Кӯдак будам, ОЧАҶОНам қисса мекард:
– Дар деҳаи мо, Виёни Балҷувон, момаи Сайбӣ гуфтанӣ зане буд. 2 кӯдак дошт. Бева буд. Шавҳараш дар ҶБВ фавтидаву хатти сиёҳаш омада. Ҳамин Сайбӣ, дар хона нони хӯрдан надошт. Вале пораи равғани думбаи гӯсфанде дошт. Онро намехӯрд, ки тамом мешавад. Ҳар субҳ равғанро гирифта, ба рухсораву лабу лунҷи писаронаш мешакид, то ҳамсояҳо дида, фикр кунанд, ки кӯдаконаш гӯшти равғанӣ мехӯранду серу пуранд. Аз чунин модар-мегуфт модарам-магар гадо мерӯяд? Ҳеҷ вақт!!!
Инро нангу номуси Тоҷикӣ мегӯянд!!! А, имрӯз чӣ? Сарватмандтарин тоҷик гадост! Дореммм. Мехоҳем бештар кунем. Сари хам, гардани каҷ, турбаи гадоӣ дар қулуби мост.
На танҳо гадоҳои сари раҳ гадоянд. Мо низ гадоем. Муовин сардор шуданист, сардор вазир, вазир кабир ва кабир ҷазир…
Суворов гуфта буд, “аскаре орзуи генерал шудан надорад-солдат нест”. Аммо ҳама генерал шуда намебитвонад.
Ин ҳам гӯрба-гуфти Ортиқи Қодир-дилхоҳ “бизнесмен” миллионер шуданист. Миллион, ки ёфт, миллиардер шуданист. Ва ба тамомии пастиву баландӣ хешро мепартояду мардумро гӯл мезанаду тиҷорат мекунад.
Фаромӯш кардаем(д) арафаи иду айёмро? Нархро 1 бар 1000 мебардорем. Аксарият ҳоҷием. Ҳаҷро низ ба гадоӣ бадал кардаем. Зеро ҳоҷӣ тиҷораташ ривоҷ меёбад. Моро “Бобои Ҳоҷӣ” гӯянд бас! Вале бо кадом роҳу усулу пулу манол ҳаҷ рафтаем, худ медонему Худо…
Ҳой мардум! Рӯзи ҳисоб ҳаст! Касе бовар дорад, ки Худо танҳо бахшоянда асту мебахшад, хато мекунад, зеро Худо ҷаббору қаҳҳор низ ҳаст:
Гӯиё бовар намедоранд, рӯзи доварӣ.
К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд!!!
Холо шеъри Ҳофизро тафсир кардӣ, чанд гадои интернетӣ ба шӯр меоянд. Қалб не, қабл бигӯ. Ё Ҳофизро чаро дар ин даврон ёд мекунӣ? Ҳадафат чист? Киро ёд кунем, агар на Ҳофизу Рӯдакиву Саъдиву … пас киро? Онҳо чӣ мегуфтанду чӣ мехостанд, кори индивид аст. Вале мо ба таври худ бояд шарҳу тафсире нависем охир?
Ба доварии баъдимаргӣ ҳама бовар доранд. Ҳатто русу яҳудӣ. Аммо мо гадотабъон не. Ҳарчанд фикр дорем, мусалмони мусалмонем. Лермонтов мегӯяд:
«Но есть Божий суд, наперсники разврата,
Есть грозный судия…Он ждет,
Он не дпоустен звону злата,
И мысли и дела он знает наперед…»
Русиро медонед, умедворам. Пагоҳ матлаби маро бурда, аз экспертҳо нагузаронеду сиёҳам накунед. Барои худатон мегӯям. Бузургтарин давлату сарват ҚАНОАТ аст. Чизе Худо дод қаноат кунед.
Дар Себистони Данғара мазори Шақиқи Балхист. Ӯ дар суҳбат бо Иброҳими Адҳам мегӯяд:
-Дар тариқа(т)и шумо чи кунанд?
Адҳам мегӯяд:
-Расид шукр кунем – нарасид қаноат!
Шақиқ мегӯяд:
-Сагони Хуросон, яъне тоҷикон, чунин кунанд, ки шумо аъроб мекунед.
Адҳам мепурсад:
-Пас шумо чӣ мекунед, ки мегӯяд:
– Расид исор кунем (хайр кунем), нарасид шукр!
Иброҳим мегӯяд:
-Валлоҳ то Шақиқ ҳаст, банда дар хидмати ӯям…
Имрӯз чанд муллои интернетӣ ба Абдуқодир Талбаков часпидаанд, ки “5000 китоб нахондааст”. Ҳой мардум! Аз рӯи хеш дигаронро баҳо нагузоред. 5000 китоб ун қадар зиёд нест, ки мепиндоред. Китоб хондан аз қориазёд кардани кутуби осмонӣ фарқ дорад.
Банда, даъвои чизе надорам. Вале ҳар шаб 1 китоб мехонаммм!!! Барои худнамоӣ не. Просто мегираму мехонам. На дар барномаи Китобхона худро реклом мекунаму на дар Фйесбук. Китоби аудиоӣ, ё худ садоӣ мехонам, ки низ китобхонист. Шарт нест, саҳифа гардонӣ. Да синну соли мо, китоб гӯш кардан беҳтар аз китобхонист. Чашм дард намекунад. Нафарони хеле ба ман наздик медонанд, ки пурхонам. Писаронам Муҳаммаду Мубориз аз хориҷу наздик ҳатман ба ман китоб меоранд!!! Шоираи Раҳимҷонро пурсед, хоҳари қиёматии моро, ки ман чӣ миқдор китоб хондаам. Зарур шуморам, дилхоҳ китобро дар шакли оригинал, яъне ба забони муаллиф мехонам. Забондон нестам. Тарҷума карда мехонам!
Ёдам ҳаст, Одина Ҳошимови нотакрор мегуфт, “1 миллион байт медонам”. 1 олиме, ки имрӯз низ зиндааст, дар маҳфиле пурсидаш, ки “устод рост аст, ки Шумо 1 миллион байт аз ёд медонед?”. Бо табассум гуфт, “Бачаҷон! Далел куҳна аст. Ҳоло 2 миллион байт медонам!!!”.
Шахсан ман рӯзе Одина Ҳошимро гӯш накунам, чизеро гум кардаам. Ин аз пурдониву пурхонии Одина Ҳошими азиз аст, ки беҳтарин ғазалҳоро ба мо тақдим карда рафт.
Даъвову дағо нисбат ба инсоне, ки намегӯяд, 5 миллиард доллар дорам, мардумро гӯл намезанад, дар рамазон нархро намебардорад, хонаву дари обод накардааст, танҳо мегӯяд 5 ҳазор китоб хондаам, низ гадоист. Мардум мехоҳанд дар ин баҳс обрӯ биталабанд. Обрӯталабӣ ҳам гадоист. Ва ин шуҳратгадоҳо ба яке аз зиёиёни тоҷик дармеафтанду мо ҷумла хомӯшем. Зеро гадоем. Гадо хомӯш мешинад, то чизе садақааш кунанд. Мо ҷасорати ҳифзи ҳамтои хешро надорем. Мутаассифона…
Бинед, шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳадде гадопараст шудаанд, ки имрӯз кам нафаре ба хираду ақл такя мезанад. Ҳама дар талаби шуҳрати 1 лаҳзаина шудаанд. Гадоӣ дар ҳар шаклу симату сурате ҳузур металабад, айб аст. Мо миллати гадову талабанда набудем. Дар саҳифаи 5 матлабе меравад, ки хонандаи доимии мо навиштааст, бонувони гадоро кор пешкаш кардему онҳо бо ханда гуфтанд, маоши туро мо дар 1 ҳафта меёбем. Суҳбат сари маоши кам нест. Баҳс рӯи шарму иффати тоҷикист. Куҷо равонаем, эй мардум?…
