Падарам ба фарде нигаранд ӯ дидаашро мегурезонд. Аз гапи нодуруст зуд қаҳрашон меомад. Дурӯғ, ҳазли беҳуда, бадгӯӣ, аз қафои шахсе сухан гуфтанро беҳад бад медиданд. Аз чунин суханҳо дар ғазаб мегаштанд. Агар дар шаъни касе сухани росту амали ӯро ҳаққонӣ ва камбудиашро фошо-фош бигӯед, шод мешуданд, гул-гул мешукуфтанд. Ин рафтору амалро он кас аз мо 6 нафар фарзандонашон, 3 писару 3 духтар (Хосият, Айюб, Алӣ, Муҳаммадӣ, Ризвон ва Марям) талаби доимӣ карда меистоданд. Ҳамин сахтгирии падарам буд, ки дар байни мо шахси дурӯғгӯ, найрангбоз, фиребгар, ғаммоз ва дигар хислатҳои бадӣ инсониро пайдо кардан ғайриимкон аст.
-Падарат девкор буданд,- мегуфтанд шодравон Файзуллоҳи оҳангар. Бо кор кардан ҳаргиз монда намешуданд. Бинобар ин баъзе шогирдонашон мегурехтанд.
Банда боре ҳуҷҷатҳое, ки дар рӯймолчае баста шуда буд, пайдо кардам. Аз дохили он расми андозаи 3х4-ро ёфта, аз модарам пурсидам:
– Ин расми кист?!
– Падарат-дия!- гуфтанд.
Ба расм зеҳн мондам: Фарбеҳ ва мӯйлаби ғафс доштанд.
– Рустам паҳлавон барин будаанд-дия!-гуфтам.
– Ҳа, падарат дар миёнсолиашон марди пурраю фарбеҳ, бедард буданд, -гуфт модарам – таъсири ҷанг буд, ки чанд сол ба дард печида, беморхонаҳоро ба қавле охурча карданд.
Оҳангар
Касби падарам авлодӣ аст. Бобоям Ҷумъа низ оҳангар будаанд. Вақте бобоям вафот карданд, фарзанди калонӣ, ки падарам будаанд, барои зиндагиро пеш бурдан аз синни 12-солагӣ ҳамин касбро омӯхта, ним аср идома додаанд. Очам Ҳоҷарой мегуфтанд, ки падарат дар зиндагӣ азиятҳои бисёреро аз сар гузаронидааст. Ҷавони наврас барои қутти лоямут пайдо кардан то ба деҳаҳои ҷамоати деҳоти Нофароҷ (ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд) рафта меомад.
– 1 хари калони боқувват доштанд. Бо он мерафтанду бар ивази касбашон аз он ҷойҳо гандум меоварданд. 1 сандуқи калон доштем, ки аз 1 тонна зиёд гандумро мебурд, оварда захира менамуданд.
Рӯзи душанбе падарам истироҳат мекарданд. Барои сӯҳбат кардан ба чойхонаи гузар мебаромаданд. Маракае карданӣ шавем доимо сертараддуд мешуданд. Зудтар оростани дастурхонро аз аҳли хонавода таъкид карда меистоданд, то ки дар хиҷолат нашаванд. Оҳангар бошанд ҳам ба дигар касбу кор ақлашон мерасид. Ба устоҳои дуредгар ва таҳкурсии хонасоз ин тавр куну он тавр кунед, мегуфтанд, ки ба манфиати кор буд. Ба ҳозира устоҳо гап зану бин!!!
Фарзанддӯст
Падарам аҳли байт, бахусус мо фарзандонро дӯст медоштанд. Вақте додарам Айюб дар Москва хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меовард, бо рафиқашон Шукур-амак (падари Зуҳур-ҳамхизмати додарам) ба дидани онҳо мераванд. Чанд рӯз истода, ҷавононро дида, бо хотири ҷамъ бармегарданд. Бандаро падарам барои дуюмбора ба мактаби олӣ рафтан (соли 1969) ба Душанбе бурданд. Ба додарам Муҳаммадӣ нақлиёти сабукрави “Москвич” (с. 1982) гирифта доданд, ба рӯзгор зарур мешавад, гуфта. Ба духтарҳояшон меҳрубон буданд, чизи гуфтаашонро оварда медоданд. Ба мо фарзандон ширингуфторӣ низ мекарданд.
Соли падарам мурғ буд. Ба соли мелодӣ 1910 мешавад. Дар баъзе ҳуҷҷатҳо соли 1904 зикр шудааст. Падарам ба синни худ нигоҳ накарда, кор мекарданд. Мо мегуфтем:
-Падар, корро акнун бас кунед, мардум гап мезананд, фарзандҳои калон дорад, ҳоло ҳам кор мекунад, мегӯянд.
-Шумо ба ман кордор набошед! Худо гуфтааст, ки то ҷон дар рамақ дорӣ, меҳнат карда нон бихӯр! Бинобар монед, ман кор карда гардам,-мегуфтанд.
Ҳамин тавр дӯкони оҳангариро дар Ховос вайрон карда, моҳи ноябри соли 1978 падарамро овардем. Баъде, ки овардем, падарро ношод дидем, сахт пушаймон шудем, ки чаро ин тавр кардем?
Бесаводи пурдониш
Падарам усто Бароти оҳангар савод надоштанд. Лекин аҳли илму динро бисёр ҳурмат мекарданд. Мегуфтанд, ки хешҳои дурашон ба монанди шоир Ноил Шерзода аҳли илм будаанд. Намозашон канда набуд. Бо Худо ҳамеша муноҷот мекарданд. Ризқу рӯзии ҳалолро талаб мекарданд.
Нимаҳои соли 1981 барои бародарам Айюб хона харидем. Барои дигаргунии он чанд чӯбҳои калонро барои буридан (пилорама) бурдааст. Банохост дар вақти бардоштан миёни додарам “ҷиззӣ” кардааст. Ба бисёр духтурону табибони халқӣ муроҷиат кардем, вале натиҷае набахшид ва оқибат 8 сентябри соли 1982 ӯ фавтид. Додарам Айюб идомадиҳандаи касби падарам буд. Падарам сахт нола мекарданд, ки “ман зиндаву ту дар хоки хунук хобидаӣ!”. Ғами додарам он касро аз пой афтонд. 8 октябри соли 1983 баъди 1 солу 1 моҳи додарам дунёро падруд гуфтанд. Баъди падарам модарам (10.02.1992) ва хоҳари 35 солаам Марям (14.10.1992), 26 июни соли 2009 хоҳари калониам Хосият фавтиданд.
Зиндагӣ идома дошт. Лекин кору фаъолият, хислатҳои хуби падарам ҳаргиз аз пеши назар намераванд. Мо аз падар розӣ будем. Ҷояшон ҷаннат бод!
Чӣ маҳбубӣ, чӣ ҷононӣ, падарҷон!
Гулӣ, ишқӣ, дилӣ, ҷонӣ, падарҷон.
Ба чашми ман зи ҳар чизе, ки гӯянд;
– Чӣ хуб аст ин! -беҳ аз онӣ падарҷон.
Алӣ Бароти Истаравшанӣ
13-07-2025
