Умре дар талош…

(Бахшида ба ҷашни 60-солагии Мақсадулло Ҷамолов)

Ба таҳқиқ ва бе муҳобо Мақсадулло Ҷамоловро касе чун ман намешиносад. Ин идаои ман далели таърихӣ дорад. Дуруст аст, ки шояд касе бигӯяд, ки ман устодро аз наврасӣ, кӯдакӣ, айни шубоб то пиронсолӣ медонам. Вале ошноии ману Мақсадулло тамоман дигар аст.

Наврасӣ

31.08.1983. Соат ба вақти Душанбе 08:00 дақиқа. Ёдам ҳаст, мо аз комиссияи мандат амр гирифта будем, ки расо соати 8:00 дақиқа ба факултаи навбунёди филологияи тоҷики УДТ ба номи Ленин, мавсум бар вожаи гӯшнавози «Ҷазира» ҳозир шавем. Банда, ки пойтахти РСС Тоҷикистонро намедонистам, ба мусофирбари №1 нишастаму ҳайрон мондам, куҷо равам. Ин ҳин духтари болобаланди хушқадду қоматеро дидам, ки бо виқор рост меистод (маҳз бо виқор!!!). Пешаш рафтаму гуфтам, «апаҷон, истгоҳи факултаи филология куҷо бошад?». Табассуме карду гуфт, «якумкурсакӣ?». Бо ин духтар шинос шудам. Ӯ донишҷӯи курси 5-уми ҳамин факулта Ситора Азораева будааст, ки баъдан чун журналисти ТВ дар фазои иттиллоотӣ дурахшид.

Хуллас калом, Ситорабону дастам, бо маънии томаш гирифту то дари факулта овард ва қатореро ишорат карда, гуфт:

-Ҳо ана ун ҷо шарикдарсонат саф задаанд…

Омадаму дар паси қатор истодам, ки ҷавони навчаи болобаланди лоғарандоме даст бар китфам гузоштаву пурсид:

-Мебахшед, ин суфуфи курси аввали филологияи тоҷик бошад???

Гуфтам, бале ва даст бурдаву худро муаррифӣ кардам:

-Сайфиддин Достиев-донишҷӯи курси 1…

Ӯ низ бо табассум даст сӯям дароз кард:

-Мақсадулло, Мақсадулло Ҷамолов.

Садои дуи моро шунида, дигар бачаҳо низ сӯи ману мо ва ҳамдигарӣ даст дароз карданд:

– Равзатулло Раҳмонов, Рустам Тағоймуродов (Рустами Хомарахш), Бахтиёр, яъне Умед Нурматов, Абдуссалом Паҳлавонов, Тоҷиддин-маро тағоӣ гӯед, зеро аз ҳама калонсол манам, Хуршед, Фазлиддин, Тоҳир, Шариф Исрофилов (доктори илм Шарифи Исрофилниё), Анвар, Ислом, Маҳмадамин Маҳмадаминов (Маҳмадамин Бозичаевич Маҳмадаминов, сафири Тоҷикистон дар Созмони Милалмуттаҳид)…

Ин нахустин дидори ман бо шарикдарсонам буд, ки баъдан бо ҳама риштаи дӯстӣ баставу ҳамакнун 42 сол мешавад, ки ифтихороти рафоқат бо якояки ишонро дорам.

Пахтачинӣ

21.09.1983. Совхози Иличи н. Куйбишеви вилояти Қурғонтеппаи РСС Тоҷикистон. Моро сарҷамъона ба пахтачинӣ бурданд. Солмандон ёд доранд, ки донишҷӯён дар даврони советӣ ёрдамчии аввали марди деҳқон буданд. Имрӯз аст, ки аз 2-3 соат тамрини чорабиниҳои давлатӣ-маршировка, ҷавонон меноланду шикоят мекунанд. Он солҳо мо 24 соат дар 1 шабонарӯз деҳқон мешудем. Пахта мечидем, хирман бар мезадем, то дили шаб базм меоростему суруд мехондем. Воқеан ҳам, Мирзо Рустамзода-навкори мо, ки дар курси 5 мехонд, он даврон гармои тоқатфарсои совхози Иличро аҷаб байте гуфта буд:

Ё Худоё, майнаамро гич сохтӣ,

Дӯзахат кам буд, ки Илич сохтӣ!

Дар ин мавсим ману Мақсадулло нигине дар ангуштари ҳамкурсон будем. Ман табл менавохтаму Мақсадулло Ҷамолов чойхоначӣ буд.

«Чайханчик» масъули шакару қанду нон ҳам буд ва табиист, ки Мақсадулло ба ҳамкурсонаш андаке бештар шакару чойу нон медод. Ҳар нафаре пахта чидааст, медонад, ки ин кори Мақсадулло дар он замон пеши назари мо сахои Ҳотами Тайро ба 1 нӯл мезад!                                               

         Сарбозӣ

01.12.1984. Ману Мақсадуллову Раҳими Ашрофу Абдулҳамид Самадову Абдуҷаббор Раҳмоновро аз дохили синфхона, ба хизмати сарбозӣ, ба Армияи Советӣ бурданд. Бе облава! Ихтиёрӣ!!! Дар эшелоне, ки мо мерафтем, ҳудудан 2000 аскарбача буд. Солмандон медонанд, ки қатораи аскарбачаҳо мерафт аз Душанбе то Маскаву Ригаву Таллину Шарқи Дуру Аврупои Шимолӣ ва дар ҳар истгоҳи роҳи оҳан афсарон омадаву сарбоз интихоб мекарданду ба қисмати ҳарбии хеш мебурданд. Онҳоро «покупатель» мегуфтанд. Касе намедонист кӣ ба куҷо рафтааст. Зеро то ҷо ба ҷо шудану мактуб нигоштанҳо моҳҳо сипарӣ мешуд.

Тифоқо, пас аз 6 моҳи хизмат дар космодроми Байконур ба қисмати низомие хидматӣ-командировка рафтаму аз дур дидам, ки 1 чеҳраи басо шинос, ҷавонмарди болобаланди лоғарандоми босалобате тарафи ман меояд. Интизор истодам, ки ин чеҳраи сахт ошно кӣ бошад?

Акнун шодии маро тасаввур кунед, ки пештар омада, Мақсадуллои ҳамкурсамро дар АС, дар космодроми Байконур, ҳазорон километр дур аз Тоҷикистони азиз дидам. Мо, ки бо Раҳими қарақчиқумиву Абдуҷаббори регариву Абдулҳамиди файзободӣ мукотиба доштем, ба онҳо расонидам, ки Мақсадуллои ғончигӣ низ ҳамин ҷост.

Яъне ман бо Мақсадулло ифтихороти дӯстии шарикдарсӣ, рафоқати меҳнатӣ (пахтачинӣ) ва ҷӯрагии ҳамяроқӣ доштем. Пас кӣ бештар аз ман Мақсадуллоро мешиносад?

 Донишманд

Курси мо воқеан ҳам вораста, мукаммалу муҷаҳҳаз бо дониш ва ангуштнамои факулта будӣ. Зеро муаллимину мударрисини меҳрабону сахтгире чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ, Маҳмуд Давлатов, Абдулҳай Маҳмадаминов, Давлатбек Хоҷаев, Шаҳбоз Кабиров, Худоӣ Шарипов, Худойназар Асозода, Раҳими Мусулмониён, Ардашер Каримов, Эргаш Шоев, Муртазо Зайниддинов, Додоҷон Тоҷиев, Толиб Хаскашов, Мукаррама Қосимова, Абдуннабӣ Сатторов, Иброҳим Усмонов, Абдуҷаббор Раҳмонов, Улашбой Гулмуродов, Асадулло Саъдуллоев, Миср Эшниёзов, Ҳуснигул Талбакова, Султон Воҳидов, Қурбон Восиев ва дигарон ба мо сабақ медоданд. Табиист, ки аз чунин устодон шогирдони пурдониш мебаромад.

Дар ин миён Мақсадулло Ҷамолов ангуштнамой буд. Пурдониш, ҳамеша дар ҷустуҷӯи илмӣ қарор дошт, шеър ҳам менавишт, мақолаҳои илмӣ менигорид, вале муҳимтар аз ин роҳу усули таъсиру тарбияти вежа ба хурду бузургро кашф мекард. Ӯ боре коре кард, ки пасон аз даҳон ба даҳон то имрӯз дар факултаи филология қиссаву афсона шуда мегардад:

 1 устоде доштем (ҳадафмандона исмашро намеорам), ки каме донишкутоҳӣ дошту дарсро аз дафтари навиштааш сар набардошта, 45 дақиқа мегузашт. Бо садои занг мебаромад ва бо садои занги дигар даромада, дарсро аз ҳамон ҷои навиштааш идома медод. Дарси академикӣ он даврон 90 дақиқа будӣ. Ва рӯзе ин муаллим баргашта омаду дид, ки қулфи портфелаш маҳкам карда шудааст. Касе ин портфелро амдан маҳкам карда буд, то дониши мударрисро амалан бисанҷад. Он муаллим ним соат моро маломат мекард, ки «портфелро чаро бастед, фикр мекунед ман савод надорам ва ғ. ва ҳ.».

 Банда, ки аз ҷавонӣ каме шарру шӯру ғайрати зиёдатӣ дорам, хестаму гуфтам, «савод, ки дошта бошед, марҳамат дарсро бе лексияи навиштаатон шуруъ кунед, мо гӯш мекунем». Шарикдарсон ва он муаллим низ фикр карданд, ин манам, ки портфелро қулф бастаам. Хуллас он муаллим ҳамаи курси моро чап гирифту 25 нафар аз гурӯҳ дар рӯзи имтиҳон баҳои … АЪЛО гирифтем. Зеро мо саркаш ҳам бошем, босавод будем. Таҳсини он муаллим низ, ки новобаста аз ранҷиш, моро баҳои 5 гузошт: ҳама 25 нафарро!!!

Вале танҳо баъди 2 сол Мақсадулло гуфт, ки портфели он муаллимро ман қулф зада будам, то дигар кӯр-кӯрона лексия нахонаду бо тайёрии бештар ба дарс ояд. Ин 1 навъ тарбияти Мақсадуллои ҷавон муаллимонро будӣ, ки дигар метарсиданд бе омодагии ҷиддӣ ба курси мо дароянд. Воқеан ҳам он мударрис баъдтар доктори илм шуду яке аз чеҳраҳои дурахшони нақди адабии тоҷик.

Пас аз 35 сол…

Бо ҳамин ман соли дигар ба Донишгоҳи Санкт-Петербург рафтаму Мақсадулло баъди хатми УДТ тағйири касб карда, низомӣ шуд ва 35 сол ҳамдигариро надидем. Хушбахтона соле қабл ӯ боз дар ҷаҳони ман пайдо шудаву бо навиштани мақолоти хуби иҷтимоӣ, илмӣ, тарбиявӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ дар проекти газетаи мардумии СССР, ки бо номи «Хабарнигори Мардумӣ» роҳандозӣ шудааст, инқилобе кард. Имрӯз ноҳияи Деваштич ва деҳаи Хоҷаҳоро дар сартосари ҷумҳурӣ аксарият мешносад ва ин ҳама ба шарофати килки сеҳрофари дӯсти ҷавонӣ, шарикдарс, ҳамхизмат ва ҳамкасби муҳтарами ман Ҷамолов Мақсадуллост, ки зиндагонӣ ҳалолаш бод!

 20.09.2025. Дӯсти овони ҷавониву наврасии ман ба синни мубораки 60 солагӣ мерасанд. Боварнокарданист, ки устоди касби хеш, филологи пуртаҷруба, сарбози воқеӣ, афсари қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Мақсадулло Ҷамолов ба ин синни муборак расидааст. Зеро дар чашми ман ӯ ҳамон ҷавони болобаланди лоғарандоми пурдонишу пуртакопӯест, ки 42 сол пеш бори нахуст дида будам.

 Шасти камолот муборак дӯстам. Бидону огаҳ бош, то СССР ҳаст, туи азиз ҳамеша азизи дилу дидаи хонандаи он мемонӣ. Мо Метавонем!

Сайёфи Мизроб,

дӯсти наврасӣ, айни шубоб, солмандӣ ва … абадият

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube