Обод гар намекунӣ…

Масъалаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ, сифати техникии корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ, риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, нарху навои хона ва фиреби домсозон мавзуест, ки онро ҳамеша мухбирони газетаи мардумӣ бо хости хонандаи худ пайгирӣ менамоянд. Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар кишвар чӣ қадар хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд? Ба кадом ширкатҳои сохтмонӣ посухи рад дода шуд? Теъдоди биноҳои истиқоматие, ки аз комиссияи давлатии қабул гузаштанд, чӣ қадар аст? Сабаби гарон шудани нархи хонаҳо дар чист? Чаро нарх гарон, аммо сифат нест? Бинои истиқоматиро кӣ бояд обод кунад – соҳибкор ё харидор? Мо ин ҳафта боз ба ин мавзуъ рӯ овардем, зеро шикояти сокинон, хосса хонахарон аз беинсофии домсозону бесифат будани биноҳои навсохт ҳамарӯза меафзояд.

526,9 ҳазор метри мураббаъ хона

Тавре Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ рӯзи 25 июл иттилоъ дод, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар мамлакат ба масоҳати умумии 526,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Моҳҳои январ-июни соли 2025 фондҳои асосӣ ба маблағи 2 миллиарду 875 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шудааст.

Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 10697 ҷойи талаба, дармонгоҳ барои 368 ҷои қабул дар 1 баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 510 ҷой ба истифода дода шуданд.

 3186 адад камбудӣ

Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ба маблағи 21 миллиону 724 ҳазору 355 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 116,9 фоизи ҳамин давраи соли 2024-ро ташкил намуд.

Мутобиқ ба талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбати сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ назорати сифати корҳо дар иншоотҳо гузаронида шуданд:

(мо барои фаҳмотар шудан таблитсаҳоро пурра нашр месозем)

Шумораи шаҳру ноҳияҳо 65
Сохтмони иншоотҳое, ки таҳти назорат қарор гирифтанд дар ҳудуди ҷумҳурӣ (адад) 1147
Шумораи назорати сифати корҳои сохтмонию   васлгарии гузаронидашуда 1677
Камбудӣ ошкор карда шудааст, адад 3186
Амрнома дода шудааст, адад 624
Ҷарима баста шуд, (сомонӣ) 321050

 Рафти иҷозатномадиҳӣ барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ:

Муроҷиатҳое, ки дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 барои гирифтани иҷозатнома ворид гаштааст, (адад) 388
Иҷозатнома дода шуд, (адад)

Ҷавоби рад дода шуд

Дар баррасӣ мебошад

269

51

68

Барои аз як сатҳ ба сатҳи дигар гузаронидани сатҳи масъулиятнокӣ муроҷиат ворид шуд, адад 99
Қонеъ карда шуд, адад

Ҷавоби рад дода шудааст

Дар баррасӣ мебошад

67

17

15

Аз ҳисоби ҳаққи иҷозатнома ба буҷет ворид шудааст, сомонӣ 219 300

Ҳолати аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳо:

Шумораи лоиҳаҳои сохтмоние, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 барои гузаронидани ташхиси давлатӣ ба Раёсати экспертизаи давлатӣ пешниҳод шуданд 332
хулосаи мусбӣ гирифтанд 217
хулосаи манфӣ гирифтанд 8
мавриди баррасӣ қарор доранд 105
аз эътибор соқит карда шуд 2

29 910 иншооти ҷашнӣ

Тибқи маълумоти оморӣ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати  ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 29 910 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон 23228 (78%) иншоот ба истифода супорида шуда, дар 4594 (15%) иншоот корҳо идома доранд.

$800 – нархи 1 метри мураббаъ хона дар Душанбе ва беинсофии домсозон

Масъулони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯянд, ки имрӯз дар Душанбе нархи миёнаи 1 метри мураббаи хона ба 800 доллар (ҳудуди 7 ҳазору 595 сомонӣ) доллар боло рафтааст.

Тавре Низом Мирзозода, раиси ин Кумита гуфт, ин нисбат ба аввали соли ҷорӣ 250-300 доллар (ҳудуди 2 ҳазору 370-2 ҳазору 840 сомонӣ) доллар гаронтартар аст.

– Соҳибкорон албатта дар гузоштани нарх озоданд, вале инсоф ҳам бояд дошта бошанд, – таъкид дошт Низом Мирзозода.

Мавсуф афзуд, ки бархе аз соҳибкорон нархи 1 метри мураббаъ манзили истиқоматиро аз нархи асливу воқеӣ ба маротиб боло бардошта, ба мардум мефурӯшанд, ки ин дуруст нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки қурби доллари амрикоӣ моҳҳои ахир коҳиш ёфта, нархи масолеҳи сохтмонӣ низ ба маротиб арзон шудааст.

Иқтидори борбардории биноҳо санҷида мешавад

Бояд гуфт, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда бо мақсади таъмини зилзилатобоварии бинову иншоотҳо, барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоотҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, озмоишгоҳи махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия таъсис додааст.

Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ, тибқи талабот, тартиб ва меъёру коидаҳои сохтмонӣ амалӣ карда мешавад. Мақсади асосии санҷиш, ин муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешавад. Яъне, мо сокинони биноҳои навсохт бояд аз вазъи иқтидори борбардории бинои истиқоматиамон нигарон набошем.

Нарх гарон, аммо сифат ку?

Агар пайваста боло рафтани нархи хона 1 тарафи масъала бошад, проблемаи дигар ин сифати сохтмони бино ва иншооти марбута ба он аст.

Тавре Низом Мирзозода мегӯяд, дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ дар фаъолияти комиссияи давлатии қабули биноҳо 334 камбудӣ ошкор шудааст.

   – Бархе аз биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ зинапояи зиддисухтор надоранд, ё лӯлаҳои оби гарм дер кашида шудаанд, аз 2 лифт танҳо 1 адад кор мекунад, баъзеҳо деворҳоро иваз намуда, дар ҷойҳое, ки сохтмони ҳуҷраҳо ғайриимкон аст, барои бунёди манзил ҷудо кардаанд, ки ҳатто тиреза надоранд, гирду атрофи биноҳо обокорӣ карда нашудааст, равшанӣ надоранд – ҳамаи ин камбудиҳо сабаби он мегарданд, ки барои аз комиссияи давлатии қабул гузаштани бинои истиқоматӣ ҷавоби рад дода шавад. Мутассифона, чунин биноҳо ҳастанд ва солҳои зиёд дар интизори қабуланд, вале то соҳибкорон онҳоро аз рӯи лоиҳа пурра тайёр нанамоянд, аз комиссия нахоҳанд гузашт, – таъкид дошт раиси кумита.

Тавре гуфта шуд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 9 бинои истиқоматӣ аз комиссияи давлатии қабул гузашта, 32 бинои дигар дар ҳоли омодагӣ ба қабули расмианд.

 Ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Сокинони кишвар бобати мушкилот ва проблемаҳо дар биноҳои истиқоматии навбунёд метавонанд ба Хадамоти давлатаии танзим ва назорат дар соҳаи меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ, ки ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат шуъбаҳои худро дорад, муроҷиат намоянд, мутахассисони ин ниҳод ҳатман омада месанҷанд.

Оё шумо низ дар бинои навсохт бо чунин проблемаҳо дучор омадаед? Оё домсози шумо бовиҷдону боинсоф ҳаст? Агар чунин мушкил ҳаст ҳатман ба мо нависед, зеро мо тасмим гирифтем дар шумораҳои баъди дар бораи биноҳое, ки мардум дар он зиндагӣ доранду бино ҳанӯз аз комиссияи давлатии қабул нагузаштааст ва ё мушкил бо соҳибкори хонасоз доранд, бештар бигӯему бинависем ва аз масъулин посух ҷӯем.

Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

Дар ин маврид:

Сохтмони таваққуфгоҳҳои шахсӣ дар назди биноҳо манъ аст

1 мавзуи дигаре, ки ҳамеша мавриди баррасист ин сохтмони таваққуфгоҳҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ ё таҳхонаи онҳост. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки ҳеҷ касе ҳуқуқ надорад, ки барои таваққуфгоҳ ҷойи алоҳида ҷудо карда, дастрасии дигар сокинонро маҳдуд ва ҷиҳати ба таваққуфгоҳ гузоштани мошини онҳо монеа эҷод созад.

Тавре Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ афзуд:

-МИҲД ш.Душанбе ба касе ҳақ намедиҳад, ки барои истифодаи шахсӣ барои худашон ҷой гиранд ва дар сурати ба миён омадани чунин ҳолатҳо, мақомоти давлатӣ оид ба бартараф сохтани ин мушкилот тадбирҳо рӯйи даст мегирад. Як муроҷиати шаҳрванд тариқи сомона ё телефон кофист, ки вазъият бидуни пайдо шудани мушкилоти иловагӣ ҳаллу фасл шавад. Дар ҳамаи биноҳои истиқоматии бисёрошёна барои таваққуфгоҳи мошинҳо ҷойҳо пешбинӣ шудааст, вале бархе аз соҳибкорон бидуни назардошти қонунгузории амалкунанда, инчунин бе мувофиқа бо мақомоти дахлдор дар таваққуфгоҳҳо нуқтаҳои мошиншӯйӣ ва таъмир бунёд кардаанд, ки онҳо комилан барҳам дода шудаанд, – гуфт Бахтиёр Шарифӣ.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube