Вақте ки дил ҷӯш мезанад

Аз СССР: Дар давони раиси н. Данғара будани Маҳмадулло Сайдалиев, дарҳои Данғара ҳамеша ба рӯи журналистон, зиёиён, адибону санъаткорон боз буд. Ҳар боре, ки мо-кормандони газетаи мардумии СССР аз ин ноҳия убур мекардем, ҳатман занг мезадему бо шӯхӣ мегуфтем, “мумкин аст бекигарии Шуморо убур кунем?”. Бо ханда мегуфт, “ҳаргиз мумкин нест, то андози чой насупоред”. Андози чой ин буд, ки ҳатман моро бо 1 пиёла чой дар дилхоҳ нуқтаи ноҳия зиёфат медоду суҳбатҳо мекардем. Воқеан ҳам барои дигар раисони шаҳру навоҳии кишвар ин рафтори Маҳмадулло-ако дарси ибрат бояд гардад. Ҳамин бархӯрди ҳасана буд, ки мо ҳаргиз раисро фаромӯш намекунем. Мо Метавонем!

Сайдалиев Маҳмадулло соли 1954 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Хатмкардаи Инсититути политехникии ш. Душанбе. Аз соли 1976 корро дар Колоннаи сайёри механиконидашуда сар карда, то ба вазифаҳои Сардори ширкат, Директори “Данғарадеҳсохтмон” кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 2001 то нафақа баромаданаш вазифаи раиси ноҳияи Данғараро ба ӯҳда дошт. Мавсуф на унвони илмие дораду на кашфиёту ихтирое. Аммо давоми 20 соли расо дар доираи тавону фаҳмиши дошта корҳоеро анҷом додааст, ки зиёд унвондорон нисфи онро анҷом надодаанд. 

М. Сайдалиев Вакили Маҷлиси вакилони ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон, аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ, Дорандаи ордени “Дӯстӣ”, роҳбари хеле дурандеш, ташаббускор, тартибу интизоми меҳнатиро ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва кафили пешравиҳо меҳисобад.

 Давраи роҳбариаш ҳам ба солҳои ноорому душвори 90 – уми асри гузашта, рост омад. Вазъу шароиту имконияти хуби корӣ фароҳам набуд. На ҳама роҳбарони сатҳи болою поин ба ин ҳама имтиҳонҳои сахт тоб меоварданд. Кору вазифаро бас карда, мерафтанд. Шуғлҳое меҷустанд, ки асосан ба беҳтар намудани вазъи иқтисодии шахсии худашон нигаронида шуда буд. Аз Марказ, умуман, аз ҳеҷ ҷое ёрию дастгириро интизор шудан мумкин набуд. Фақат ба донишу таҷрибаи дошта худ ва мардум такя кардан лозим меомад.

 Мактаби сарвари давлат

Барои қаҳрамони мо ҳам осон набуд. Баъзан дилмонда, ноумед, руҳафтода мегардид. Вале худро ба даст гирифта, ба хотири беҳбудии зиндагии мардум, беҳтаршавии вазъи иқтисодию иҷтимоии халқи ҷумҳурӣ, барои боварии Сарвари давлат, ки ӯро роҳбар таъин намудааст, он ҳама ҳолатҳои ногуворро бартараф мекарду бо азму қувваи даҳчанд боз вориди майдони муборизаи зиндагӣ мешуд. Ӯ воқеан ҳам яке аз шогирдони №1 дар Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар он солҳо буд…

Дар он айём дар ҳақиқат кору ташвишҳои Роҳбарияти давлату ҳукумат аз мӯи сар зиёд буд. Роҳбари давлат бо мухолифин зуд – зуд дар вохӯрию мулоқот гашта, масъалаи сулҳу суботро ҳаллу фасл менамуд. Гурезаҳои зиёдеро аз Афғонистан бармегардонд. Онҳоро дар кори барқарор намудани хонаю деҳаҳои валангоршудаашон ҳидоят менамуду ба кори созанда ҷалб.

Аз ин ҷо бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти замин сар шуд. Заминро бошад, бо техника ҳосилхез гардондан мумкин аст. Бо ин мақсад колхозу совхозҳо барҳам дода шуда, техникаю таҷҳизоти ками мавҷуда ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим гардид. Бо суистифода аз фурсати муносиб шахсони сарватманд, чаққонӣ карда, техникаю таҷҳизоти камчинро бо нархи пасттарин харидорӣ намудаю соҳиб мешуданд. Дар натиҷа солҳои аввал бениҳоят кор кардан душвор буд. Қариб, ки ҳама корҳо дастӣ анҷом меёфтанд. Бо ҳамон усули бобоӣ, мардум гандум, ҷав, зағир, нахӯд кошта, пухта расонда, бо доси дастӣ дарав ва рӯи асфалти роҳи мошингард паҳн менамуданд. То мошине аз болояш гузараду донаҳоро аз хӯшаҳо ҷудо намояд. Бо таҷҳизоти худсохти барқӣ ҳосилро ҷамъ мекарданд. Ягона бартарӣ он айём набудани маҳдудияти барқ ва арзонии он буд. Хато нашавад, арзиши 1 – киловат барқ ҳамагӣ 1 дирамро ташкил мекард. Дар ҳар як деҳа мардум 3 – 4 гандумкӯбаки худсохти барқро истифода бурда, ба таври шабонарӯзи кор мекарданд.

Реформатори соҳаи кишоварзӣ

Таъсиси наздики 95 % хоҷагиҳои деҳқонӣ ба роҳбарии ӯ дар ноҳия рост меояд. Маҳз дар давраи роҳбарии қаҳрамони мо дар 1 сол 2 маротиба кишт кардани картошка ба роҳ монда шуд. Ҳамеша дар талоши он буд, ки тавассути ташкил ва гузаронидани маҷлису семинарҳо, ҷалби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ. маслиҳату тавсияҳои онҳо ба кори истеҳсолот беҳбуд бахшад. Ба ибораи дигар, ҳам худ меомӯхту ҳам дигаронро ба он водор месохт.  Дар нахустмаҷлис бо ҳузури фермерҳои нав чунин суханонро ба забон овард:

– Ҳамаатонро бо муносибати раис шуданатон табрик мекунам! Дар давраи шуравӣ дар ноҳия ҳамагӣ 5 – 6 раис буду халос. Ҳоло дар ҳар колхозу совхозҳо чандин раисҳо зуҳур карданд. Аз ҳамин ҷост, ки дар толор ҳам ҷой намондааст. Акнун якҷоя кор карда, бояд ноҳияро ба сафи пеш барорем. Аз қафомонӣ раҳонем. Ноҳияи Данғара бояд дар ҷумҳурӣ доимо дар ҷои аввал бошад, зеро зодгоҳи Президенти кишвар аст. Айб аст, ки дар ҳоли қафомондагӣ бошад. Мардум чӣ мегӯянд? Мо худ бояд аввал аз сиёсати Президент дастгирӣ кунем ва намунаи ибрат бошем. Пештар агар танқисӣ, мушкилии об доштем, пас, ҳоло ба заминҳои ташналаби ноҳия об оварда шудааст. Дигар ҷои баҳона намонд!

Сахтгир

Роҳбари хоҷагие ба маҷлис чанд дақиқа дер меояд. Ба даромадан иҷозат гирифт, вале ба нишастан не. То охири маҷлис чун талабаи гунаҳкор рост истод. То анҷоми маҷлис шумораи роҳбарони деркардаю ростистода ба 20 – 25 нафар расид. Баъди ин, дигар касе ҷуръати дер ба маҷлисҳо ҳозир шуданро намекард. Ҳама дар вақту соати даркорӣ омада мерасид.

 Камина ҳам боре ба сарзаниши раис дучор шудам. Бо собиқ Сардухтури ветеринарии ноҳия Назаров Уроқ ба маҷлис нарафтем. Бегоҳи ҳамон рӯз нозири минтақавӣ майори милиса Музаффар ном шахс ба хонаамон ташриф оварда, ба ҳардуямон даъватнома доданд, ки саҳарӣ соати 7 ба ШКД даромада, сардорро интизор шавем. То соати 13 интизор нишастем. Кӯтоҳакак фаҳмонд, ки ба маҷлис дигар дер накунем ва ҷавобамон дод. Ин ҳам 1 воситаи тарбият кардан аст, ба фикри мо. Мо нисбати дигарон беҳурматӣ кардем ва ҷазои сазовор ҳам гирифтем. аз ин хафа ҳам нестем.

Боре ба Хоҷагии Деҳқонии “Мурод” дар 2 автомошинаи сабукрав, ки дар якеаш раиси ноҳия ва дар дигараш, ки баъдтар шинохта гирифтем, олимони соҳаи пахтакорӣ А. Сангинов аз вилояти Хатлон, олим – ихтироъгари пахтаи навъи “Сорбон” Неъмат Сулаймон аз Кӯлоб қарор доштанд, ташриф оварданд. Вориди пахтазор шуда, аз наздик онро санҷида баромаданд. А. Сангинов аз ман пурсид, ки оё ба пахтазор дору пошидам? Баъди тасдиқи ман, боз суол дод, ки пас, барои чӣ фавран обро сар надодам? Ман дар ҷавоб ба Муродови омадаистода ишоракунон гуфтам, ки бо маслиҳати агрономам об мемонам. Сангинов ба хашм омада, “Бар падари ту ҳам бар падари агрономат ҳам лаънат, охир доруи дода ба ҳаво бухор шуда меравад ку?” гӯён хам шуда, аз замин кулӯхеро гирифта, тарафи Муродов ҳаво дод.

Маҳмадулло Сайдалиев ин корро дида завқ кард ва фаҳмонид, ки «дашноми олим беҳтар аст аз дуои нодон!». Ва афзуд, шоҳбайти Саидҷон Ҳакимзода-раиси ИНТ дар вилояти Кӯлобро пешкори худ кунем, ки гуфта:

Намемирам, агар 100 сол нодон н-оварад ёдам,

Вале мирам, агар доно кунад 1 дам фаромӯшам!!!

Дар оянда мо ин камбудро ислоҳ карда, ҳосили фаровон мерӯёнидем.

Барои одами умре дар такопӯю меҳнат, бекорӣ писанд буда наметавонад. Инсони шариф Сайдалиев дар минтақаи Кавраклии Данғара боғе бунёд кардааст, ки ҳаваси бинандаро меорад. Бо назардошти хизматҳои бесобиқа хуб мешуд, ки кӯчае ба номи ин фарзанди содиқи Ватан дар Данғара номгузорӣ мегардид.

Исмат Эшпулотов,

н. Данғара,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube