Вокуниши хонандагони газетаи мардумӣ ба матлаби “Шоҳбол ҳануз ҳам дар набард аст…”, СССР№26(874), 26.06.2025.
Суҳробшоҳи Фаррухшо:
-Чанд сол пеш зимни сабти як барнома бо чанд кӯдаки футболбоз суҳбат мекардам ва нахуст аз ҳамаи онҳо номҳояшонро пурсидам ва баъд хостам, ки суҳбат кунам. Ту чӣ ном дорӣ гуфта, микрофонро ба ҳар яке наздик мекардам. Ба ҳамин тартиб 3 нафарро пурсидам. Судайс, Абубакр, Ёсин….. 1 вақтҳо дар 1 мақолаам навишта будам, ки: сари 1 таҳоҷуми идеологияи арабӣ дар они воҳид Тоҷикистон пури Сумая шуд.
Абдуқодир Талбаков:
-Ҷавонеро ба наздикӣ дидам хеле асабию саргардон. Аҳвол пурсидаму гуфт, мехоҳад номи духтари навзодашро Оро бимонад, аммо кормандони САҲШ-ЗАГС гуфтанаш чунин ном дар феҳрист нест, дигар ном пешниҳод кун. Хеееле афсӯс…
Сафармад Одинаев:
-Зодрӯзи Шоҳбол муборак бошад. Тани сиҳату умри дарози бобаракатро орзумандам. Баъзан дар ФБ ягон нафар мепурсад, ки барои духтар ё писар ягон номи зебо пешниҳод кунед, мутаассифона 1% номи тоҷикӣ пешниҳод мекунанд, боқӣ арабӣ.
Саидҷалол Саидов:
-Ин касалии кӯҳна аст, аз замоне, ки ба алифбои туркии лотиниасос гузаштем, аксари кормандони ин идора ҳамон вақт сарбозони собиқи аскари сурх ва миллати нуғай буданд. Номҳоро туркӣ ё туркиталлафуз сохтанд, минҷумла номҳои ҷуғрофиро.
Ҳасан Шерализода:
-6 сол пеш вақте ман набераамро Фаромарз ном гузоштам, бархе аз рафиқон эрод гирифта гуфта буданд, ки «Ин чи хел ном? Ягон номи мусулмониш намондӣ?!». Ҳоло ҳам ҳолат ҳамон аст, ки ҳамон. Ба кӣ мегуй…
Раҳим Зулфониён:
-Боломақомҳои ин ниҳод (САҲШ) дар чунин мавридҳо ҳатто, ба хулосаи Кумитаи забон беэътиноӣ доранд, ки ин риоя нагардидани қарори ҲҶТ оид ба ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ мебошад.
Тоҷизода Шарифҷон:
-Ин Феҳраст бояд ҳадди ақалл дар 2 сол 1 бор аз ҷониби ниҳодҳои илмии марбут ба ному номгузорӣ такмил ва тасҳеҳ шавад. Зеро номҳои асили тоҷикӣ ҳанӯз ба ин феҳраст ворид нашудаанд.
Аксар номҳо арабиву маънояшон ба тоҷикӣ хандаовар аст. Масалан, номи арабии «Абубакр» — маънояш «падари шутури ҷавон» аст, ки дар замони ҷоҳилият ва аввалҳои ислом чунин ибораҳо маъмул буданд.
Абдумудассир Аҳмадзода:
-Аввалан, зодрӯзи Шоҳбол муборак! Ростиро завол нест гуфтаанд. 3 ҳамсояи наздиктарини ман исми Муҳаммад доранд. Вақти моҷароҳои кӯдакона яке дигарашро «очата фалон… Муҳаммад» мегуяд (астағфуруллоҳ!). Ана инро «салавот» мегуянд, ки ба инаш чӣ мегӯед? Ин 1 пайравии кӯр-кӯрона асту бас… «Ном шафоат мекунад» мегӯянд, магар чунин истифодаи ном шафоат мекунад?
Мирзо Кенҷаев:
-Ман мудири бахши сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ шавам, номҳои тамоми тоҷиконро пурра миллӣ мекунам, аз ҷумла:
– Шоҳбол, Ораш, Каюмарс, Рустам, Суҳроб, Ромиш, Ромиз, Манучеҳр, Обондухт, Аноҳито, Нӯшозар, Гурдофарид, Маҳастӣ, Манижа, Бижан, Эраҷ, Фарзон, Суғдмеҳр, Эроншоҳ, Тоҷикшоҳ ва ғ… Мо Метавонем!
