23.07.1958. Соат ба вақти Кӯлоб 07:30 дақиқа. Дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар кӯчаи «Первоймай» (ягон кӯлобӣ ин кӯчаро Якуми май намегӯяд!!!), маҳаллаи маъруф бар Қавволон, кӯдаке ба дунё омад, то барои 50 соли ахир номбардору наворбардори ин куҳаншаҳри 2700 сола гардад. Кӯдакро волидайн Собир ном гузоштанд, ба умеде, ки сабур мешавад, вале аз куҷо? Мисоли А. Собир шахси кунҷкоб, пуркор, сертараддуд, дар ҳама тую хурсандӣ ва маъракаи азои шаҳриён ва сипас ҷумҳурӣ дастандаркорро ёфтан муҳол аст. Ба ҳарфе Собир антиподи маънои номаш хеле бесабр баромад, ки ҳалолаш бод.
Имрӯз дар архиви шахсии А. Собир он қадар навору фиттаву ахбору факту далел маҳфузанд, ки шояд дар архиви бархе радиову телевизион набошанд. Ӯ наворгир, шоҳиди зиндаи тамомии бурду бохт, ҷангу ҷадал ва сулҳу салоҳи Тоҷикон дар тӯли ним асри охир аст. Борҳо метавонист туъмаи туҳмату буҳтон ва қатлу куштору тирпарронӣ қарор бигирад. Ин ҳамаро таҳаммул кардаву бахшидааст, илло кореро, ки то мурдан, ба гуфтаи худаш бар масъулин намебахшад ва он моҷаро ин аст:
– 3 сол пеш, рӯзи таваллудам, яъне 23 июл, дар ҷои кор, ТВТ, ки 30 сол фаъолияти бетанаффус доштам, маро ҷеғ задаву гуфтанд, ки давида рафта ба 200 сомонӣ 1 ҷома харида биор. Ман ҳам ягон барномаи ҷолиб аст, гуфта, давида, харида овардам, ки мардум ҷамъ. Хулласи калом, ҷомаи худам харида овардаро бар танам пӯшонданду «бо тантана ба нафақа гуселам карданд!». Масъулини ҳамонрӯза, хизмати маро ҳатто ба 1 ҷомаи харидаи худашон қадр накарданд… Дилам аз ҳамкорону ҳамтоён монд он рӯз… Хайрият, СССР ин ҳодисаро шунида, РӮЗИ ДИГАРАШ МАРО БА КОР ХОНД…
Шоҳрӯз муборак, устоди наворгирону суратпардозони журналистикаи Тоҷик. Мо ҳамеша ба қадри заҳматҳои шумо мерасем. Туҳфаи СССР бар Шумои гиром 1 сафар ба хориҷи кишвар. Фоторепортажро интизорем. Мо Метавонем!!!
Мирзо Рустамзода,
СССР
