Беморони СССР

Имрӯз низ аз шуъбаи алоқаи ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ рӯзномаи дӯстдоштаам СССР-ро нагирифтам. Шумораи пешинаашро рафта аз шаҳри Истаравшан дарёфт карда омадам. Маҷбур шуда, ба шӯъбаи алоқаи ноҳиявӣ баромадам. Онҳо гуфтанд, ки шӯъбаи алоқаи вилоятӣ маблағи обунаро надодааст ва бинобар он рӯзнома 2 ҳафта боз дастрас намешавад. Ба шуъбаи алоқаи вилоятӣ дар тамос шудам. Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки имрӯз бо сардабири рӯзномаи мардумии СССР гуфту шунид кардему ҳафтаи оянда 3 шумора дастрасатон мешавад

Боварам наомаду бо сардабир дар тамос шудам ва дурустии гапи корманди шӯъбаи алоқаи вилоятӣ тасдиқ шуд. Ягона рӯзномае, ки аз навидҳои рӯз бохабар месозаду бо сабку услуби оммафаҳм нашр мегардад, СССР мебошад. 2 ҳафта боз ба ман муштариёни зиёд занг зада аз наомадани рӯзнома мепурсанд. Фикр кардам, ки мисоли ман ошиқони дилбохтаи рӯзнома дар ноҳия рӯз то рӯз афзуда истодааст. Ҳоло ҳангоми навиштан бо акои Ҷумъабой Яҳёев дар тамос шудам ва он кас низ аз наомадани рӯзнома дар изтиробанд.

Кормандони шӯъбаи алоқа маблағҳои обунаро сари вақт ба рӯзномаҳо гузаронеду муштариёнро дар изтироб намонед. Нонатонро ҳалол карда хӯред. Айб аст, ки моҳи нӯҳуми сол нисф шаваду пули обунаи соли пешӣ ба рӯзнома дастрас нашавад.

Махсатулло Ҷамолов,

н. Деваштич

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube