16.07.2025. Соат ба вақти Маскав 07:00 дақиқа. Моҳи июли ҳар сол, Рӯзи нақлиёти бузургшаҳри Москва ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз дар қаламрави шаҳру вилояти он 70 ҳазор км. роҳи нақлиёт, 780 км. метро, 20 км. нақлиёти обӣ, 8984 км. роҳи оҳан, 28 майдони ҳавойӣ, чанд ҳазор хатсайри автобус, троллейбус, трамвай шабу рӯзи дароз хизмати 100-ҳо миллион мусофир кор анҷом медиҳанд.
Ба ҳамин муносибат шаҳрдорӣ хабарнигори СССР дар ш. Маскавро барои ширкат дар 90-умин солгарди нақлиёти шаҳри Москва даъват ва ба хабарнигорони дохиливу хориҷӣ аз достони дарё ва канали Москва чанде ривоят карданд. 100 афсӯс, ки дар бораи иштироки роҳбарони 15 ҷумҳурии Шуравии ҳамон солҳо, ки иштирокчӣ ва аввалин сохтмончиёни ин иншоотҳои бузург буданд, ишорае нашуд. Гӯё, ки дарёву каналу роҳу метро худаш пайдо шуда бошад.
Бо амри тақдир, бо ин бузургшаҳри Москва аз соли 1982 то ин ҷониб ошноӣ дорам. Дар машҳуртарин донишгоҳи МГУ, дар факултаи журналистика, дарс хонда, дар бораи достони дарёву канали Москва ва иштироки Нусратуллои Махсум аз устодон ривояту аз бойгонӣ каму беш ҳуҷҷат низ дастрас кардаам. Ҳар дафъа, интизори он будам, то дар ин бора дар рӯзнома барои хонандаи муҳтарам матлабе нависам. Хуб, замонаш вақте расид, ки сармуҳаррири СССР, ҳафтаи пор, дар “пятиминуткаи рӯзи чоршанбе” супориши навиштани матлабро дод. Мо Метавонем!
Оғози достони канали Москва-Волга
Москва бузургшаҳрест, ки миёни он дарёи Москва ҷорист. Дарозии дарё 502 км. буда, наздики 90 км. аз дохили шаҳру боқӣ дар атрофи он ҷорист. То имрӯз ҳар шабонарӯз, дар қатори 10-ҳо миллион меҳмону бошандагони он эҳтимол дорад, ки тоҷикон ҳам ҳазор маротиба аз боло, аз поин, ё аз рӯйи ин дарё мегузаранд, шино карда, низ дар ободонии он ҳам иштирок кардаанд. Вале 100 ҳайф, ки насли имрӯза, барои корнамоии тоҷикони солҳои 30-юми асри гузашта аҳамият намедиҳанд. Парвое надоранд, ки бузургони мо он замон канали Москва-Волгаро, ки дарозияш 128 км. будааст, бо белу каланду зоғнул ва дастони меҳнаткаши хеш дар 4 сол сохта, сатҳи дарёи Москваро абадӣ росту шаҳрро ба 5 баҳри Сиёҳ, Хазар, Азов, Балтика ва Сафед пайваст карда буданд. Акнун, наздики 100 сол аст, ки дилхоҳ киштии боркаш, мусофирбар, ё ҷангӣ аз тамоми рӯйи дунё метавонад дохили шаҳри Москва шавад. Ин ташаббуси бузург буд.
Каналоармеец
Аз рӯйи маълумоти носаҳеҳ дар бораи роҳбарони ҷумҳуриҳои СССР, дар сохтмони канали сунъии Маскав каму беш аз 1 миллион маҳбус, комсомолу коргари ихтиёрӣ, ки онҳоро каналоармеетс мегуфтанд, ба кор ҷалб карда шуда буд. Масалан далеле ҳаст, ки 22842 нафар маҳбус дар қаъри ин дарё мурдааст, ё ҳини итоат накардан, дар ҷойи кор парронда шудаанд.
Рӯзи 14 июни соли 1936 рафиқ Сталин лоиҳаи Конститутсияи нави СССР-ро барои муҳокимаи мардум пешниҳод карда, барои дидани кори ин канал мебарояд. Дар ибтидои моҳи июн ҳамаи аъзои ВЦИК-и СССР-ро, ки дар бинои машҳури бо ном «Дом на Набережной», 350-400 метр дуртар аз Кремл буданду наздики 3 ҳазор касро ташкил мекарданд, ба ҳабс мегиранд, ки дохили онҳо Нусратуллои Махсум бо фарзандон Мунавваршоҳ (1911-1998), Анваршоҳ (1918-1941), Хосият (1925-2007), Акбар (1928-2001), Музаффаршоҳ (1937-2013) ва ҳамсараш Ҳалимахон (1896-1979) буданд. Музаффаршоҳ дар шиками модар ҳабс мешавад!
Дар ин 128 км. 8 дарбанди об (шлюз) сохтаанд, ки киштиро дохили он карда, сатҳи обро паст, ё баланд мекунанд. Бо ҳамин усули хеле одӣ, киштиҳои хурду бузургро ба боло, ё поёни оби канал баробар карда, ба сатҳи лозимӣ сар медиҳанд (нигаред ба расм). Илова бар ин 9 НОБ, 5 бандари калон, 26 бандари майда, 15 купруки калон, ҷамъ ҳазорон иншооти дигар сохта, ба мардум супориданд, ки то имрӯз истифода мебаранд.
Нусратулои Махсум дар Москва…
Акнун мебинем, ки бузургвор, қаҳрамони Тоҷикистон Нусра-туллои Махсум (1881-1937) аз куҷо дар сохтмони ҳазорон км. мустаҳкамкунии соҳили дарёву канали Москва иштирок кардааст? Суоли хеле ҷолиб. Албатта дар бораи ин қаҳрамони мардумӣ достонҳо хеле зиёд аст. Ин ривоят дар бораи 2 соли поини умри ин марди далеру аввалин поягузори кишварҳои Осиёи Миёнаи солҳои 20-уми асри гузашта ва асосгузори давлати Тоҷикистони имрӯза аст.
Ин ходими калони давлатӣ, соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии собиқ хонигарии Қаротегини аморати Бухоро, имрӯза ноҳияи Рашт, дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Баъдан бузург шуда, аз соли 1895, яъне аз 14 солагӣ, то Инқилоби Шуравӣ дар роҳи оҳани Қуқанд аробакашиву мардикорӣ кардааст. Қисса кутоҳ, дар ҳаракати инқилобӣ иштирок карда, баъди ғалабаи Инқилоби Октябр аввалин соҳибмансаби Туркистони он замон шуда, баъд дар ташкили ҷумҳуриҳои Осиё Миёна хеле фаъол будааст. Соли 1924 давлати Тоҷикистони Шуравиро дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил ва соли 1929 онро мустақил намуда, аввал роҳбар, баъд аз 18 марти соли 1933 то 4 январи соли 1934 якумин раиси Кумитаи Марказии Иҷроияи СССР-ро ба уҳда доштааст.
Соли 1934 роҳбари давлат, Иосиф Сталин (1878-1953) барои баланд бардоштани сатҳи сиёсии дониши онрӯза, донистани иқтисоди замон ва баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, роҳбарони ҷумҳурии СССР-ро ба Москва оварда, дар мактабҳои олӣ тақсим кард. Нусратуллои Махсум дар Академия банақшагирӣ дарсро оғоз мекунад. Дар баробари хониш, раисони ҷумҳуриҳову дигар мансабдорон дар кори канали Москва-Волга, сохтмони метро ва ВДНХ низ иштироки бевосита доштанд
Бисёр мехостем, ки дар ин бора аз бойгонӣ ҳуҷҷате пайдо кунем, лекин то имрӯз дари онҳоро барои ҳама маҳкам баста, муҳри тамоман махфиро задаанд.
Шумо дар ин расм нишон (герб)-и РСС Тоҷикистонро мебинед. Дар баробари 10-ҳо нақшу нигори сангкории девори дохили иморати “Речной вокзал”-и Москва (1933-1937) герби мо низ истодаст. Дар кандакории он ана ҳамин Нусратуллои Махсуми шунавандаи Академия Москва иштирок карда буд. Акс аз хабарнигори СССР. Мо Метавонем!
“Қатли Бузург”-и роҳбарони ҷумҳуриҳои Шуравӣ
Нусратуллои Махсумро дар рӯйхати №75-и Додситони Олии Ҳарбии СССР аз 31 октябри соли 1937, саҳифаи 3, шумораи 44-ум номнавис карда буданд. Шаби 8-уми июл, яъне 1 ҳафта пеш аз кушодани канали Москва, ба ҳабс гирифта шуда, чӣ азобу чӣ ранҷ ба ӯ ва дигар аъзои ВЦИК додаанд, таърих ва мансабдори Москва медонаду тамом. То кунун лаби хомӯшӣ бастааст.

Ин хонаи “Дом на Набережной” мебошад, ки рӯзи 8 –уми июли соли 1937, охирин рӯзи зиндагии осоиштаи Нусратуллои Махсум дар он будааст.
Баъдан солҳои 1939, 1958, 1965 ҳамаи ин куштагонро бегуноҳ шуморида бошанд ҳам, то ҳол аз мурдагони бегуноҳи хокистаркарда метарсанд, ки дар бораашон касе чизе фаҳмад.
Ба ин рӯйхат нигаред, ки ҳар кадом намояндаи мардуми Шуравии он замон буд, куштанд, сӯхтанд, баъд шарм накарда сафед низ карданд:
- Калинин, Михаил Иванович 12.01.1938, аз Украина.
- Петровский, Григорий Иванович 12.01.1938, аз Белорус.
- Червяков, Александр Григоревич 16.06.1937, аз Қафқоз.
- Стакун, Михаил Иосифович 14.11.1937, аз Қафқоз.
- Нариманов, Нариман Наҷаф огли 19.03.1925, аз Туркманистон.
- Мусабеков, Газанфар Маҳмуд огли 12.01.1938, аз Туркманистон.
- Айтаков, Недирбой 21.07.1937, аз Узбекистон.
- Хоҷаев, Файзулло Губайдуллаевич 17.06.1937, аз Ӯзбекистон.
- Максум (Лутфуллаев) Нусратулло 08.07.1937, аз Тоҷикистон.
- Раҳимбаев, Абдулло Раҳимбаевич 07.09.1937, аз Тоҷикистон.
Ва 3 котиби КИМ:
- Енукидзе, Авел Сафронович03.03.1935.
- Акулов, Иван Алексеевич09.07.1937.
- Горкин, Александр Фёдорович 12.1.1938.

Нусратуллои Махсум бо духтараш Хосияти 7 сола ва писараш Акбари 4 сола. Сталинобод, соли 1932.
Ҷамъ дар ин “Қатли Бузург”-и солҳои 1934-38 зиёда аз 400 рӯйхати хабаркаш (доносчик) иборат аз 100-ҳо ҳазорон ному насабро навишта, аз тарафи “рафиқон” Сталин, Ворошилов, Молотов, Каганович, Берия, Хрушёв ва ғайра дастина (имзо) гузошта, наздики 690 ҳазор мансабдорро бо гуноҳи “душмани халқ” куштанд, бурда дар мурдасӯзак (кремотория) хокистар карда, ба ҷои номаълум партофтанд, ки то ҳол аз онҳо дараке надорем. Яке аз онҳо ана ҳамин бобои қаҳрамони мо -Нусратуллои Махсум буд.
Низ ба ин расм, ки дар он Раиса Ҳомидова (1935) ҳамсари академик Акбар Махсумов, писари Нусратуллои Махсумро бо писараш, яъне набераи ахирӣ -Азим Махсумов мебинед. Ҳамроҳ бо хабарнигори “СССР” рӯзи 22 июли соли 2008 чун ҳарсола, ба зиёрати “Қабристони №1”-и СССР рафта, дар ҳақи бузургворон Нусратуллои Махсум ва Шириншоҳи Шотемур ва 10-ҳо ҳазори аҳли қурбоншуда, ёдоварӣ карда будем. Дар ин қабристони ба номи “Донское кладбище”-и Москва, ҳамон солҳо хокистари турбати наздики 14-20 ҳазор одамро оварда, дар чуқуриҳои он пош додаанд, ки достони он хеле талху аз ҳад зиёд аламовар аст. Соли 2003 ҳамроҳ бо Азим Махсумов аз паи ёфтани ягон хабаре аз бобои мо Нусратуллои Махсум шудем, ки баъди кофтукови зиёд, камтар маълумоте ҳам пайдо карда будем. Дигар суҳбат боқӣ.
Худо хоҳад дар бораи ин Бузургвор, ояндаи наздик ривояте хоҳем кард. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!
Шасмиддини Муқим,
СССР, Москва
