Фасле чанд аз рӯзгори ҷанговар ва заҳматкаши некном Камолиддин Фахриев
Чун коғази солхурда афсурда шудем,
Бишкуфта ба бахти халқ, пажмурда шудем.
Якчанд чу санги осиё чарх задем,
То мардумӣ нон хуранд, мо хурда шудем.
Устод Лоиқ Шералӣ
Дар Ворух субҳ медамид. Хуршеди файзбор аз паси қуллаи кӯҳи Зардолак баромада, нурҳои зарҳалии худро ба чор тараф паҳн мекард. Ҳусни деҳа ранги дигар мегирифт. Бахусус, баргҳои дар тирамоҳ тиллоигаштаи зардолузорон бо вазидани насими субҳгоҳӣ ба ҷилва омада, дилработар мегаштанд.
Амаки Камолиддин дида аз боғ намеканд. Хотираҳо бедор мешуданду лаҳзаҳои ширини ҳаёт як – як дар пеши назараш ба ҷилва меомаданд.
«Дирӯзакак буд, ки ба ин дашти санглоху беоб, бегияҳу бетароват об бароварда, ниҳол шинонида будем. Ҳоло он ниҳолҳо дарахтони барқад шуда, шохаҳои худро ба чор тараф паҳну хам намудаанд. Баъзеашон ҳатто чун мо, одамҳо пиру хамида шудаанд…».
Ин андешаҳо ӯро ба дури дур, ба солҳои бачагиву ҷавонӣ мебурд. Вай меҳнату заҳматҳо, азму талошҳои худ ва ҳамсолонашро дар саҳро, дар азхудкунии даштҳои ҷигарбирёни ин минтақа, ки имрӯз мардум онро Меҳнатобод меноманд, ба ёд меовард.
«Чӣ қадар инсонҳо, дӯстону пайвандонам дунёро тарк намудаанд. Афсӯс, кори неку заҳмату талошҳои онҳоро имрӯз бархе, ҳатто фарзандонашон аз ёд фаромӯш кардаанд. Ба қадри меҳнати онҳо намерасанд», меандешад ӯ.
Вале боз дар чеҳраи аз нури офтоб сӯхта ва пурожангаш табассуми малеҳе пайдо мешавад.
«Тақдиру қисмат ва таъбири олам аз азал чунин будааст: инсоне, ки ба маснаду мақомаш сазовор ва амалзояш нек аст, ҳаргиз аз ёдҳо ва қалбҳо намеравад. Рӯзе чашмае хушк шавад, ба қадри об мерасанд», – худро тасаллӣ медиҳад Камолиддин.
Падараш Фахрибой Маҳмудов маълумоти олӣ надошт. Дар хоҷагӣ деҳқони оддӣ шуда кор мекарду гоҳ – гоҳ қассобӣ. Ҳамнишини одамони босавод ва тақводор буд. Аз зар сӯҳбат барои худ панде мегирифт ва ба фарзандонаш талқин мекард: танҳо инсони бузург метавонад, соҳиби муваффақиятҳои бузург шавад. Барои ин бояд илму ҳунар омӯхт, босабру пуртоқат бояд буд, то дар зиндагӣ комёб гардӣ.
Бо раҳнамоии падар хонандаи мактаби навташкили деҳа гардид. Дар он давра, яъне солҳои 30 – уми асри гузашта дар Ворух аввалин мактабҳо ва курсҳои маҳви бесаводӣ ташкил мешуданд. Дар баробари таҳсил ба корҳои саҳро машғул гардида, ба падару модараш ёрӣ мерасонд.
Соли 1941 буду бо падараш дар дашти Меҳнатобод гандум медаравид. Ҳамсояашон амаки Маҳкам-бобо падарашро ҷеғ зад:
– Фахрибой, биёед рафтем, дар идора маҷлис мешудааст, – гуфт ӯ.
– Дар нимаи рӯз ҳам маҷлис-мӣ, ҳамсоя? – пурсид нимшухиву нимҷиддӣ Фахрибой.
– Аз район намоянда омадааст. Мегӯянд, ки Германия ба мамлакати мо имшаб ҳуҷум кардагӣ…
– Ҷанг сар шуд гӯед. Бо давлати мо бозӣ кардааст-дия! Дар ду рӯз душманро торумор мекунем…
Ин гуфтугӯро Камолиддин шуниду аз падараш пурсид:
– Наход ҷанг сар шуда бошад, дадо?
– Хайр, мо рафтем, ту то бегоҳ гандумро дарав карда шаву баъд хона биё.
Падараш доси дар дасташ бударо ба тани дарахти бед заду ҷомаашро аз хоку каҳ афшонд ва бо Маҳкам-бобо ба сӯи маркази деҳа роҳ пеш гирифтанд…
«Одатан ғалабаро аскарон ба даст меоранд, аммо обрӯву давлату сарватро генералҳо».
Бонапарт Наполеон
Камолиддин ҷавони қоматбаланд буд, дасту бозӯи рустамона дошт.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг мехост, ба фронт раваду душмани лаинро саркӯб созад.
Ниҳоят 6 июни соли 1942 ба ҳаждаҳсолагӣ расиду ба идораи ҷамоат омада, ариза навишт.
– Офарин, писарам! Бачаи бошуҷоату матин менамоӣ. Аризаатро қабул кардем. Рӯзҳои наздик ҳатман ба аскарӣ меравӣ, – гуфт як марди миёнақади айнакдор, ки дар тан либоси ҳарбӣ дошт.
Ӯ бо як ифтихор аз идораи хоҷагӣ берун баромаду ҳиссиёти аҷибе вуҷудашро фаро гирифта буд. Баланд – баланд қадамзанон ба ҳавлиашон омад.
– Модарҷон, анҷомҳои маро тайёр кунед. Аризаи маро қабул карданд. Ман рӯзҳои наздик ба ҷанг меравам! – гуфт ба модараш, ки дар сояи дарахти себ ба дӯхтани курпаву болишт банд буд.
Бо гузашти ду моҳ, аввалҳои моҳи сентябр Камолиддин дуои падару модарро гирифту бо ифтихори баланд, ҳамроҳи чанд ҷавони ҳамдеҳааш ба сӯи майдони набард раҳсипор гардид.
Давраи тайёрӣ ва омодабошии ҷангиро бо муваффақият ва сари баланд гузаронида, аз асрори ҳарбӣ ва истифодаи яроқу аслиҳа огаҳӣ пайдо кард. Аввалин маротиба дар муҳорибаи шаҳри қаҳрамони Тула иштирок карда, ҷасорату матонати қавӣ нишон дод ва ӯро командири дастаи ҷанговарон дар полки 56-и савора (кавалерия) таъин намуданд.
Роҳи ҷангии Камолиддин Фахриев хеле доманфарох ва гуногунҷабҳа буд. Ӯ дар ҳайати қисмҳои ҳарбии савора ва тирандозӣ хизмат намуда, бо далериву устуворӣ, маҳорату матонат ва ҷасуриву нотарсиаш дар байни ҷанговарон ном бароварда буд. Маҳорату малакаи баланди ҷангиашро дар майдони ҳарбу зарб ба эътибор гирифта, ӯро ба армияи ҳафтуми гвардияи савораи казакҳои Дон мефиристанд. Артиши мазкур шӯҳрату номи баланд дошт ва Камолиддин ифтихор мекард, ки дар ҳайати он бо намояндагони халқиятҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ меҷангад ва саҳми худро дар шикаст додани душмани ғаддор мегузорад.
Аз казакҳо немисҳо сахт метарсиданд. Ба ҷасуриву қавииродагии онҳо ҳатто Бонапарт Наполеон қоил шуда, боре гуфта буд: «Агар лашкари ман аз казакҳо иборат мебуд, ман тамоми ҷаҳонро аз худ мекардам».
Камолиддин дар ҷанг худро ба ақиб намекашид. Фақат дар сафи пеш буд. Ҷанговароне ҳам ёфт мешуданд, ки худро аз сафи пеши муҳорибаҳо канор гирифта, фориғболӣ мекарданд. Тарс аз душман доштанду аз ҷон бохтан. Ӯ чунин афроди буздилу тарсуро намеписандид, бад медид.
– Майдони ҷанг чунин рафтору кирдорро намепарастад. Ин пастфитратии онҳое мебошад, ки ба ҳеҷ ченаки одамӣ ва ватандорӣ андоза карда намешавад. Ин тоифа бадтар аз душман ҳастанд. Ҷон додан барои Ватан қаҳрамонист! – мегуфт ба ҳамяроқонаш.
Боре, дар ҳолате, ки аҳли ротаашон дар истироҳат буд, разведка хабар медиҳад, ки душман аз самти ҷангал ба ҳуҷум гузашта истодааст. Ин хабар ногаҳонӣ буд ва ҳама афсарону сарбозон аз ҷой бархоста, ба муқовимати душман омодагӣ медиданд. Чанд тан май ҳам нӯшида буданд. Чун душман наздик омад, садои баланди командири рота «К бою!» баланд шуд. Аммо ин дам як сарбози маст «Ба ман халал нарасонед, ман истироҳат карда истодаам» гӯён доду фиғон бардошт. Ҳатто гапи командирро, ки «Ором шав, немисҳо ин ҷо буданамонро мефаҳманд» мегуфт, гӯш намекард. Командир ба тарафи ӯ ҷаҳида рафту ҳуҷҷаташро гирифт ва аз пешониаш парронд. Баъд аз ин рота ба ҳуҷум гузашт…
Камолиддин Фахриев дар муҳорибаҳои назди Москва, Тула, Днепр, озодкунии Ленинград ва Варшава (Полша) иштирок намудааст.
Ба фарзандон аз ин муҳорибаҳо қиссаҳои зиёд мегуфт. Чун сарбози содиқи Ватан ифтихор дошт, ки дар муҳорибаҳои шадиди назди дарёҳои Висла ва Элба душманро торумор намуда, зафар ёфтааст.
Ҳамзамон, ҳамеша хотираи неки садҳо ҳамяроқашро, ки дар майдони ҷанг қаҳрамонона ҷон бохта буданд, пос дошта, аз онҳо ёдоварӣ менамуд.
Дар мулоқотҳояш порчаҳои достони «Суруши Сталинград» – и Мӯъмин Қаноат ва «Ҳамосаи бародарӣ» -и Лоиқ Шералиро вирди забон меовард.
Аз бародариву дӯстии халқу миллатҳо, аз дастгириву мадади ҳамдигарӣ, аз ҷони худро дареғ надоштани ҳамяроқон барои ҳамдигар суханони пурмеҳру самимӣ мегуфт.
Бовар надорӣ гар ту ёрию ҳамсариро,
Даврони дӯстиву даври баробариро.
Бингар ба хоки кишвар гӯри бародариро –
З-он пас бидонӣ мо чун ҳамному ҳамнишонем,
Ҳамдостону ҳамдил, ёру бародаронем!
«Ҳамосаи бародарӣ»
Камолиддин дар фронт дӯстони зиёде, ба қавли Лоиқи бузург «ҳамдостону ҳамдил, ёру бародарон» – е пайдо кард, ки то лаҳзаҳои охири умраш бо аксари онҳо робита дошт.
Ҳамроҳи ӯ чанд тан аз Тоҷикистон ҳам хизмат мекарданд. Яке аз онҳо Ҳусниддин Баҳодуров ном дошт, ки аслан сокини шаҳри Душанбе буд. Боре бо ҳамяроқаш аз назди манзилҳои наздисоҳилии дарёи Элба, наздикии шаҳри Дрезден мегузашт, ки аз таҳхонаи бино садое баромад. Ӯ эҳсос кард, ки дар он ҷо касе ҳаст. Оҳиста дари таҳхонаро кушод ва ҳамяроқаш дар даст автомат ба дарун даромад. Аз дидани манзараи дохили он ҳарду дар ҳайрат монданд. Дар таҳхона 10 – 12 духтару писарбачаи пойлуч болои қуттиҳои холии тиру лавозимоти ҷангӣ нишаста, дар ҳамон сардиву намӣ ва торикӣ дарс мехонданд. Мӯйсафеде ба онҳо сабақ меомӯзонд ва ҳатто даромадани онҳоро пайхас накарда, дарси худро идома медод. Вуҷуди писару духтарчаҳоро тарсу ҳарос фаро гирифта буду имдодхоҳона сӯи онҳо менигаристанд. Бачаҳоро то манзилашон гусел карданду мӯйсафедро ба қисми ҳарбӣ оварданд, то аз ӯ маълумоте гиранд. Баъдтар маълум гардид, ки он марди пир коммунист ва мухолифи гитлерчиён будааст.
Камолиддин ин воқеаро борҳо ба фарзандону набераҳояш нақл намудааст, то ки барояшон дар ҷодаи илму дониш омӯхтан дарси ибрат гардад.
«Лашкари гӯсфандон, ки шер роҳбарӣ мекунад, ғолиб меояд, аммо лашкари шерҳо, ки сарвараш гӯсфанд аст, ҳеҷ гоҳ ғолиб намеояд».
Бонапарт Наполеон
Немисҳо шармандавор шикаст хӯрданду созишномаи таслимро бегоҳии 8 майи соли 1945 дар шаҳраки Карлсхорт аз ҷониби Олмон, сардори Сарфармондеҳии олӣ, генерал-фелдмаршал Вилгелм Кейтел, генерал-полковник Штумпф ва адмирал фон Фридебург, аз ҷониби СССР маршал Жуков ва аз ҷониби иттифоқчиён маршали англис Теддер имзо намуданд. Хабари хушро Камолиддин Фахриев бо ҳамяроқонаш дар соҳили Элба шунида, басо хурсандӣ карданд. Рӯзи шодиву нишот, рӯзи Ғалабаи бузург бар фашизм, ки хунхортарин ва бераҳмтарин режим дар таърихи инсоният арзёбӣ мегардад, фаро расида буд.
Рӯзи 9 май, дар ҷашни иди Ғалаба сержанти гвардия Камолиддин Фахриев сару либоси нави ҳарбӣ пӯшид ва нишонҳои қаҳрамониашро ба бар овехт. Ӯ дар давоми ҷанг бо ордени «Ҷанги Ватанӣ, дараҷаи 2», медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои озодкунии Варшава», «Барои озодкунии Берлин», «Барои Ғалаба бар Германия», раҳматномаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи СССР ва даҳҳо нишонҳои ҷангии дигар сарфароз гардида буд. Акнун бо сари баланду рӯи сурх интизори баргаштан ба диёри зебоманзару офтобӣ – Тоҷикистони азизаш, ба назди падару модар ва пайвандонаш буд. Ва ин рӯзи неку босаодат соли 1947 ба ӯ муяссар гардид.
Ба зодгоҳаш – деҳаи баландкӯҳи Ворух омаду фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси бригадир дар сохтмони купрӯки Тангӣ, ки даромадгоҳи деҳа маҳсуб меёфт, оғоз намуд. Пас, бо роҳхат барои таҳсил дар мактаби тайёркунии кадрҳои роҳбарӣ ба шаҳри Душанбе омада, онро соли 1949 бо ихтисоси агроном бо муваффақият хатм менамояд. Худи ҳамин сол дар вазъияти тантанавӣ узви ҳизб интихоб мегардад.
Камолиддин Фахриевро раиси хоҷагии ба номи Кагановичи деҳаи Ворух интихоб менамоянд. Баъдтар маҳорату кордонӣ ва дониши баланди сиёсии ӯро ба эътибор гирифта, ба маркази ноҳияи Исфара ба кор даъват менамоянд ва ӯ солҳои 1954-1956 ба ҳайси инструктори кумитаи ноҳиявии ҳизб фаъолият менамояд.
Баъдан боз ба зодгоҳаш – деҳаи Ворух баргашта, дар вазифаҳои муовини раиси хоҷагии «Правда», котиби кумитаи ҳизбии хоҷагӣ фаъолияташро идома медиҳад. Соли 1973 Камолиддин Фахриев раиси кумиҷроияи Шӯрои деҳоти Ворух интихоб гардида, дар ободиву пешрафти ин деҳаи дурдаст саҳм мегузорад.
Он вақтҳо дар деҳа ҳамагӣ 8-10 ҳазор нафар сокинон зиндагӣ доштанд. Мардумро пайваста ба ободкориву созандагӣ даъват мекард. Сухани бисёр намегуфт, аз гап дида амалро авло медонист. Бекориро бад медид. Худ ташаббус нишон дода, дар бунёди иншооти иҷтимоии деҳот ва ҳатто, дар ҳашари хонасозии сокинон ширкат меварзид. Корҳои вазнинро ба дӯш мегирифт, то дигарон ба кор дилгарм шаванд.
Боре ба ҳашари бунёди хонаи ҳамсояаш меояд. Чӯби болори хонаро, ки усто кандакорӣ карда буду 5 метр дарозӣ дошт, бо ҳамрозии ҷавонмарде бардоштане мешаванд. Ҷавонмардро намегузорад, ки тарафи ғафсу вазнини чӯбро ба даст гирад.
-Ман аз ин тараф мегирам, шумо аз вай тараф…
Хислатҳои нек дошт амаки Камолиддин. Оини ҷавонмардиву дӯстиро пос медошт. Ба манзилаш, ки дар маркази деҳа воқеъ гардида буд, аз дуру наздик ҳар рӯз меҳмоне меомад…
Яке аз аввалин раисони кумиҷроияи Шӯрои деҳоти Ворух Фозилбек Худоёров ҳар субҳ, вақти аз маҳаллаи дурдасти Сари дашт ба кор омадан ҳатман ба хонааш медаромад. Ҳарду дӯстони хеле қарин буданд. Назди оташдони бобоӣ курпача партофа, менишастанд. Суҳбаташон чун алови оташдон метасфид ва баҳри ободии деҳа нақшаҳо тарҳрезӣ мешуданд.
Бо ҳамяроқону ҳаммаслаконаш Абдуҳалим Ҳакимов, Носир Бобоев, Суннатбой Исматов, Комил Каримов, Абдураззоқ Раҳимов, Улмас Бобоев, Амирбобо Маҳкамов, Абдуғафур Шокиров, Бобоназир Азизов, Абдусамад Шомирсаидов, Абдусаттор Ҷӯраев ва бисёр дигарон дӯсти ҷонӣ буду то охири умр бо онҳо меҳру садоқат дошт.
Дилу нияти пок дошт.
– Ба ман инсонҳое, ки гуноҳи дигаронро бахшида наметавонанд, маъқул нестанд. Ин тоифа ботини торик доранд, бадкинаанд, – мегуфт ҳар замон.
Ба пиндори ӯ дӯстӣ мӯҷиби ҳалли масъалаҳо мегардаду нифоқу бадтинатӣ боиси ранҷу азоб ва пастравӣ дар ҳар кор…
Бовар дошт ба дӯстону ҳаммаслакон ва ҳамкоронаш! Ҳатто фарзандонро эҳтиром мекарду дар ҳар кор фикри онҳоро ба инобат мегирифт. Тарбияи дуруст ва раҳнамоиву ғамхориҳояш буданд, ки фарзандонаш дар зиндагӣ мақому мартабаи шоистаро соҳиб гардиданд. Ҳар яке аз онҳо мисли падар ғамхоранду хоксор, боиродату бомасъулият. Лумониддин Камолиддинов – ходими ҳизбиву ҷамъиятӣ, журналисти номдор, солиёни зиёд ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаҳои «Насими Исфара», «Эътиқод» ва «Саломат бошед!» ва намояндаи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият дошт ва ин рисолатро то имрӯз идома мебахшад. Фарзандони дигар Оромиддин Камолиддинов иқтисодчии хоҷагии «Ворух», Фахрибой ва Таърифахон – кишоварз, Султониддин ронанда ва Суҳайлиддин омӯзгор мебошанд.
Соли 1984 ба нафақа баромад, вале фаъолияташро дар хоҷагӣ идома дод. Чун депутати Шӯрои деҳа дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард. Барои фаъолияти пурсамар дар корҳои хоҷагӣ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, нишону ифтихорномаҳои мақомоти давлатӣ ва ҳизбиву соҳавӣ сарфароз гардид.
Моҳи феврали соли 2012 дар синни 88 солагӣ дунёро тарк гуфт ва аз худ ному мероси нек, амали хайр гузошт.
Қаҳрамониаш, достони зафармандии ӯ ва ҳазорон тоҷикписарон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ то ҷаҳон ва одамият ҳаст, арҷгузорӣ мегардаду ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.
Зеро,
Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки ҷузъ накӯии аҳли карам нахоҳад монд…
Мухтори Абдулло, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон
