Бародари ба ҷон баробарам!

Мо 3 нафар бародарон: Холмуҳаммади 6 – сола, Қурбони 4 – сола ва Зарифи 5-моҳаи дар шиками модар тобистони соли 1944 аз навозишу меҳрубониву шафқати падари хиёнаткор маҳрум гаштем ва мардуми деҳа ба ҳарсеи мо калимаи таҳқиромезу гӯшхароши «сағира» ва ба модари ғамхору дилсӯзамон ибораи нангини «бева» – ро часпонданд.

Бесарпаноҳӣ ва зиндагии вазнину тоқатфарсо маҷбур кард, ки модарам Саидмо ҳар 4 фарзандашро (як хоҳарбузурги 8 – сола низ доштем) гирифта,аз деҳаи Кангурттути ноҳияи Кангурт моҳи майи соли 1950 ба водии Вахш, ба ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Кагановичобод (баъдтар Колхозобод, айни замон Ҷалолиддини Балхӣ) кӯч бандад.

Дар байни мо сенафарон Қурбон бо хислатҳои ширингуфторӣ, аскиягӯйӣ, ҳазлу мутоиба, ҳунару ҳунармандӣ фарқ мекард. Ӯро ҳама вақт дар иҳотаи ёру дӯстон ва шиносу мухлисонаш дидан мумкин буд. Ҳамин одати шӯхтабиату маъракаороишашро раиси хоҷагии пахтакории «Коммунизм» Устоди пахта Ниёзмуҳаммад Бегов, ки 30 соли умрашро ба роҳбарии ин хоҷагӣ бахшид, ҳурмату эҳтиром мекард ва талаб менамуд, ки дар маъракаю чорабиниҳои хоҷагӣ гули сари сабад гардад. Қурбонро ҳамасола дар арафари мавсими пахтачинӣ дар саргаҳи корвони «тиллои сафед» медидем, ки бо рақсу бозӣ қатори мошинҳои пурбори пахтаро то пункти қабул гусел менамуд.

Ҳамин бародарам нигоҳҳои маъюсонаю аламангези бесарпаноҳиамро ҳис карда, кӯшиш менамуд, ки дар зиндагӣ ба муҳтоҷие гирифтор нашавам. Дар синфи чорум мехондам, ки ба ман дучарха харида дод. Ҳине, ки ба синфи ҳаштум гузаштам, соати дастӣ туҳфа намуд.

Соли 1964 аз хизмати ҳарбӣ, аз қалъаи қаҳрамони Брест баргашта дид, ки ман дар деҳаи дурдасти хоҷагии ҳамсоя ба сифати омӯзгор заҳмат мекашам ва барои сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудан мотосикл харид.

Баъди бо сарбаландӣ аз хизмати Ватан баргаштан ба ташкилоти сохтмонӣ ба кор даромада, нахуст барои модарам хонаи замонавӣ сохт.  Баъдан барои худ ва соле пас барои ман ва дар охир барои акааш Холмуҳаммад бинои истиқоматӣ бунёд кард ва ҳамин тариқ, мо аз кулбаҳои хоку гилин раҳо ёфтем.

Бо гузашти айём касби ронандагиро аз худ карда, соҳиби мошини боркаш гардид ва бе миннат ва бо эҳтиром эҳтиёҷоти мардуми деҳаро ба субут мерасонд. Ҳар субҳи содиқ пушти дараш корафтодае ҳозир буд ва иҷрои хоҳиши ҳар шахсро қарзи инсонии худ мешуморид.

Варзишро беҳад дӯст медошт. Махсусан, бозии волейболро. Аз ҳисоби ҷавонони болаёқат дастаи волейболбозонро ташкил дода, соли 1970 дар мусобиқаи хоҷагиҳои ноҳиявӣ ҷойи якумро гирифта, ба колхози дӯстдоштааш кубок овард.

Дастаашро бо мошин савор карда, барои гузаронидани вохӯриҳои шавқовар ба мактабҳои хоҷагии ҳамсоя ва ҳатто ба шаҳри Қӯрғонтеппа (айни ҳол Бохтар) бо дастаҳои волейболбозони омӯзишгоҳҳои касбӣ – ҳунарии рақами 9, 13 ва ҳатто омӯзишгоҳи энергетикӣ мебурд.

Шуғли дӯстдоштаи иловагӣ низ дошт. Дар ҳавлии зебою барҳавояш мизи сақобозӣ гузошта буд, ки ҳар бегоҳии рӯзҳои якшанбе ихлосмандони зиёде ба ин бозии ҳаяҷонбарангезро дидан мумкин буд.

Меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ ва қобилияти ташкилотчигиашро ба назар гирифта, аз байни мо 3 нафар маҳз ӯро ба сафи ҳизби коммунистӣ сазовор донистанд.

Инак, анқариб 40 сол аст, ки аз меҳрубонии падаронаи бародари ба ҷон баробарам маҳрум мебошам. Маро фақат хотираҳои некаш тасалло медиҳад. Ва ҳар боре ба деҳа равам, мардуми меҳмоннавози маҳаллаи Асадулло бо меҳр дар бораи хислатҳои некаш сухан мегӯянд. Аз хушгуфторию ҳунармандиаш, аз ташкилотчигии соҳаи варзишиаш ёд мекунанд, ки ин барои ман мояи ифтихору сарбаландист.

Ёдат ба хайр, бародари ба ҷон баробарам!

Зариф ҒУЛОМ,

Адиб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube