ОШХОНА, ЧОЙХОНА ВА ХОНАҲОИ ДИГАР

Дар ҷумҳурӣ мафҳумҳои ошхона, чойхона, тарабхона ва хонаҳои дигарро вохӯрда қарор додам, ки китоби Фарҳанги забони тоҷикиро варақ зада, бо мафҳумҳои бо нақшу нигори дар сари кӯчаҳо оро додашуда сарфаҳм равам.

Ҳайратам аз он афзуд, ки дар асари дуҷилдаи офаридаи олимони номдору маъруфи тоҷик калимаҳои чойхона, ошхона, тарабхона, қурутобхонаро вонахӯрдам. Ба ҷойи калимаи тарабхона ибораи гӯшнавози «тарабгоҳ» – ро дар саҳ. 327 дарёфтам ва дар тааҷҷуб мондам, ки чаро ба ҷойи ин калимаи шинам, ки маънояш ҷои базм, макони айшу шодмонӣ будааст, мафҳуми дурушту ночаспони тарабхонаро ба кор мебаранд.

Ҳаводорони ҳангомаю дағдағакор бо ҳарфҳои бузурги рангини ҷилодиҳанда калимаҳои суратгирхонаю сартарошхонаро ба маърази тамошои мизоҷон гузошта, бо ин амали беандешаашон забондонии худро нишон доданӣ мешаванд. Ҳол он ки калимаи суратгирхона дар Фарҳанги забони тоҷикӣ бо ибораи «суратхона» саҳ. 276 ва калимаи «сартарошхона» бо калимаи «сартарош» саҳ. 212 омадааст, ки маънояш «устое, ки мӯйсар мегирад» ва аз ин хулоса баровардан мумкин, ки ин мафҳум макони ҷойгиршавии устои мӯйсаргирро мефаҳмонад.

Баъдан мафҳуми «хона» дар Фарҳанги забони тоҷикӣ дар саҳ. 490 чунин омадааст: хона – маскан, утоқ, истиқоматгоҳ дар ҳавлӣ. Ин маънӣ ҳеҷ гоҳ ба ҷойи кору фаъолият намечаспад ва истифодаи он бесаводии мо ва эҳтиром накардани забони модариро мефаҳмонад.

Шигифтангез аст, ки кормандони Кумитаи ислоҳот, ходимони Институти забон ва адабиёти ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адибони Иттифоқи нависандагони Тоҷиикистон, устодони фанҳои забону адабиёти тоҷики факултетҳои бешумори филологӣ, омӯзгорони беҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, рӯзноманигорони беадади нашрияҳои хусусию давлатӣ ин беҳурматиро нисбат ба Қонуни забон мушоҳида намуда, ҳатто аз хизматрасонии кормандони ин маконҳо самаранок истифода бурда, худро бетараф вонамуд мекунанд.

Зариф Ғулом,

адиб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube