09.08.2025. Соат ба вақти Кӯлоб 18:00 дақиқа. Дар масҷиди маҳаллаи Суғдиёни ш. Кӯлоб намози ҷанозаи солмандтарин сокини кӯчаи Куйбеши номӣ, маҳаллаи УКЖД (управленческий комитет железнодорожных дорог)-и РСС Тоҷикистон, ҳоло растаи Хатти Роҳ, баргузор гардид. Бобои Санг Ҳайитов (с.т.1941) аҷаб марди фарзонае буд. Аммо то ин дам…
08.08.2025. Соат ба вақти Душанбе 17:17 дақиқа. Акрами Санг-журналисти саршинос, яке аз муаллифони доимии СССР, занг задаву бо садои гиряолуд гуфт:
-Бобои Эшон, вазъи падарам ваҳим ва сангин аст. Дилашро бо тавсияи духтурони Медгородок аз Маркази ҷумҳуриявии дилу рагҳо, ки маро бовар кунонданд, «15 дақиқа пас мӯсафед бо пойи худаш ба Кӯлоб бармегардад», ҷарроҳӣ карданд, вале гурдаҳояш бардошт надод…
Чанде пас Акрам бо гиря боз зангам зад:
– Мӯсафед ба раҳмати ҳаққ пайваст…
Намегӯям, табибони Маркази ҷумҳуриявии дилу рагҳо чаро солдидаеро зери мизи ҷарроҳӣ бурдаву мӯйсафеди бо пои худ омадаро савори маркаби чӯбин ба хонааш гусел карданд. Ҳаволаи инсофу имонашон. Боз дар ҳоле, ки мо Тоҷикон масале дорем «рӯзи мӯсафед буд шуд»… Вале дар бораи ин Шахс мегӯям, то ун духтурону ин хонандагон бидонанд, ки чӣ Инсонеро бо ҳарфи бузург аз даст додем. Ту ҳам хонандаи ин сутур, агар дар бораи ҳамсояи некноми худат гуфтание дорӣ, навис, мо нашр мекунем. Мо Метавонем!
Бобои Санг аҷаб марди хубе будӣ. Нафари техникӣ буд. «Тепловоз» дошт. Дар гузари мо, ки шаҳраки коргарон будӣ, тепловозу паровозу самолёт бисёр буд. Он замон ин кӯча чун замбӯрхона садо дошту чун мӯрчахона дар такопӯ буд:
– УКЖД, Аэропорт, Нефтебаза, ПМК, ДСУ-4, Стройдвор, Селхозхимия, Живпром, Бойня (бойнӣ), Плодовощ, Автошокола, Автодром, Хлопзавод, Маслозавод … ҳама корхонаҳои бузурги саноатӣ дар гузари мо буданд. Ва ҳама бошандагонаш дар ҳамин соҳот кор мекарданд. 1 каси бе кор набуд. Мисле, ки ҳоло 1 коргар намеёбӣ. Зеро ин ҳама корхонаҳо баъди «бозсозии горбачевӣ» ва «прихватизатсияи Чубайс» аз даст ба даст гаштаву несту нобуд гаштанд…
Бобои Санг «теполовозчӣ» буд. Поезд дошт! Поезди хурди камбар-узкокалейка. Ва ягона машинисте буд, ки рӯзҳои тобистон, бо баҳонаи гузашт аз роҳи мошингард, наздики Нефтебаза, исти мошинаро ба ҳадди ниҳоӣ паст мекарду 1 гудоки дурмадарозе сар медод. Ин барои тарсондани автомобилҳо набуд. Ин «гудок» ҳушдор барои мо-атфол будӣ, ки бо шуниданаш, аз тангкӯчаҳои бобои Кали Ятиму, бобои Ғуломи калеку бобои Акрами Нос, давида худро ба қатора мезадем. Мисли партизанҳо, ки аз паноҳгоҳ ба поезд дармеафтанд. Бобои Санг, ки сабзинаҷавоне буд он замон, бо даҳони пурабассуми то бехи гӯш, сипас газро зер мекарду моро ба Лулӣ-Кӯтал мебурд. Дар ин ҷо дарёчае гилолуд мешорид, ки тамомии пасобҳои Кӯлобшаҳрро мекашид то Лаби Ҳавз. Аммо барои мо ин кӯли пурлой чун ҳавзи Кавсар рӯҳафзо менамуд. Дар ин мавқеъ поезди Бобои Санг таваққуф мекарду ба «водянка»-чалаки бузурги поезд, об мегирифт, то дар шоҳроҳи Данғараи беоб, танқисӣ накашад. Дар фосилаи обгирӣ, Бобои Санг пешамон меомаду мегуфт:
-Хуб, бачаҳо, оббозӣ кунед! Вале ҷанг накунед. Ба бачаҳои Лӯлӣ Кӯтал нарасед, ки пиёда меравед- ва шахсан ба ману Алии Беҳдуд, ки ахирӣ ба таъбири худамон «Шефи тангкӯча» буд, муроҷеъ мешуд:
-Акрамҷони додаратонро ба шумо мебиспарам. Нигоҳаш кунед…4 соат пас бармегардаму шуморо баргашта хона мебарам.
Ин ҳоло, вақте, соҳиби писар шудам, дарк мекунам, ки Бобои Санг махсус моро муроот мекард, то ба Акрами аз мо 2 сол хурд ва (таваҷҷӯҳ кунед!!!) бе ака (солдидаҳо медонанд, ки дар он муҳит ака-пуштибон намедоштӣ, ҳолат чӣ будӣ!!!) аҳамият диҳему аз ҳар балову хатар пуштигираш бошем.
Акрам табъану зотан миёни ҳамсолонаш болонишин буд! Э-ҳаааа, кӣ ҳуқуқ дошт, пишаки ӯро пишт гӯяд, вақте Алику Сайф акаҳошанд???
Бобои Санг ба Акрам, ки писари аввалинаш буд, сахт таваҷҷӯҳ дошт. Ӯро ҳамеша бо худ мегардонид, аз ҳар музаффарияту пешравиҳояш бар мо соатҳо қисса мекард, аз хонишу донишаш дар курта ба маънии томаш намегунҷид. Акрамро ӯ ба мактаби мо ҳатто насупурд, ки «мактаби хулиганҳо» маҳсуб меёфт. Акрамро бобои Санг ба мактаби дар даврони шуравӣ маъруфу машҳури №1 супурд, ки он ҷо элитаи шаҳр мехонд: сар аз фарзандони котибони ҳизби коммунист то раисону саисони ҳукумати шаҳру вилояти Кӯлоб. Ин мактаб кадрҳои пурқуввате ба ҳукумати имрӯза низ додааст, ки яке аз онҳо ҳамин Акрами Санг мебошад.
Бобои Санг вақте аз кӯча мегузашт, ба маъни маҷозиву реолӣ сагеро хич ва пишакеро пишт намегуфт. Чунон оромтабиату ботамкин буд, ки ҳисобаш гум. Ба мисли дигар калонсолон аслан аз доду ғиреви кӯдакон эрод намегирифт. Зимнан барои мо «бачаи худӣ» шуда буд. Мо ҳарфи ӯро гӯш мекардем, ба ҳар пешниҳодаш саф мезадем, дилхоҳ гуфтаашро иҷро менамудем.
Дар тӯли 18 соле, ки шахсан ман дар ин гузар бузург шудаам, шоҳиди ҷанҷолу хархашари Бобои Санг бо нафаре нашудаам. Ҳарчанд дар кӯчаи мо, э-ҳааа, ҷанҷолу хархашаву кордкашиву занозаниҳое мешуд, ки дар беҳтарин филмҳои «Вестерни Голливуд» гунаашро намеёбед. Барои ҳамин кӯчаи мо дар шаҳри Кӯлоб исми гӯшнавози «кӯчаи хулиганҳо»-ро дошт.
Фарқияти дигари Бобои Санг ин ҳам буд, ки «қартабозӣ» намекард. Ҳар шом, баъди соати корӣ, дар лаб-лаби роҳи оҳан, мардони гузар саф мекашиданду то дили шаб, баъзан то рӯз қимор мезаданд. Ва агар гӯям, бидуни Бобои Сангу падари ман-Эшони Мизроб, дигар ҳама қартабоз буданд, шояд хато накунам. Бобои Санг меомад, қиморбозонро тамошо мекарду бо табассуми ба худ зебанда лаззат мебурд. Вале пайдо шудани падари ман қартабозонро ба шӯр меовард-»шухер, бобои Эшон» мегуфт касеву қиморбозон қартаҳоро тоб додаву пулҳоро пинҳон карда, аз «тринка» ба бозии «дурака» мегузаштанд. Падари ман мисли пулиси маҳаллӣ буд. Меомаду бо Бобои Санг салом карда, махсус вақтро тӯл дода, чақ-чақ мекард. Ӯ медонист, ки ин мардон қимор мезананду ӯро дида, ба бозии саргармкунанда гузаштаанд. Асаби қиморбозонро мехарошид бо ин рафтораш. Чун гузашта мерафт, боз шӯру мағали қиморбозон ба само мепечиду Самаду Нураливу Шеру Ғаффору Али беспредел бонки пулро аз таки кӯрпача бароварда, қартаҳои пинҳон кардаашонро гирифта, ба қимор шуруъ мекарданд.
Аҷаб 1 давроне буд, ки зиннаташ ҳамин солдидаҳо буданд.
Бобои Санг, вақте ман нахустин намояндаи ин кӯчаи бебаҳо ва бо маънои томаш ҷавонмардон шуда, ба Университет дохил гаштам, пешам омада, табрику таҳсин намуд. Воқеан ҳам то ман ЯГОН кас ба универ як сӯ ба институте дар пойтахти РСС Тоҷикистон шомил нагашта буду ман «зоғи ало» ва фахри тамомии кӯча шудам: аз хурд то бузург, пеши сокинони дигар кӯчаҳо шарафмандона мегуфтанд, «мо ҳам дорем аълохон!» (Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, баъдан қисса кард, ки бархе аз зӯрбозуҳои гузар гуфтаанд, ки «ҳамин бачаи бобои Эшон шармандаамон кард, о наход, ту ҷои авбошӣ, рафта университет хонӣ?»…
Бобои Санг аз ман машварат мепурсид, маслаҳат мекард, роҳҳои ба факултаи филологияи тоҷики ТГУ ба номи В.И.Ленин шомил шудани Акрами Сангро меҷуст. Дар бораи суолу ҷавобу имтиҳонот гарм баҳс мекард. Акрам шояд худ хабар надошта бошад, ки ман таҳрикдиҳандаи шомил гаштанаш ба Донишгоҳи мазкур шудаам.
Яъне Бобои Санг ҳамеша мехост, писарбузургаш Шахсияти номдор ва ангуштнамой бошад. Фикр мекунам, тамомии буду набудашро ӯ сарфу харҷи ҳамин ният карда буд ва шукри Худой, ки ба мақсадаш ҳам расид…
Ҷои чунин Падарон, чунин Инсонҳо, чунин Ҳамсояҳо Биҳишти ҷовидон аст вагарна ҷаннатро барои киву чӣ сохтааст Худо?
Ҷоят ҷаннат, дӯсти овони кӯдакӣ, роҳнамои мо атфоли кӯчагард ва ҳамсояи некномам.
Чаро инро навиштам? Зеро мо бояд кӯшишу талош кунем, ки дар зиндагонӣ чун Бобои Санг марди ҳалиму дардошнои ҳар кӯдак бошем, на «мардони соҳибкибру сахтсухану кӯдакбадбин», то баъди сарамон, агар 81 сол низ умр бинем, тифле дар бораамон ҳамингуна 1 очерки портретӣ нависад:
Бузург ӯст, ки бар хок ҳамчун сояи абр,
Чунон равад, ки дили мӯрро наёзорад.
Мо Метавонем!
