Дарахте, ки шаб хоб меравад

Хобидани одамону дигар ҷонзодҳоро ку ҳама медонад, аммо хоб кардани дарахтро бо фаро расидани шаб, кам одамон, аз ҷумла худи ман ҳам бори аввал мушоҳида намудам. Соли гузашта, ба шиносе дар кори шинонидани дарахтони навъи Павлония мадад расонида, 1 дона барои санҷиш дар хона шинондам. Ҳаяҷону шодиам аз он буд, ки бо ин навъи дарахт бори аввал рӯ ба рӯ мешудам ва дар борааш маълумоте надоштам. Ба ҳар ҳол ҷуқуричае кофта, кундарешаи онро ба замин гӯр кардаму аз пайи нигоҳубинаш шудам. Бо замин забон ёфт, унс гирифт ва аз пайи сабзиш шуд. Баргҳои паҳн дошт, ки дар тару сабз буданаш гову гӯсфанд аз бӯяш худро дур мегирифт. Лекин бо хушк шуданаш, бемалол онро хоида фурӯ мебурданд.  Шояд бо хушк шудан дар офтоб бӯи бадаш нест мегардид.

Ҳамин тариқ, торафт ба боло қад мекашид ва зуд – зуд баргҳои поини онро тоза мекардам, ки бештар боло сар кашад. Субҳу шом дар қатори дигар гулу дарахтон баргҳои онро мешӯстам. Бегоҳе бинам, ҳамаи баргҳои рӯзона тарангу бовиқор сар ба поин ва ба мисли ғиҷим шуда мондаанд. Дилам ба меҳнатҳоям сӯхт, ки дарахти шинонидаам хушк гардид. Баробари субҳ чун одат ба обдиҳии гулу дарахтон шурӯъ кардам. Баргҳои бегоҳ пажмурдагаштаи павлонияро тарангу рӯ ба боло дида, дар ҳайрат шудам. Ниҳоят, баъди мушоҳидаҳо ба хулосае омадам, ки ин дарахт чун одамон шаб мехобидаасту субҳ аз хоб мехестааст.

Абдулҳамид Раҳмонов,

н. Варзоб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube