Чаро рӯзи таъсисёбии ҶШС Тоҷикистонро ҷашн нагирем?

14 – октябр (27 октябр) -и соли 1924 баъди такудавҳои зиёди фарзандони ба нангу ор, Қаҳрамони халқи тоҷик Нусратулло Махсум (Лутфуллозода), Шириншоҳ Шоҳтемур, Имом Чиноров ва дигар зиёиёни рӯшанфикр, дӯстдори Ватану миллати тоҷик Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд. Яъне, 100 сол пеш ба мардуми шарифи тоҷик муяссар шуд, ки соҳиби давлати навбунёд гардад.

Баъдан 15 октябри соли 1929 ҳамчун Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар миқёси байналмиллал шинохта шуда, ин санаи фаромӯшнашаванда дар таърих қарнҳо боз боқӣ хоҳад монд. Лек як чиз бисёр тааҷҷубовар аст. Чаро мо рӯзи 14 ё ин ки 27-уми октябрро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки бобоёни мо барои таъсисёбии он хун рехтаю ҷонбозиҳо намудаанд, чун ҷашни миллӣ қайд намекунем?

Охир мо дигар санаҳои таърихӣ: І январ – соли нави милодӣ, 8-март – иди Модарон, 9-май рӯзи Ғалаба, 27 -июн рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ғайраро ҷашн мегирему рӯзи таъсисёбии ҷумҳуриямонро не? Сабаб дар чӣ бошад? Худам посух наёфтам. Шояд касе ба ин суол ҷавоби мушаххас медода бошад?

Муҳаммадшоҳи Мирзо,

н. Сангвор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube