НАРХ ҲАСТУ СИФАТ НЕ

Бозорҳои мо имрӯз шукронаи истиқлолият серу пуру фаровонанд. Аммо аксарияти молу ашё сифати хуб надоранд. Мисол меорам, ҳамин пойафзоли маъмулии 50 сомониро. Пешопеши иди рамазон барои фарзандонам пойпуш харидаму ҳоло ним нагашта, аллакай кандагиву даридагӣ дидам. Дар бозорҳои мо чунон пойафзол зиёд аст, ки соҳибкорон мисли картошкаву пиёз онҳоро «худат ҷудо кун» мегӯянд. Кадом рангу кадом намудашро нагирӣ 50 сомонӣ. Хоҳ майда, хоҳ калон ҳамааш 1 нарх дорад – 50 сомонӣ. Аммо бесифату фиреби назари мардум. Хадамоти гумрук ва дигар ниҳодҳои дахлдор магар инро намебинанд? Чӣ гуна маҳсулоти бесифат вориди Тоҷикистон ва бозорҳои он мегардад?

Қамари Шероз, сокини ш.Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube