Редаксия супориш дод: дидор рав!

03.12.2025. Соат ба вақти Ҳамадонӣ 17:18 дақиқа. Бо супориши редаксия бояд дар маросими таҷлил аз 80-солагии бузургтарин сухансарой ва хоксортарин шоири асри ХХ-ХХ1 ширкат мекардам.

Пештоз ба сокинони сарватманду сахиии н. Ҳамадонӣ таҳсинам расида бод, ки бо сарварии Нурулло Мирзозода-раиси МИҲД н. Ҳамадонӣ ин «киштлохи қишлоқ»-ро ШАҲР кардаанд. Касе бовар надорад, 1 бор биояд ва бо чашми сар бинад, ки гуфтаанд:

Биоеду намонед бо шунидан,

Шунидан кай бувад монанди дидан?!

Муҳимтар аз ин чандин раиси собиқи ноҳия, ки ҳоло дар Душванбеву Шаҳринав фаъолият доранд, ҳама ба табрики устод омада буданд. Журналистону адибони вораста низ саф зада меистоданд. Ҳарфе, ки ин шаб дар бораи шоир гуфтанд, ҷои такрор нест. Танҳо барои ошноӣ бо Алимуҳаммад Муродӣ ин ғазалашро мекорам ва баъдан муаррифӣ аз 1 шогирдашон меравад. Мо Метавонем!

 Тезалоб

Ба зери тобаи дил тезалоби дард гирён аст,

Аё дида, назан обаш, ки тоба сахт тафсон аст.

Миёни кӯчаҳои зиндагӣ кулхида мечархад,

Хаёлам пири бекасмондаи хотирпарешон аст.

Ҷаҳонро чашми хушбинам баҳори сабз мебинад,

Ба чашми ақл мебинам, ки дунё  боғи урён аст.

Касе дар чашми бегона худӣ ҳаргиз нахоҳад шуд,

Гадо дар хонаи бечорагияш шоҳу султон аст.

Умеди дар сафар, бар шаҳри армони худат баргард,

Ки шаҳри бечароғ аз чашми бехобам чароғон аст.

 Алимуҳаммад Муродӣ 80 сола шуд!!!

Ҳаёт ва фаъолияти ҳар шоир, нависанда, хусусан онҳое, ки дар роҳи илму адаб умри хешро сарф кардаанд барои мо ҷавонон бисёр нақши муҳим дорад, зеро мо ҷавонон аз онҳо дарси одаму одамгарӣ омӯхта ҷавони дигарро дар ин роҳ ҷалб намуда, ояндаи давлату миллатро аз ҷавонони фарҳангдӯсту фарҳангпарвар бой мегардонем. Мо низ тасмим гирифтем, ки оид ба ҳаёт ва фаъолияти Шоири халқии Тоҷикистон, устоди муҳтарам Алимуҳаммад Муродӣ матлабе омода намоем ва онро пешкаши хонандагон гардонем.
Алимуҳаммад Муродӣ 3-юми августи соли 1945 дар деҳаи Кавоки ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоти умумиро дар мактаби Сарикокул ва интернати “Коммунизм”-и деҳаи Саричашма гирифтааст. Соли 1969 факулети забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими фанни забону адабиёти тоҷик хатм намудааст. Пас аз хатми ин даргоҳи илму маърифат пеши худ мақсад мегузорад, ки аввал хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда, баъд умри худро сарфи тарбияи насли ҷавон хоҳад кард. Ҳамин тавр хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ба сифати афсари қушунҳои пиёдагард ба охир расондааст. Пас аз хизмати ҳарбӣ муддате ҳамчун муаллим дар ноҳияи Ёвон кор мекунад, сипас ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохта, баъдтар сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Коммунисти Ёвон”, мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», муҳаррир ва сармуҳаррири шуъбаи мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, муҳаррири рӯзномаи «Ҳафтганҷ», мудири шуъбаи шеъру нақди адабии маҷаллаи «Садои шарқ» буд. Фаъолияти эҷодии устод Муродӣ аз овони мактабхонӣ оғоз ёфта, аввалин намунаҳои эҷодиёташ солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расидааст.
Осори пурғановати устод Алимуҳаммад Муродиро инҳо ташкил медиҳанд: «Дастниҳол», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Роҳи рӯҳ», «Хайрбоди баҳор», «Моҳи хусрав». Алимуҳаммад Муродӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1987, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (барои асари «Хайрбоди баҳор», соли 2005) ва Шамсиддин Шоҳин мебошад. Бо медали «Барои шуҷоат бахшида ба 100-солагии таваллуди Ленин мукофотонида шудааст. Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдатии миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода шуд, ки ин ҳам аз дастгириҳои Пешвои миллат ба аҳли адаби кишвар мебошад.
Шеъри ӯ осори пурғановаташ имрӯз хонандаро ба худ бештар ҷалб мекунад, хусусан шеърҳои ӯ дар мавзӯи терроризм, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, диққатҷалбкунанда мебошад ва дуруст гуфтааст:

Душман чӣ меорад? Низо,

Кишташ чӣ кор орад, бало.

Моро зи ҳам созад ҷудо,

Эй ҳамватан ҳушёр бош.

Насурзода Ҳ.А.

Муаллим

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube