Саргузашти 1 минакоби Тоҷик дар  Афғонистон

Афғонистон, кишварест, ки асрҳои аср бо ҳар баҳонаи мазҳабиву иҷтимойӣ ба ҷангу ҷидол кашида шуда, солҳои дароз оромиро намебинад. Достони хеле кутоҳе андар фаъолияти 1 сарбози тоҷик Одилбеки Амирбек, ки дар ин сарзамин хизмат карда буд, аз забони худаш ин ҷо мекорем. Мо Метавонем! 

 Таваллуди сарбоз 

Рӯзи 8 октябри 1961 дар оилаи Амирбеки Хоҷасаркор (1919-1973) ба дунё омадаам. Ҳоит дар он замон зиёда аз 50 ҳазор мардум дошт. Бобои маро барои он Хоҷасаркор мегуфтанд, ки мисли ҳазорон нафари дигар он замон ба Ӯзбекистон рафта, мардикорӣ ба гуфти имрӯза (бригадир)-ӣ мекард. Ҳамсояи бобои ман бобои Ҳасан низ мардикорӣ рафта, духтараки русеро ба занӣ гирифта, ба зодгоҳаш деҳаи Ҳоит оварда буд. Писари бобои Ҳасан, ки ҳамсоли падари ман буд, ба ӯ забони русиро ёд дода будааст.

 Амирбек аскари Сталинград

Падарам ҶБВ рафта, дар фронти Сталинград ҷангид. Ба шарофати ҳамон писари руси ҳамсоя забонро аз дигарон дида, хуб медонист ва ӯро сиёсатмадор (политрук) мекунанд. Соли 1943 дар ҷанг, ба сару танаш тир расида, сахт захмӣ мешавад ва хизматаш ба ҳамин ба охир мерасад. Ба зодгоҳ омада, раиси боғча, баъд раиси ноҳия низ будааст. Модарам духтари Махсуми Маҷиди ҳоитӣ соли таваллудаш 1932 фавташ 2006 мебошад. Оилаи мо иборат аз 7 фарзанд буд.

Бузурвор падарам чанд вақт дар ноҳияи Варзоб бо модари ҳофизи шинохтаи тоҷик шодравон Зафари Нозим (1940-2019) бибии Валамад кор кардааст. Баъди ин ӯро ба ноҳияи Қумсангир ба мавзеи хушманзари Бешаи Палангон роҳбар таъин карданд.

Падарам Амирбек аз зани аввалаш 3 фарзанд дошт, ки онҳо ҳамагӣ дар даҳшатноктарин зилзилаи Ҳоити водии Рашти соли 1949 ба амал омада, ки ҷони зиёда аз 55 ҳазор танро даррабуд, нест шуданд.

 Хизмати аскарӣ

Соли 1980 маро ба хизмати аскарӣ даъват карда, ба шаҳри Ишқободи Туркманистони Шуравӣ бурданд. Дар ин ҷо 6 моҳ дарси таълимӣ (учебные курсы)-ро гирифта, соҳиби унвони сержант шудам. Ҳамон замон ман дар қатори 100 ҳазор сарбози дигари Шуравӣ, ман низ ба қумандони полк ариза навиштам, ки маро бо хоҳиши худам барои иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ дар ҳайати гуруҳи қӯшунҳои СССР ба Афғонистон фиристонад. Ногуфта намонад, ки аввалин рафтаҳо ба ин ҷанг ҳама бо аризаи худ рафтаанд, на маҷбурӣ!

 Деҳаи Адраскани соҳили Фарахруд

Баъди 3 моҳ, моҳи августи соли 1981 моро ба воситаи чархбол (вертолёт) ба Шӯрои деҳа (улусволӣ)-и Шиндони вилояти Ҳироти Афғонистон бурданд. Дар ин ҷо артиши калони воҳидҳои низомии бисёр ба монанди гуруҳи алоқа, пиёданизом, зудамал, ҳавопаймои қиркунанда, десант, тупхона, тонку зиреҳпӯш ташкил гарида буд.

Ҳанӯз пеш аз Инқилоби Савр, ки рӯзи 27 апрели соли 1978 шуда буд,  бо ҳамкории роҳсозони Ҷумҳурии Булғористон ва Иттиҳоди Шуравӣ дар Шӯрои маҳал (улусволӣ)-и Адраскан камин гирифта, шоҳроҳи замонавии Кушка-Кобулро сохта, ба истифода дода буданд. Ҳамчунин дар ноҳияи Шиндон калонтарин урдугоҳи ҳавоӣ дар ин минтақа сохта, қисмҳои бузурги низомиро дар атрофи он нигоҳ медоштанд.

Хулоса, дар деҳаи Адраскан соҳили дарёчаи Фарахруд ротаи мо, ротаи махсуси минаковиро ҷойгир карданд. Хизмати ман дар сарзамини Афғонистон 16 моҳ давом ёфт. Кори мо иборат аз он буд, ки гурӯҳи пеш аз мо, яъне ҷӯяндагон минаро ёфта, назди он байрақчаи сурх мегузоштанд, то мо онро аз зери хоку санг гирифта, бехатар созем.

Бояд қайд кард, ки дар Афғонистон намояндагони мардуми тоҷик, ӯзбек, туркман, ҳазора хеле зиёданд. Барои ҳамин аз Шуравӣ бисёртар сарбозонеро мегирифтанд, ки бо ин забонҳо ошно ҳастанд. Дар ҳар 1 қисми ҳарбӣ ҷавонони аз ин мардум 10-15 ва дар баъзе қисмҳо аз ин ҳам зиёдтар ҳузур доштанд, ки бо мардуми маҳаллӣ дар алоқа шаванд.

 Кумаки бепул

Махсус бояд қайд, кард, ки сарбози Шуравӣ аз мардум ва хоки он 1 мисқолро аз худ накарда, балки аз рӯзи аввал то баромадан хонаҳои бисёрошёна, купрук, роҳҳои асфалтпӯш, шифохона, мактаб, майдони ҳавоӣ ва 1000-рон иншооти дигарро сохта, бепул ба мардуми афғон бахшиданд. Масалан дар ҳамин деҳаи Адраскан, ки ман 16 моҳ хизмат кардам, хати барқ ва хати телефонро бепул кашида, дода будем, ки аз рӯйи гуфтаи чанд “ватандор” то ҳол хизмат карда истодаанд. Баҳорон мо сарбозони Шуравӣ бо калони ин деҳа -бобои Аловуддин ҷамъ шуда, ҷӯйбору шоҳариқҳоро тоза ва барои кишти замин ёрмандӣ мекардем. Дар қисми ҳарбии мо 2 трактори ДТ-75 шабу рӯз дар хизмати ин деҳа буд. Аз рӯзи азал ин деҳа кори тракторро надида буд, ки ба шарофати сарбози Шуравӣ заминҳошон кораму серҳосил шудан гирифт. Ҳамон рӯз, дидам, ки мардоне, ки 1 умр бо белу каланду зоғнул ҷӯйбор меканданд, аз шодӣ мегиристанду намедонистанд, ки ба мо чӣ сипосгузорӣ кунанд. Дар ҳайрат монданд, ки ин мардуми Шуравӣ чӣ хел техникаву чӣ дасти сабук дорад.

Аз “ватандорон” ҳоло мешунавам, ки сарбозони Амрико ва НАТО на танҳо ба мардум кумак намекунанд, ки агар 1 тиррас ҳатто кӯдаке наздики техникаи онҳо ояд, шилик мекунанд, яъне мепарронанд! Зеро миссияи шуравӣ воқеан кумак ба халқи афғон буд, на забту истилои кишварашон.

Табобати ройгон ба мардуми афғон

Дар паҳлӯи қисми ҳарбии мо шифохона (госпитал)-и ҳарбӣ буд, ки 9 соли расо, табибони он бепул, бе ягон гапи зиёдатӣ ҳар 1 афғони муроҷиаткардаро табобат мекарданд. Бе пул дору медоданд ва ташхиси санҷишӣ мекарданд. То ҳол ин мардуми либоси сафеди табибонро надида, ин рӯзҳои некро мисли афсона ба ёд меоранд, ки ин қадар меҳрубони мардуми Шуравӣ аз куҷо пайдо шудааст? Аз рӯи шунидаам, ҳамон солҳо наздики 400 ҳазор ҷавони афғонро ба СССР оварда, ройгон хононда, табобат низ карда буданд.

 Ману малярия ва шапошапи афғонҳо

Аз чӣ буд, ки рӯзе худам сахт мариз шудам. Эҳтимол дошт, ки кӯрпашае маро газида, ба касалии вараҷа (малярия) дучор карда буд. Пеши табиби қисми ҳарбӣ омада, шикоят кардам, ки сарам дард мекунад, ба зӯр гап мезанам. Ягон хел табобатам кун, сӯзандоруе бизад. Ҳамин замон чанд афғоне, ки барои об бо ҳам даст ба гиребон шуда, якдигарро бо бел зада, сару танашонро захмӣ карда буданд, ҷамъ шуданд. Ноилоҷ ба сифати тарҷумон миёни онҳо мондам. Табиби мо дид, ки ин афғонҳо ба ҳам ҳеҷ соз намеоянд, ба онҳо шарт гузошт, ки агар пеши ӯ оштӣ кунанд, захми онҳоро табобат хоҳад кард. Аз маҷбурӣ буд, ки онҳо бо ҳам даст дода, оштӣ карданд, ки табиби СССР онҳоро бемалол муолиҷа намуд. Ана ҳамин хел табибони Шуравӣ ба мардуми ин сарзамин бе ягон ғараз хидмат мекарданд. Ҳаминро бояд гуфт, ки мардум пул надошт, лекин барои табибон каму беш ошу меваҷот ва дигар навъи ғизо оварда, зиёфат медоданд.

 Хизмати бе миннат

Моҳи декабри соли 1982 хизаматам ба поён расид. Ҳамхизматони ман аз колхози ба номи “Амиршоев”-и шаҳри Кӯлоб Шариф Саидов, Абдулҳақ Аҳмадов аз колхози ба номи “Правда”-и ноҳияи Фархор, Саидов аз ноҳияи Восеъ, Собир ва Раҳмон аз ноҳияи Қумсангир, қумандони ротаи мо Владимир Алюнин аз вилояти Суми Ҷумҳурии Украин, Сергей Эрберг аз шаҳри Ленинград, Виктор Сидоров аз шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия, Василий Нагансев аз шаҳри Ростови лаби Дон, Орази Мизоиён аз Ҷумҳурии Арманистон, Семён Ляху аз Ҷумҳурии Молдова, Бахтиёр Хайдаулов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Озод Абдуллоев аз шаҳри Самарқанд буданд.

 Талафи Артиши СССР дар Афғонистон

Ҳаминро бояд гуфт, ки дар ин 10 соли ҷанг, зиёда аз 620 ҳазор шаҳрвандони СССР, аз ҷумла 525,5 ҳазор сарбозу афсар вориди Афғонистон шуда, аз худ 14 427 нафар кушта гузошт. Дар ҷараёни ин ҷанг 49 984 нафар захмӣ, 312 нафар асир гаштанд. 86 сарбоз бо унвонии олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз шуд, ки 2 нафари онҳо аз Тоҷикистонанд – Набӣ Акрамов ва Александр Мироненко.

 Гирдовари Шамсиддини Муқим,

ш. Москва, СССР.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube