Пас аз хизмат, таҳсил

Абдуқаюм Кенҷаев, донишҷуи факултаи «Журналистика ва ТВ»-и Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода меҳмони идора шуда, гуфт, ки 1 пешниҳод ба вазоратҳои мудофиа ва маориф ва илми кишвар дорад.

– Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо мувофиқа бо Вазорати маорифи ин кишвар қарор бастанд, сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро пурра тамом мекунанд, аз рӯи интихоби худашон ба дилхоҳ ихтисосу донишгоҳҳо бе супоридани имтиҳон дохил мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозоне, ки пурра хизмати ҳарбиро адо намудаанд, Маркази миллии тестӣ 75 хол медиҳад, ки ин қонеъкунанда нест. Хуб мешуд, агар ин иқдоме, ки дар кишвари ҳамсоя – Қазоқистон ҷорӣ гардид, дар кишвари мо низ роҳандозӣ карда шавад, зеро ҳастанд нафароне, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар макотиби олиро доранд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube