РЕЗААХБОР

   24.02.2024. Шабона, ки кӯчаҳои пойтахт аз мошин каманд, тонки таърихии майдони Ғалаба («Ослинные уши») аз ҷои пештара гирифта ва ба боғи Ғалаба кӯчонда шуд: ҷои тонк автомагистрали чандошёна бунёд мегардад!

  – Соли 2023 беш аз 200 ҷинояткор бо дархости Тоҷикистон боздошт ва ба кишвар истирдод шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 100 нафар зиёд аст.

– Дар пайи мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳафтаи гузашта дар ш.Бӯстони вилояти Суғд доир гардид, боз 1,11 км хатти сарҳади давлатӣ мувофиқа шуд.

– Ҳукумати Амрико ба мактабҳои Тоҷикистон 242 ҳазор дона китоби дарсии забони англисӣ ҳадя кард.

– Дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 473 ҳазору 841 шаҳодатномаи ақди никоҳ дода шуд, ки 9 ҳазору 663 адад ё худ 2% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube