Хизматрасонии давлатӣ – боҷҳо афзуданд

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар барои баррасӣ пешниҳод шуда, буд, пазируфт. Ҳамакнун, аз рӯи тағйироти нав нархи боҷи давлатии бархе аз хизматрасониҳо боло мераванд. СССР хонандаи худро бо ин навъи боҷҳо шинос мекунад. Мо Метавонем!

 Ваколатномаи истифодаи мошин

Аз рӯи ин тағйирот минбаъд барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ваколатномаи ҳуқуқи истифодаи мошинро тасдиқ мекунанд, ҳаққи хидмат аз дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо то чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо – аз 150 сомонӣ ба 300 сомонӣ боло бурда мешавад.

Ҳамчунин, барои ҳуқуқи ихтиёрдории мошин, ин пардохт аз 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1125 сомонӣ то 2250 сомонӣ зиёд мегардад.

 Ваколатномаи авлодӣ

Тибқи лоиҳа, барои фарзанд, аз ҷумла фарзандхонӣ, ҳамсар ва падару модар, ҳаққи тасдиқи ваколатнома аз 25% нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо афзоиш меёбад. Ин маънои онро дорад, ки хароҷот аз 18,75 сомонӣ ба 37,5 сомонӣ мерасад.

Барои бародар, хоҳар, набера, бобо ва бибӣ бошад, ҳаққи ваколатнома аз 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо афзоиш хоҳад ёфт, ки ин аз 37,5 сомонӣ ба 75 сомонӣ мерасад.

 Ивази ному насаб ва номи падар

Аз рӯи тағйирот ба қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” барои иваз кардани ному насаб ва номи падар акнун шаҳрвандони Тоҷикистон 450 сомонӣ пардохт мекунанд.

Бояд гуфт, ки бар асоси моддаи 67-и Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ҳар шахси ба синни 16 расида ҳуқуқ дорад ному насаб ва номи падари худро иваз намояд. Ин ихтиёрӣ буда, ба истилоҳи ҳуқуқӣ – ин ҳуқуқи шахс аст, на ӯҳдадорӣ.

 Нархи талоқ 2 баробар афзуд

Инчунин дар Тоҷикистон арзиши бекор кардани ақди никоҳ 2 баробар зиёд шуд. Акнун барои қатъи никоҳ дар Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) аз 150 то 750 сомонӣ ва тариқи додгоҳ то 1050 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.

Тибқи лоиҳаи қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” барои бекор кардани ақди никоҳ боҷи давлатӣ чунин муқаррар шудааст:

– Дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон: ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 150 сомонӣ баробар аст. То ҳол ин маблағ 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (75 сомонӣ) аст.

– Дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар: ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 750 сомонӣ баробар аст. То ҳол ин маблағ 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (375 сомонӣ) аст.

– Дар асоси ҳалномаи додгоҳ: ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 1050 сомонӣ баробар аст. То ҳол ин маблағ 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (525 сомонӣ) аст.

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube