Баъзе дӯкондорон ва тоҷирони бемаърифат кай муомилаву муоширатро меомӯзанд? Ё дилашон аз пуштибонашон пур аст, ки чӣ хеле хоҳанд бо муштариён муомила мекунанд?!
Ҳамин ҳоло аз маҷбурӣ, аз назди Беморхонаи ёрии таъҷилӣ, аз як дукони самбӯсафурӯшӣ, ки ба ҳеҷ меъёри санитарӣ ҷавобгӯ нест, барои беморамон самбӯса гирифтам. Баъди шикастани яктоаш бо нимханда гуфтам: Ака, ба ҷуз пиёз қариб гӯшт надорад-ку?
Ду мард, яке ҷавон дигаре калонсол бо ғазаб баромаданд: Гуфтанд: «Вопше гӯшт надорад?! Намефорад, нахар!».
Ҳайрон шудам, ки чаро чунин бархӯрд?
Мисле ман дашномашон дода бошам, ки гуфт: «настренира вайрон кардӣ, то бегаҳ дигар кор намефорад!».
Гуфтам: «Ака, харидор ҳақ дорад, ки фикрашро гӯяд, ва тоҷир вазифадор аст, ки бо муштариён забон ёбаду суҳбат кунад».
Ҷавоб доданд: «Дар 5 сомонӣ ҳамин қадар мешавад!…»
Пас, бо чунин тоҷирон, ба мисли баъзе ронандагони таксӣ, ки мегӯянд: «намефорад, фаро», чӣ гуна бояд муомила кард?
Ё шояд онҳо фикр мекунанд, ки мо маблағро аз роҳ меёбем ва ҳар чизе мехоҳанд, дигарон ҳаққи гуфтан надоранд?
Модоме ки асабиву «псих» ҳастанд ва бо мардум муомила карда наметавонанд, чаро дар чунин ҷойҳои ҷамъиятӣ, он ҳам дар маркази пойтахт кор мекунанд?!
Маконе, ки дар як рӯз ҳазорҳо нафар аз он ҷо дидан мекунаду мегузарад, кӣ бояд назорат кунад?
Худое накарда, агар чунин бархӯрд бо меҳмонони навоҳии дурдаст ё хориҷӣ рух диҳад, чӣ мешавад?…
Ҷамолиддин Фахриддин,
ш. Душанбе
