75 сол. Ёде аз заминларзаи Ҳоит

8-9 июли соли 1949 дар саросари кӯҳистони Қаротегин заминҷунбии сахт ба амал омад. Маркази он ноҳияи Ҳоит буд, ки ларзиши замин қувваи 8-9 балро дошт. Таърихи инсоният чунин заминларзаро ёд надошт. Аз рӯи таҳқиқоти олимон ва мутахассисони ш.Москва қувваи ларзиш 9 балӣ буд.

Рӯзи сеюм аз ш.Душанбе самолётҳо парвоз карда, ба фурудгоҳи Қалъаи лаби об фуруд омаданд. Дар болои деҳаҳо паст парвоз карда, халтаҳои нони гарм, қанди сафед, қуттичаи доруворӣ партофта мерафтанд. Аввалин лётчикҳо, ки дар таърихи 11 июли соли 1949 ба ҷойи заминларза омаданд В.Осипов, И Ослов, А. Гронхи, В.Ивлиев, Калабеков, Адренко, У.Гуля, К.Злоблин, авиатехник, И.Кичкин, Я. Жередов, сардори раёсати ҳавомпаймоии ҶТ, Рибалка буданд.

Дар пайи заминҷунбӣ зиёда аз 150 деҳа вайрон, 29 ҳазор аҳолӣ ҳалок ва бе ному нишон гашта буданд.

Сарвари давлати советӣ И.В.Сталин таъзия фиристода, ба роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки тамоми чораҳоро андешида, мардуми офатзадаро бохонаву ҷой ва озуқаворӣ таъмин намоянд. Ҳамон соли заминларза, яъне соли 1949 раиси Ҳизби комунистии ноҳия Раҳматшоҳ Иброҳимов буд, ки бо саҳми бевоситаи ӯ сардори Ситоди махсуси Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Саломатшоев аз ноҳияи Ҳоит дидан кард.

Дар таърихи 15 июли соли 1949 Комиссияи махсуси давлатӣ бо роҳбарии котиби дуюми КМПК Тоҷикистон Шилкин ба ноҳияи Ҳоит омада, бо аъзои Ситоди фавқулода гуфтугузор карда, нақшаҳои ояндаро муайян намуд. Шилкин дар назди фаъолон ва мардуми азияткашидаи Қалъаи лаби об баромад карда, қайд намуд, ки И.В. Сталин супориш додааст, ки Қалъаи лаби об аз нав обод карда шавад, зеро мардуми ноҳияи Ҳоит намехостанд ба ҷои бехавф кӯчанд.

Бобоҷон Ғафуров ҳам тарафдори аз нав обод намудани Ҳоит буд. Дар ҳамин вохӯрӣ Бобоҷон Ғафуров пешниҳод кард, ки минбаъд Қалъаи лаби об Тоҷикобод номида шавад.

 Абдулҳамид Абдуллоев,

н. Тоҷикобод

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube