Солҳои 90 – уми асри гузашта, душманону хоинони миллати тоҷик ҷанги дохилиро дар мамлакати мо ташкил намуданд, ки хушбахтона, ба мақсадҳои ифлосашон нарасиданду шарманда гардиданд. Давлати ҷавони нав соҳибистиқлолшударо ин ҷанги таҳмилӣ ба ҳоли табоҳе оварда бошад ҳам, миллати тоҷик бо роҳбарии оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо шарофати ҳамдилию ҳамгироӣ аз ин вазъи ногувор сарбаландона барояд. Аз миллати ҳолаш хароб, ба миллати сару қоматаш боло ва пешрафтаю пешқадаму фаъол дар ҷаҳон табдил ёбад.
Дар шароиту замоне, ки давлатҳои нисбатан бузургтару пешрафта, чун Тоҷикистон дар солҳои қаблӣ ба гирдоби ҷанги миллаткуш афтодаю дар кори хатми ҷанг ва барқарории сулҳ оҷиз мондаанд, Эмомалӣ Раҳмони мо тавонист, ду сангари ба ҳам муқобили миллатро ба ҳам оварад. Дар ҳоле ки 2 давлати ҳамзабону фарҳанг Россия ва Украина чанд сол мешавад, ки ба дассисаи душманон дода шуда, хисороти ҷонию молии зиёд дида истодаанд ва коре баҳри хотима бахшидан ва забони ҳамдигарро ёфтан карда наметавонанд.
23 давлати араб дар кори пешгирии қатъи наслкушии режими саюҳинистии Исроил дар Ғазза ва таҷовузҳои ҳарбии он ба Лубнон, Яман, Миср, Қатар ҳеҷ коре карда наметавонанд.
Дар ин ҳама рӯйдодҳо тарафи Тоҷикистон мавқеи одилонаро пеш гирифта, ин ҳама бедодгариҳоро сахт маҳкум ва тарафҳоро ба қатъи ҷанг, таҳкими сулҳ дар минтақа даъват менамояд, ки сафари навбатии Сарвари давлат бо ин мақсад ба Қатар, гувоҳи гуфтаҳои болоанд. Ба ҷои ҷангҳои бадбахтиовар Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари СММ бо пешниҳодҳои ҷолиби ба нафъи тамоми мардуми сайёра баромадҳо мекунад.
Ромиши Фаришедӣ,
ш. Душанбе
