Авохири моҳи июн меҳмони Ховалинг будем, бо гурӯҳи бузурги адибону зиёиён ва журналистону мунаққидин. Дар Ховалинг аз 80 – солагии шоири маҳбуб, яке аз ситораҳои баланди уфуқи адабиёти советии Тоҷик дар солҳои 70-уми асри ХХ, устод Ҳабибулло Файзулло ҷашн гирифтанд ва он ҳам бо хараҷу мараҷи фарзандони некномаш, ки сарватманданд…
Усулан Ховалинг маро форид, писанд омад. Бузургонеро, ки зодаи ин сарзаминанду барои миллату давлату санъату адабиёти даврони советӣ ва 30 соли истиқлоли давлатӣ хизмат кардаанд, пос медоранд ва номашонро абадӣ кардаанд. Осорхонаи Восеъ, Ҳабибулло Файзулло, Ҷӯрабек Назриев амал мекунад. Ба номи Ғаффор Мирзо, Зафар Мирзоён, Сайдалӣ Вализода гулгашту кӯчаҳо сохтаанд. Дар осорхона ҳар адиби ховалингасл, сар аз Ҷалол Икромӣ, Вализода, Абдулҳамид Самадов, Шоҳ Ёдгорӣ, то генерал Давлат Назриев, хулласи калом тамомии номдорон, гӯшаи худро доранд. Ва ин ҳамаро 1 таърихнигори хушном Амирхон Саидзодаи Мункӣ гирдовар кардааст, ки ҳалолаш бод! Дар Ховалинг ҷамъоварии асару осори ишон хуб корест!
Вақте ба Дарвоз меравед, дар саргаҳи он осорхонаи устоди дастонсарой Муъмин Қаноат қомат задааст, амсоли худи шоир болобаланд, чашмрас ва дилнишин. Дар ин осорхона, ки бо талоши Шералӣ Кабир-вазири саноати кишвар сохта шудааст, достонҳои мавсуф, аксу тасвир, ордену медалу диплому сафардидаҳои шоир ҷамъовар шудаанд. Муборак аст, ки дарвозиҳо устоди хушномро фаромӯш накардаанд!
Ҳар нафаре ба Қаратоғи Регар меравад, ҳатман ба осорхонаи қаҳрамони миллат устод Мирзо Турсунзода дучор мешавад. 1 ҷои хушбоду ҳаво, хонаи падарии шоири сулҳпарасти мо, ки имрӯз, дар он шарту шуруте, ки ҷаҳон ба коми ҷанг фуруд омад, ашъораш рӯзмарра шуда истодааст:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо!!!
Офарин ба регариён, ки ҳамшаҳри бузургашонро фаромӯш намекунанд, ҳарчанд ин осорхона ба таҷдид ниёз дорад…
Ба ҳамин монанд, имрӯз хубтарин осорхонаи Лоиқ Шералӣ дар зодгоҳаш Панҷакенти бостонӣ қомат алам кардаст. Ҳар нафаре аз ин осорхона дидан кард, бо овони туфуллияту айни шубоби шоири шаҳиру номдортарини тоҷик дар 30 соли ахир асри ХХ ошно мешавад. Брависсимо панҷакентиҳои нозанин, ки Лоиқро фаромӯш накардаву ҳайкалашро сохта, музеяшро таъсис додаанд.
Дар шаҳри Кӯлоб бо талошу кӯшиши Файз – фарзонаписари устод Ашӯр Сафар, ҳамоне ки менавишт:
1 бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базми тараб мешуда бошад???
…хона-музейи хоксоронаи шоири шаҳир мавҷуд аст. Файз соли 20-ум аст, ки мехоҳад гулгашти падарашро дар гӯшаи ин шаҳри бостонӣ обод кунад, вале пул надорад! Воқеан ҳам агар аҳамият додаед, касе пул дорад, осорхонаи падараш хуштарҳ асту ёдбудаш пуродам…
Ва ин дар ҳолест, ки Сарвари давлати мо воқеан ҳам шахсияти суханпарвардаанду аз адибони хушном арҷ мегузоранд. Намунаи беҳтарини ин иддао, дар маркази ш. Айнӣ ифтитоҳи гулгашт ва қомат задани пайкараи бузурги Гулназар Келдӣ-шоири маъруф, муаллифи Гимни Тоҷикистон бо ҳузури Президенти кишвар будӣ.
Дар н. Муминобод, хона-музейи академик Соҳиб Шуҳратиевич Табаров бунёд ёфтааст, ки ҳар бинандаро бо осору асару азму талош, матолиби интиқодӣ ва сиёсии даврони шуравии профессор ошно месозад. Ҳалоли муъминободиҳо бод, ки Фарзанди азизи диёри хешро ба фаромӯшӣ надоданд…
Ман ростӣ, дар Бадахшону водии Рашт камтар будам ва намедонам ун ҷойҳо низ осорхона ва хона-музейҳои шоирону адибони миллатсоз вуҷуд доранд ё на? Бовар дорам, ҳастанд. Вале маро 1 суол ором намегузорад, ки чаро шахсиятҳое, ки дар маркази кишвар солҳо зиставу баҳри тамаддуни Тоҷикон дар 10 соли ахир набарду пархошҳои фарҳангӣ кардаанд, баъди мурдан аз Шахсияти Миллӣ ва Фарди Маҳаллӣ табдил меёбанд?
Бад нест, агар дар зодгоҳашон осорхонаву хона музей созем, аммо хуб нест, ки ин фардҳои барҷастаи миллӣ дар марказ осорхонаҳо надошта бошанд. Ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад хато ҳам бошад, ҳар «домсоз», дар баробари ҳазорон-ҳазоррр мағозаву гиперу супермаркет, толори ҳусну бургерҳо…агар 1 осорхонаи хурди ин ё он бузургвори миллатро дар ошёнаи аввали бинои сохтааш, бунёд мекард, аҷаб кори хубе мешуд. Зеро таври маълум Миллатҳо ва Давлатҳоро бургеру маркетҳо намесозанд, Миллату Давлатҳоро таърихи кӯҳнаву навашон бунёд мегузоранд:
Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Паноҳат бар Худо кардему рафтем…
