Падарони фарзандкуш…

(Модарон буд накарда, падарон сар карданд)

Ташаббуси аз даст ба даст

Ҳодисаҳои нангини қатли фарзандон аз дасти модарон то ҳадде дар афзоиш аст, ки кас аз ном бурдани онҳо ба даҳшат меафтад. Солҳои қаблӣ Марҷонаи Файзалӣ Аминҷон Назирови 4 – солаи ҳамсояро дар ш. Турсунзода бо 13  корд зада кушта, Зиёдагул Шарифоваи 29 – солаи сокини деҳаи Шарораи н. Ҳисор, иҷоранишин, дар маҳаллаи Маяковскийи пойтахт, дар моҳи шарифи Рамазон бо корд  сари ҷигарбанди худ Мадинаи 6 – соларо мисле ки мурғеро, аз тан ҷудо карда буд.

Соли 2024  чунин 1 модари бадбахте дар н. Қубодиён низ чанд тан фарзанди хурдсоли худро бо дастони худ кушт.  Ҷинояти дар н. Фархор аз тарафи падари майзада зада куштани духтарчаи бемору маъюб, ки собиқ корманди милитсия будаасту мавридаш дар ноҳия дигар гапу калочаҳои дигар низ паҳн аст, нафрати мардумро бедор кард. Дере нагузашта, 29 ба 30 июни соли 2025  Мадина Ҳалимоваи 27 – сола 4 кӯдаки хурди худро дар дарёи Сурхоби ҳамин ноҳия ғарқ карда кушт. Аз хусуси аз тарафи педофилҳо таҷовуз ва кушта шудани кӯдакони маъсум ҳоҷати гап намемонад. Вақте модарон, ки синаи раҳмашон меноманд, нисбати ҷигарбандони худ ин қадар зулму ваҳшониятро раво мебинанд, аз бегонаҳо чӣ ҷои гила мемонад?                                                                                     

Бадии кор боз дар он аст, мисле ки волидон мусобиқа мекарда бошанд, ташаббусро аз дасти модарон падарон акнун гирифтаанд.

 Падари духтаркуш

Чуноне ки дар боло зикраш рафт, дар н. Фархор падари майзадаю бадахлоқ духтарчаи аз модар ятим ва бемору маъюби худро ба таври ваҳшиёна лату кӯб карда кушт. Бинобар бар овозаҳо ин қотили бадбахт мехостааст, ки дар маҳбас худро ба дор овезад, ки дигарон монеъ гардиданд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷонибдори ҳукми қатл дар ҷомеа нестам ва гумон аст, ки ин тадбир пеши роҳи ҷиноякориро комилан гирифта тавонад. Бо шунидани ин хабар гуфтам, ки чаро пеши роҳи худкушиашро гирифтанд? Хас каму ҷаҳон пок мешуд. Аз ҷиҳати дигар гуфтам, ки кори дуруст карданд, зеро марг ба ин тоифа ҷазои сабук ҳисоб меёбад. Беҳтар мебуд, ки ба ин маразҳои ҷамъият ҳукми абад медоданд, то дуру дароз азият кашанд ва ба марг зор шаванду он ба суроғашон наояд. Ин қабил дигар на ҳуқуқи мурдан доранду на аз зистан. Маргу ҳаёт барояшон басо баробар шудааст.

 Падари писаркуш

Ҳанӯз андуҳи тифлакони бо азоби алим кушташуда аз дилҳо нарафта, хабаре паҳн гардид, ки сокини 40 – солаи ш. Турсунзода Парвиз Одинаев, ки боз раиси маҳалла ҳам будаасту муллову имомхатибӣ низ мекардааст, писараш Хусрави 15 – соларо бо усули ваҳшиёнаи асримиёнагӣ ба ҳалокат расонд. Писарак аз ҷумлаи душвортарбияҳо будааст ва гӯё падари “оқил” бо ӯ корҳои тарбиявӣ анҷом дода бошад. Аммо ин падар боре фикр накард, ки тарбияро аз рӯзи дар батни модар шакл гирифтани фарзанд бояд оғоз мекарду дар давоми зиндагии ҳаррӯза идома медод? Боре андеша накард, ки дар бадахлоқ ба камол расидани фарзанд, пеш аз ҳама падар ва модар гунаҳкоранд?

  Ё ин падари қотил аз иштибоҳу раҳгумиҳои давраи кӯдакию ҷавониҳои худ, ки бевосита бо хун ба фарзанд мегузарад, боре ёд наовард? Ҳамзамон, фикр накард, ки монанд ба писари ӯ бачаҳои душвортарбия ё аз тарбият дурмондаҳо дар ҷумҳурӣ лак андар лаканд? Пас, бояд ҳамаи онҳоро заду кушт? Фарзанд ба дунё овардан осон, вале тарбияи он хеле душвор мебошад. Барои тарбияи фарзандон волидони ҳушманд, боақлу фаросат, бомаърифат лозим аст. Ҳатто аз мушоҳидаю таҷрибаҳои зиндагии одамон мисолҳо зиёданд, ки баъзан аз бачаҳои беадабу беасар шахсони наҷибе низ ба камол мерасанд, ки ба гузаштаи онҳо назар карда, бовари кас намеояд.

“Дарёфти ризқи ҳалолро аз беҳтарин ибодат гуфтаанд. Пас, чӣ гуна хушбахтиро интизор будан мумкин аст, ки фарзандон бо луқмаи ҳароми бо роҳи фасод бадастомада, парвариш ёбанд? Ҳамаи ин омилҳо дар камол ёфтан ва чӣ гуна инсоне шудани фарзандон таъсиррасон мебошанд ва рӯзе рӯ мезананд.

Фарзандони падару модаркуш ё бародарони хоҳаркуш

Мутаассифона, воқеаҳои нохуши яке паси дигар дар ҷомеа сар зада истода, бозгӯи онанд, ки кор ҳамин тавр рафтан гирад, инҳо на аввал на охирин мебошанд. Ҳар лаҳзаю соату ҳар рӯз метавонад, вулқони ҷаҳлу бемаърифатӣ аз худ дарак диҳад, аланга занад. Ҷои таааҷҷуб ҳам намемонад, ки агар фардо ба ин мусобиқаи одамкушӣ намуди дигари он, яъне ба қатл расондани волидон аз тарафи фарзандон ё бародарону хоҳарон аз тарафи бародарону хоҳарон ба майдон ояд, ки Худо паноҳ дорад.

 Ҳодисаҳои фарзандкушии модарон, ки вақтҳои охир вусъати тоза пайдо кардаасту мутаассифона, касеро ба андеша водор намекунад, нишонаи фалаҷшавии ҷомеа мебошад. Ин маънои онро дорад, ки мардум ба ҳоли худу мушкилоти худ вогузор шудааст. Ҳатто аз қатли дастаҷамъонаи кӯдакони бегуноҳ аз тарафи модарон ҳам дигар касеро парвое нест. Он чӣ ки ҷамъе аз одамон бо сӯзу гудоз дар шабакаҳои интернетӣ менависанду мегӯянду маҳкум мекунанд, ҳеҷ масъалаеро ҳал карда наметавонад. Баъди муддате, боз то рух додани ҳодисаи нангини нав, он хомӯш мегардаду ҳама пушти кору бори худ мешавад.

 Нафар не, ҷамъият гунаҳкор аст

Вале бо гузашти вақт, дар аксар ҳолати рух додани ҷиноятҳо, яке сар мешавад хулосабарориҳо аз хусуси бемори руҳӣ будани қотилону гунаҳкорон ё чун дар ҳодисаи марги тифли 2 – сола дар рӯзи 19 май дар Кӯдакистони хусусии ҶДММ “Саволу ҷавоб” қонунан иҷозати фаъолият надоштани он зани мураббӣ ва худи кӯдакистоне, ки дар таги биннии вазоратҳои дахлдор фаъолият доштанд.  Дар натиҷа хулоса ҳамин мешавад, ки ба ғайр аз он зани бадбахт, ки ҳеҷ сар задани нохуширо интизор надошт, дигар касе гунаҳкор нест. Бо ҳамин кор тамому вассалом!  Ҳоло он ки масъалаи одобу ахлоқ ва маърифатнокии мардум аз фаъолиятии хуби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои зертобеаш вобастагии  калон дорад.

Вақте ки дар ноҳияи Рӯдакӣ барин калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ ронандаи мошин ба вазифаи мудири маорифи ноҳия соҳиб мешавад ва хайрият, ки саривақт барканор гардид, дигар чӣ ҷои сухан мемонад? Мактаббача аз падару модари бофаҳму савод дар оила, аз омӯзгорони донишманду асил дар мактабҳо дониш ва одобу ахлоқ меомузаду тарбия меёбад.

 Дар шӯравӣ ҳам бо ҳама он шароити хуби дошта, баъзан ҷиноятҳо содир мешуданд. Барои содир гардидани ҷинояте чандин нафар муҷозот мешуд, агарчӣ ҷинояткор 1 нафар буд. Чандин шахси масъули дар идораю мақомот нишаста, каси ба кор тавсиядиҳандаи ин ё он шахс, ҳабс ё ҷарима шудаю аз кор сабукдӯш мегардиданд ва дигар ҳуқуқи фаъолият дар соҳаи худро бинобар бесалоҳиятию хунукназарӣ надоштанд. Ҳоло бошад чӣ? Шахси аз кору вазифа барканоршударо мебинӣ, ки дар дигар ҷо бемалол фаъолияташро давом дода истодааст ва касе пишакашро ҳам пишт намегӯяд.

Ҷиноятҳо худ аз худ, якуякбора, тасодуфан сар намезананд. Онҳо оҳиста – оҳиста дар оила, мактабу корхона, ҷомеа шакл мегиранду пухта, то ҳадди ниҳоии худ рафта мерасанд. Худи бо воситабозию фасод сари кору вазифаҳои масъул овардани шахсони бесалоҳият, бемаърифату савод ҷинояти бузург аст, ки баъдан ба бисёр ҳолатҳои қонуншиканӣ, фалаҷшавии ин ё он соҳа мусоидат менамояд. Агар дар ҳама ҷинояту бадбахтиҳо танҳо 1 нафари “крайнак” гунаҳкор бошад, пас, мавҷудият ва фаъолияти ташкилоту муассиса, мақомоти зиёди дахлдорро чи гуна метавон шарҳ дод? То он даме, ки муносибат бо кор, вокуниш ба ҳодисаҳо чунин аст, ислоҳ, тагйири вазъ як тараф, боз ҳам бадтар шудани онро интизор шудан аз эҳтимол дур нест. Лекин агар мо, дар ҳақиқат хоҳони такрор нашудани ҳодисаҳои нангини ба обрӯи миллат латмазананда бошем, бояд ҷиддан сари андеша ва дарёфти роҳҳои пешгирӣ аз онҳо бошем! Дар ҳақиқат:

Дар ҷаҳон гум шуда, меҳри падару фарзандӣ,

В-арна Рустам зи чӣ боис  сари Суҳроб хӯрад?

 Мирзо Рустамзода,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube