18.07.2025. Соат ба вақти Душанбе 09:07 дақиқа. Шоири халқӣ, журналисти номдор ва адиби хушбаён, Давлат Сафар занг задаву мужда гирифт, ки бо ташаббуси Вазорати Фарҳанги ҶТ ва бо дастгирии Ашраф Гулзода – собиқ сафири Тоҷикистон дар Туркия, ҳоло сафири Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб, китоби алломаи машриқу мағриб, устод Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон” бо забони туркӣ тарҷума ва нашр гардид, ки муборакамон бод!
Ҳамакнун барои бори нахуст дар таърихи мавҷудияташ ин китоб бо туркӣ тарҷума шуд. Тарҷумони китоби “Тоҷикон” Насим Давлатзода ва веростор ё худ саҳифабанду муаллифи ороишот Шариф Раҳимзода аст.
Китоби Тоҷикон бо забони туркӣ бо тираж 1000 адад чоп шуда, баъди рӯнамоӣ ба муассисаҳои илмӣ ва таълими Туркия ирсол мегардад.
Ёдовар бояд шуд, ки китоби мазкур бо забони русӣ, англисӣ, арабӣ, узбекӣ ва ҳуруфоти форсии дарӣ борҳо бозгардон ва нашр шудааст.
Китоби Тоҷикон барои доираи васеъи алоқамандони таърихи башарият ва ориёнои аҳди қадим дар Туркия туҳфаи пуарзишест.
