SOS: Оё вақти он нарасидааст, эътироф кунем, ки вазъ аз эътидол гузашта, хатари ҷиддиро барои ҷомеаи мо наздик овардан дорад?
Ба таври ваҳшиёна ба қатл расондани тифлаки бегуноҳро бо усулҳои асримиёнагӣ дар асри мутараққии 21 чӣ тавр шарҳ доданд мумкин бошад, ҳеҷ ақли инсон намегирад. Аз ҳама даҳшатовар бетарафии аҳли ҷомеа нисбат ба чунин воқеоти нангин аст, ки онро 1 ҳодисаи муқаррарӣ медонанд ва на вокуниши ҷиддиеро мешунавию мехонӣ, на таклифу пешниҳодеро. Айнан, чун мақоли “Туро газад, маро чӣ ғам?”
Ёде аз модари қаҳрамон
Ҳам бо алам ҳам бо 1 ҳиссиёти баланди ифтихори миллӣ қаҳрамонии модари 30 – сола Лола Орзуеваро аз деҳаи Одинабойи ҷ/д Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, ки дар офати 12 – 13 моҳи апрели соли 2013 даруни лойқа тифли ширхорашро бо дастон болои сар бардошта, худро қурбон ва ӯро наҷот дода буд, ба ёд овардам.
Буридани сари кӯдаки худ аз тарафи модар
Бо шунидани 2 хабари шуми қатли 2 кӯдаки бечора аз дасти модарони қотилашон, гӯё ба сарам 1 сатил оби хунук рехта бошанд, якбора аз даҳшат лол шуда мондам. Худоё, ба одамон чӣ балое ёр шудааст?
Он яке Марҷонаи Файзалӣ, ки Аминҷон Назирови 4 – солаи ҳамсояро дар ш. Турсунзода тасаввур кунед, 13 корд зада кушта, дигаре Зиёдагул Шарифоваи 29 – солаи сокини деҳаи Шарораи н. Ҳисор, иҷоранишин, дар маҳаллаи Маяковскийи пойтахт, ки дар моҳи шарифи Рамазон бо корд сари ҷигарбанди худ Мадинаи 6 – соларо мисле ки мурғеро, аз тан ҷудо карда буд. Мадинаеро, ки дар Хонаи кӯдакони ш.Душанбе бо дугонаҳояш зиндагии хушҳолона дошт. Бо ҳар хабаргирии модар аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. Бо ифтихор ба дугонаҳояш аз модараш қиссаҳо мекард ва бо умеди дар рӯзи Иди Рамазон ҳамроҳи модарҷонаш идгардак кардан, рӯзшуморӣ мекард, бехабар аз он ки бо дасти модари золим ҷисми наҳифаш қурбонӣ мегардад. Он рӯзи шум бо шодию хурсандии беҳад ба истиқболи марги худ, ҳамроҳи қотили худ мешитофт ва намедонист, ки охирин дидор бо дугонаҳояш мебошад. Эй кошкӣ, модари гумроҳ дар роҳ ба кӯдакистон нарасида, зери чархи мошине мемонду ба номи бузурги модар иснод намеовард. Аҷиб ки дар аксар ҳолатҳои кӯдаккушии модарони беимон ширинии ҷонҳои худашон мушоҳида мешавад. Аҷабо, вазнинтарин ҷиноятро содир кардану боз умед аз зиндагӣ кардан?
Чунончӣ, соли 2024 чунин 1 ба ном модари бадбахте дар н. Қубодиён низ чанд тан фарзанди хурдсоли худро бо дастони худ кушт. Ҷинояти дар н. Фархор аз тарафи падари майзада куштани духтарчаи бемору маъюб ҳанӯз фаромӯш нашуда, шаби 29 ба 30 июни соли 2025 Мадина Ҳалимоваи 27 – сола 4 кӯдаки хурди худро дар дарёи Сурхоби ҳамин ноҳия ғарқ карда кушт.
Мақола дар ҳоли ҷамъбаст буд, ки навори бо усули ниҳоят бераҳмонаи фашистонаю толибонӣ латукӯб ва ба ҳалокат расондани писари ноболиғе акнун аз тарафи падари золим дар ш. Турсунзода дунёро дар назарам тира гардонид. Оё вақти он нарасидааст, эътироф кунем, ки вазъ аз эътидол гузашта, хатари ҷиддиро барои ҷомеаи мо наздик овардан дорад?
Руҳҳо дар сайру гаштанд…
Фақат баъди кор аз кор гузаштан, Зиёдагул фаҳмидааст, ки духтарашро мардум бо таъна ҳаромӣ ё худ валад-уз-зино ном мебаранду рӯзе аз кӣ будани падараш пурсон мешавад. Ин будааст хулосаи аблаҳонаи ӯ. Дигар ин ки беадолатона вазнинии зино ба тифлони бегуноҳ бештар бор мешавад. Аз сӯи атрофиён таъна задан ба чунин кӯдакон аз рӯи инсоф ҳам нест. Балки ҳаромию лаънатзада онҳоеанд, ки ба хотири айши чандлаҳзаина ин бечораҳоро ба дунё меоваранд.
Мақсад аз ин навиштаҳо танҳо маҳкум кардани инҳо набуда, ҷустуҷӯи сабаб, заминаи ҷиноят мебошад. Оё дар ин ҷиноят танҳо худи қотилон гунаҳкоранд? Магар чунин духтарону писарони ҷавон, занону мардон, кӯдакону оилаҳои бадбахту қашшоқ муҳтоҷи маслиҳату дастгирии аҳли ҷомеа, ташкилоту идораҳои дахлдор нестанд? Кӣ кафолат дода метавонад, ки фардо боз чунин ҳодисаҳои нангини доғдоркунандаи ному шаъну миллат рух намедиҳад?
Оҳу убол, арвоҳи духтарчаю писарчаҳои ғуррамарг гунаҳкоронро ором нахоҳад гузошту думболагир хоҳад монд…
Эй, ки куштӣ ту касеро пайи осудани хеш
То абад ҷанги тую олами арвоҳ бувад.
Мирзо Рустамзода,
СССР
