун шахсият ва нобиға ба камол расидани устод С. Айнӣ шоиставу арзанда ба шумор меравад. Тавре дар рисола омадааст аз панҷ омилҳои асосии тарбия аввалан «тарбия дар шароити оила» ба шумор меравад, ки имрӯз тавре мушоҳида мешавад ноқисиҳо дар тарбияи оила мавҷуд ҳастанд, ки боиси нигаронӣ ва тезтар аз байн бурданро талаб мекунад. Ҳаёту рӯзгори устод Айнӣ ҳам дар ин роҳ намунаи ибрат аст.
Аз ин хотир ду ҳикояти пандомӯзро аз рӯзгори устод С. Айнӣ баҳри Шумо меорам, ки аз манфиат холи нестанд.
Тирамоҳи соли 1888, дар думболи падар харсавор аз Соктаре ба Бухоро, ки оташи иштиёқи зиёраташ кайҳо дар дилаш шуъла мезад равона буд.
Вақте, ки аз Вобканд гузаштанд ва то Бухоро зиёда аз як фарсах роҳ намонда буд, хар ба канори роҳ баромада дар таги дарахти беде, ки гесувони сабзи сафедтобашро то замин расонида буд, истод.
Саидмуродхӯҷа табассум карду бо зарби чуб базӯр харро ба роҳ андохт.
– Соли гузашта дар ҳамин ҷо истода – гуфт ӯ ба писараш – харро дам дода, худам нон хӯрда будам, хар боз дар ин ҷо дам гирифтан мехоҳад. 1 сол гузаштааст. Хаёл кардам, ки фаромӯш карда бошад, не ба ёдаш мондааст.
Ва қадре хомӯш монда, боз гуфт:
– Мебинӣ, хар аз одаме, ки чизҳои дида, шунида ва аз сар гузаронидаашро аз ёд мебарорад, беҳтар аст. Диққат кун, ки ҳеҷ чизро фаромӯш накунӣ.
Аз шунидани ин суханҳо ба рӯи Садриддин сурхӣ давид. Ӯ ба чӣ киноя карда истодани падарашро фаҳмид.
Ҳикояти дигар:
Боре падараш ӯро барои намак харидан ба бозорчаи деҳаи ҳамсоя фиристода буд. Дар бозгашт бо яке аз шиносони падараш вохӯрд. Ӯ ба Садриддин гапе таъин кард, ки рафта ба падараш гӯяд. Ин гап аз як гуши вай даромада аз гуши дигараш баромада рафт.
Вақте, ки падараш дар бозор аз шиносҳо киро диданашро пурсид, Садриддин он мардро диданашро хабар дода бошад ҳам, лекин ба ҷойи пайғоми вай чанд гапи дуруғро бофта гуфт.
Падараш ҳайрон шуда бошад ҳам гап назад.
Баъд аз чанд рӯз он мард ба хонаашон омад. Падараш ӯро дар пешгоҳи хона шинонда баъд писарашро ҷеғ зад. Дар ҳузури меҳмон масъала маълум шуд. Садриддин ба обу арақ ғутид. Падараш гуши ӯро сахт тоб дода гуфт:
– Ту ду гуноҳ дорӣ. Аввал гапи таъинкардаро фаромуш кардӣ, баъд худат дуруғ бофта гуфтӣ.
Он чӣ ки дидӣ ва шунидӣ фаромӯш накун. Агар гаперо нафаҳмӣ гашта пурс ва ҳеҷ вақт дуруғ нагуй, ки ҳам шарманда мешавӣ ҳам бадном.
С. Ҳайдаров
н. Темурмалик
