Ҳар падару модар орзуи онро дорад, ки фарзандонаш, насли ҷавонаш боиси ифтихору сарбаландиаш бошад.
Мардуми Шарқ, аз ҷумла, мо, тоҷикон дар замонҳои шӯравӣ бо одобу ахлоқи неки худ дар байни 15 ҷумҳурии дигар маълуму машҳур ва соҳибэҳтиром будем. Мутаассифона, бо арзи вуҷуд намудани Интернету телефонҳои мобилӣ, пахши навору филмҳои фаҳшу даҳшат ин дастоварди садсолаҳо ба даст омада аз байн рафт. Ин ҳолатро ҳамарӯза дар роҳу рӯ, нақлиёти ҷамъиятӣ, кӯчаю бозорҳо мушоҳида карда, кас ғамгин мешавад. Аз забони аксари ҷавонон ба ҷуз ҳақорату дашном, носазогӯӣ дигар ҳарфи хубе шунидан мумкин нест. Ҳатто аз одамони калонсол. Занону модарон ва хоҳарони ҳузурдошта шарм ҳам намекунанд. Маълум мешавад, ки дар хонаҳояшон ҳам чунин муносибату рафтор доранду дар назди модарону хоҳарон низ аз қабеҳгӯӣ истиҳола намекунанд. Бадтар аз ин, кам ҳам бошад, ҳастанд духтаракони ҷавоне, ки дар ин масир аз он ҷавонони беодоб ҳеҷ монданӣ надоранд. Ҳадди касе, ки ба онҳо эрод гирад. Ҳамон замон малахвор бо рафиқони худаш ба ҳуҷум мегузаранд, ки эродгиранда аз карда пушаймон мешавад. Бо ин косташавии ахлоқи ҷомеа то куҷоҳо рафта мерасида бошем?
Комил Сафаров,
ш. Ваҳдат
