Шамсиддини Қудрат ҳам рафт…

18.07.2025. Соат ба вақти Душанбе 07:50 дақиқа. Садои занги телефонии журналисти шинохташудаи расонаи англисии ВВС, Сӯҳроби Зиё таконам дод. Сӯҳроб усулан сахт тарбиятдида асту дар тули 42 соле, ки мешносамаш (соли 1983 дар пахтачинӣ шинос шудаем, ки мавзуи суҳбати аҷибест), то соати корӣ, яъне 09:00 дақиқа касеро безобита намекунад. Дар дилам рафт, ки коре шудааст. Гувоҳи дили ҳақ бешак баромад. Сӯҳроб гуфт, тағоям, бародари модарам (ҳарду аз 1 падару модаранд), Ҳоҷӣ Шамсиддини Қудрат дар синни 85-солагӣ ба раҳмати ҳаққ бупайвастанд. Ҷаноза дар деҳаи Тутакаи дараи Алмосии Ҳисор…

Ошноии ману бобои ҳоҷӣ

11.09.2008. Хаёл маро баргирифта, зуд ба 17 сол қафо андохт. 09.09.08 шумораи нахстини СССР нашр шуд ва сар аз рӯзи дигар мухлисону ҳавохоҳони газета дари редаксияро мекушоданд. Мо он замон дар ҳам не, ки кабинет надоштем. Шамсиддини Қудрат аз нахустинҳо буд, ки рӯзи 11 сентябр омад, чопи рӯзномаро муборак гуфту дуомон дод ва изҳори ҳамкорӣ намуд. Ба ҷон қабулаш кардем. Мо Метавонем!

Муаллифи 150 мақола

Муаллифони мо барзиёд буданд ва тасмим гирифтем, 1 сол ба баъд ба 30 тан аз беҳтаринҳо ҳуҷҷати ҳамкорӣ бо унвонии «Хабарнигори Мардумӣ» диҳем. Нахустин шуда ин ҳуҷҷат насибаи Шамсиддин Қудратов шуд.

Бобои ҳоҷӣ, ки он вақт 69 сол доштанду хеле ҷавону ғаййуру бардаму бақувват менамуданд, пешниҳод карданд, хабарнигорон, ки мардумӣ бошанд, газета низ бояд мардумӣ шавад. Сар аз он рӯз СССР чун газетаи мардумӣ мебаромад. Баъдан, боз ҳам бо пешниҳоди Шамсиддин Қудратов мо саҳифаи вежаи «Газетаи Мардумӣ-ГМ» дар саҳифаи 15 таъсис додем, ки пайваста матолиби муаллифи хабарнигорони мардумиямон нашр мешаванд ва яке аз хонданитарин бобҳои газета низ ҳаст.

Дар тӯли ин ҳама сол ҳоҷӣ Шамсиддини Қудрат беш аз 150 мақолаи таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мардумсолорӣ нигоштааст, ки дар зер анде онҳоро пешкашат месозем, хонандаи гиромӣ. Бидону огаҳ бош, ки дар газетаи СССР «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!».

Руҳат шод, хонаи ахиратат пурун ва ҷот биҳишти ҷовидон бод, Ҳоҷӣ Шамсиддини Қудрат, дӯст, хонанда, муаллиф ва узви Ихвон ал СССР. Мо Метавонем!

  “РССТ” маро аз бистари беморӣ хезонд!

15.12.2023. Соат бо вақти Душанбе 10:19 дақиқа. Шамсиддин Қудрат, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ меҳмони идора шуда гуфт, ки роҳандозии озмуни «РССТ» ба ман умри дубора бахшид.

   – Бо сабаби беморӣ беш аз 1 сол аст, ки қалам ба даст нагирифтаам. Ба редаксияи газетаи СССР низ омада наметавонистам. Рӯзе дар дасти 1 нафар ошно шумораи нави СССР-ро дидам, редаксия дар саҳифаи 7-ум озмуни «РССТ»-ро дубора оғоз кардааст. Инро дида, такон хӯрдам, аз ҷой хестаму қалам ба даст гирифтам. «РССТ» маро аз бистари беморӣ хезонд! Ҳоло аз фурсат истифода бурда, тамомии кормандони газетаи мардумӣ, мухлисону ҳаводорни онро бо фарорасии соли нави 2024 табрик намуда, ба ҳамаи дӯстон саломатӣ, вақти чоқ ва рӯзгори хушро орзу дорам. Мо метавонем!

Хоб

Салом устод Сайёфи Мизроб! Шумо нағз медонед, ки ман бо Махсуми Исмоили шодравон, аз солҳои 2000-ум рафиқ ва дӯстӣ доштем. Ҳамон рӯзе, ки ӯро ба хок супориданд, шаби панҷшанбе ба хобам даромад:

Дар хобам дар 1 ҷои калон тобути марҳум дар рӯи мошини бортовой. Мардуми бисёре барои аз гӯшаи тобут гирифтаанду ман, ки каме бемор ҳастам, қуввати гаштан надорам, дастам ба тобут намерасид ва ҳасратӣ мешудам. Ногоҳ чашмам ба Махсум афтод, ки бо 1 пири нуроние каноре шишта буду ин манзараро тамошо мекарданд. Пешаш рафтаму бо он пир ва Махсум салом кардам, ки ин чӣ моҷароест? Махсум дасти маро сахт қапида, аз 2 чашмашон ашк рехта, гуфтанд, ҳама мирандаем. Ҳама рафтанд, мо ҳам меравем ва ин дам аз киса рӯймолчае бароварда, чашмаонамро аз оби дида пок карданду ман аз хоб бедор шудам.

Ва ин шеърро бадеҳатан гуфтам:

Эй, ки мебинам туро ҳар ҷумъае чун офтоб,

Эй, ки дил аз лаҳни гуфтори ту мегардад хароб,

Эй, ки беҳтар лаззати ҳарфи ту аз кайфи шароб,

Эй, ки ҳастӣ дар Ҳисор аз мардуми олиҷаноб,

Шавқи ҷону дил туӣ! Махдуми Исмоил туӣ!

Мешуморад дил зи ҳар ҳарфи ту чандин розро,

Мекунад ҳар нуктаи лаҳнат шакар пардозро,

Пеши лаҳни шаккарат ҳоҷат набошад созро,

Дар миёни қавму миллат монӣ 1 шаҳбозро.

Шавқи ҷону дил туӣ! Махдуми Исмоил туӣ!

Байни мардум мерасӣ ҳамчун фаришта аз ҳаво,

Мезанӣ ҳарфе, ки бар мардум ҳамебинӣ раво,

Олами ҳастии ту аз макру шайтонӣ ҷудо,

Нест дар гуфтору пиндорат ба ҷуз номи Худо.

Шавқи ҷону дил туӣ! Махдуми Исмоил туӣ!

Аз каломи «Раббано» вақте ривоят мекунӣ,

Халқро бар сӯи Ҳақ ҳар дам ҳидоят мекунӣ,

Ҳар диле бо чашми ақл аст, ошноят мекунӣ,

Ҷону дил банди каломи ҷонфизоят мекунӣ.

Шавқи ҷону дил туӣ! Махдуми Исмоил туӣ!

Эй сазовори Биҳишти Адну он Хулди Барин,

Эй каломи Қулҳуваллоҳу Дуоламофарин.

Эй чароғи маърифатандешаи рӯи замин,

Эй муборакчеҳра, нури поки чашми Шамсидин,

Шавқи ҷону дил туӣ! Эшони Исмоил туӣ!

 Меҳнати деҳқонро талаф надиҳед!

   28.11.2022. Соат бо вақти Душанбе 08:54 дақиқа. Шамсиддин Қудрат, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР аз ш.Ҳисор меҳмони идора шуда гуфт, ки замони шӯравӣ Тоҷикистон қариб 1 миллион пахта ба давлат месупорид.

   – Он вақт ҳосилғундорӣ аз моҳи сентябр оғоз мешуду то моҳи декабр, баъзе солҳо то моҳи январ ҳосилро то кӯраки охирон меғундоштанд. Ҳоло чӣ, паяи чидаи колхозчӣ сап-сафед. Дар асл кӯракчинӣ нест, ҳатто пахтаро ҳам тоза намечинанд. Замони шӯравӣ Тоҷикистон 900 ҳазор, ҳатто то 1 тонна тиллои сафед ба давлат месупорид. Ҳоло 300-400 ҳазор тонна пахта меғундоранд. Ин ба қадри заҳмати деҳқон нарасидани роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки заминҳои пахтаро хоҷагии деҳқонӣ кардаанд, мебошад. Баъди ғунучини ғӯзапоя 1 ба хонаи деҳқон дароед, бинед хори паяро, гумон мекунед, ки барф дар рӯи хори пая рехтааст. Дар охури гов кӯраки кабуд рехтагӣ. Ин ҳама меҳнати деҳқон-ку? Ҳосили ба заҳмат тайёр шударо талаф надиҳед!

Нияти Алимардонов ҷиддист?

Салом, СССР! Ман аз солҳои 1970 то 2000 коргари корхонаи ордбарории  ш.Ҳисор  будам. Корхона он солҳо яке аз пешқадамтарин дар республика ба шумор мерафт ва беш аз 140 нафар аз миллатҳои гуногун дар 2 баст кор карда, дар 1 шабонарӯз то 150 тонна орди навъи якуму дуюм истеҳсол мекарданд. Корхона маҳсулотро ба ноҳияҳои Вахшу Шаҳритус, Регару Қубодиён, Ваҳдату Рӯдакӣ ва вилояти Бадахшон мефиристод. С.1992 ҷанги шаҳрвандӣ сар заду ҳамаи мутахассисони коргоҳ аз Тоҷикистон рафтанд. Ҳоло аз ин корхона фақат деворҳояш боқӣ монда, якчанд станоки ордбарории корношоям дораду халос. Ба шунидам корхонаро Муродалӣ Алимардонов-раҳбари «Агроинвестбонк» хусусӣ карда, гуфтааст, ки корхонаро бо мутахассисони олмонӣ аз нав таҷдид карда, миқдори истеҳсоли маҳсулотро ба 300-400 тонна дар 1 шабонарӯз расонда, барои зиёда аз 200 нафар ҷои кор муҳайё мекардааст.

  Дигар намеоям!

25.06.2024. Соат бо вақти Душанбе 09:33 дақиқа. Шамсиддин Қудрат, муаллиф ва хонандаи ҳамешагии газетаи СССР меҳмони идора шуда, гуфт, ки барои хайрбод омадааст.

   – Дуруд ба аҳли эҷод ва кулли хонандагони газетаи мардумии СССР! Омадам то ин ки бо ҳамаи шумо хайрухуш кунам, зеро дигар осори пирӣ намегузорад, ки қалам ба даст гирам ё ба кӯча бароям. Бо асо базӯр мегардам, саломатиам ҳам хуб нест, чашмонам ҳам заиф шудаанду дигар навишта наметавонам. Расо 16 сол, сар аз нашри СССР №1 бо шумо ҳамкору ҳамқаламу ҳамандеша будам.  Редаксияи СССР ҳамеша барои ман 1 даргоҳи умед хоҳад монд!

Ҳоло аз тамомии дӯстону мухлисон, ки агар боре навиштаҳоям онҳоро озурда карда бошад, маъзарат мепурсам. Ба СССР –и азиз барору комёбӣ орзумандам! Худованд нигаҳдори ҳамаи мо!

Аз редаксия: Устод Шамсиддини Қудрат, узви ҳамешагии Ихвон ал СССР ва Хабарнигори Мардумии мо баъди ин нигошта, боз сари пой шуданду чандин бор меҳмони газетаи мардумии хеш. Вале саломаташон рӯз аз рӯз батар мегардид. Ҷош ҷаннат то нафаси охирин ба газетаи СССР содиқ буданд…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube