“Хуттали қадим” ва 11 ёдгории ӯ

Дар шумораи гузашта мо хабари ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ – ЮНЕСКО ворид шудани «Ёдгориҳои мероси фарҳангии “Хуттали Қадим”» хабар дода будем. Бояд гуфт, ки Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим 5-умин мавзеи Тоҷикистон гашт, ки ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд. Ин хабар, ки воқеан навиди хуш аст, ба кулли мардуми Тоҷикистон муборак бод!

11 мавзеи нодир дар ОМ

Пас аз нашри ин хабар чанд нафар аз хонандагони газетаи мардумӣ бо идора тамос гирифта, дар бораи ёдгориҳои «Хуттали қадим» пурсон шуданд.

Тавре Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад:

  1. Дайри Буддоии Аҷинатеппа (н.Вахш)
  2. Қалъаи Ҳулбук (н.Восеъ)
  3. Шаҳристони Ҳулбук (н.Восеъ)
  4. Шаҳраки Манзаратепа (н.Восеъ)
  5. Қалъаи Золи Зард (н.Данғара)
  6. Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (н.Данғара)
  7. Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа) (н.Ҷ.Балхӣ)
  8. Шаҳристони Золи Зар (н.Фархор)
  9. Корвонсаройи Тоҳир (н.Фархор)
  10. Шаҳртеппа (н.Фархор)
  11. Дайри Буддоии Хишттеппа (н.Ховалинг)

Яке аз мавзеҳои асосии номинаи мазкур маҷмааи бостоншиносии “Қалъаи Хулбук” – пасмондаҳои қасри пойтахти Хуттали Қадим, ки мероси он ба шарофати маҷмуаи чораҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардид, дар ин номина нақши махсус дорад.

 Хуттал(он)  давлати мустақил буд

Тибқи гузориши ЮНЕСКО, ин ёдгориҳои фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали Қадим, 1 давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои 7 то 16-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд. Ин давлат ҳамчун маркази фаъоли истеҳсолии Роҳи бузурги Абрешим ба мубодилаи арзишҳои фарҳангии минтақавӣ низ таъсири калон расонидааст.

 Пешбарии номинаи “Хуттали Қадим” аз соли 2023 инҷониб бо талошҳои муштараки мутахассисони Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон амалӣ шудааст.

Париж Хутталро пазируфт

Тавре коршиноси миллӣ, муҳаққиқи ЮНЕСКО дар бахши мероси фарҳангӣ Мирзошариф Абдусаломов мегӯяд, парвандаи номинатсионии «Хуттали Қадим» бо фарогирии 11 ёдгории таърихию фарҳангӣ дар ҳаҷми зиёда аз 1000 саҳифа омода карда шуда, аз тариқи роҳҳои дипломатӣ ба дафтари марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ирсол карда шуд.

  – Боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ аст, ки бори аввал моҳи марти соли 2023 ин парванда аз нигоҳи техникӣ комил арзёбӣ гардида, 11 ёдгории ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО (Tentative list) дохил карда шуданд. Ин қадами хеле муҳим ва дастоварди боарзиш барои миллати тоҷик ва махсусан мо, мутахассисон буд, – таъкид дошт Мирзошариф Абдусаломов. 

М. Амин, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube