ПАСПОРТПАРАСТОН

Ҳафтаи гузашта, бо амри вежаи вазири корҳои дохилии республикаи Хакасия, генерал-майори милиса Владимир Генералов (насаби генералро бинед!!!), 1 шаҳрванди ФР, собиқ гражданини ҶТ, ки гуфта мешавад 35-сол доштаву қочоқчӣ будааст, аз шаҳрвандии Россия маҳрум гардид. Ин нафар 15 сол муқаддам, дар соли 2009, паспорти Тоҷикиро 1 шатта задаву шиносномаи русиро бар ҷайб карда буд. Ҳоло 14 сол суд шудааст. Зимнан дар соли 2032, чун аз маҳбас баромад, ӯро рост ба…Душанбе дафъ мекунанд…

Пурсида мешавад, ҳамин хиёнату ҷинояткори қочоқчӣ ба мо лозим аст? Мисли даҳу саду ҳазор экстремисту хиёнаткору террористу ҷинояткор, ки мутаассифона, мо то ҳанӯз онҳоро ба ватан кашида меорем? Шахсан ман шубҳа дорам, ки нафаре 1 бор ба ватан хиёнат кард, боз хиёнат намекунад. Ин ҷо 1 қисса ёдам омад:

– Ҷавонмарде гуфт, барои фарзандон 1 бор хиёнати занашро бахшид. Ин қиссаи воқеист. Вале баъди гузашти 2 соли ҳамзистии навбатӣ, дарак ёфт, ки ин зани хиёнатпеша, бо ҳамон нафаре, ки қаблан бо ӯ зино кардааст, муносиботи маҳрамона дорад, зеро он мард ин занро дар наркотик шинонда будаасту шантаж мекардааст, ки типа, «агар имшаб аз хона набароӣ ба шавҳарат сирратро фош мекунам!»…

Нафаҳмидӣ хонанда? Гуфтаниям, нафаре ватанро фурӯхт, паспорти хориҷиро гирифт, шаҳрвандии дигар кишварро пазируфт, аввал ин ки дигар ба гуфтаи бобои Ғулом «одам намешавад!», вале агар ҳам шуд, ричаг, банди фишорашро мақомоти кишвари хориҷӣ дар даст дорад ва ҳар гоҳе хост шантаж кардаву ӯро истифода мебарад. Ба вежа агар ин нафар сари қудрату болои вазифа бошад. Ин маъмултарин шантажи хадамоти таҷассусист барои ҳама давру замонҳо.

Имрӯз усулан 3 кишвари собиқ давлати СССР дар гирумадору шантажи хориҷиён қарор дорад:

– Украина, Гурҷистон ва Молдова.

Ва медонед чаро? СССР, ки табъану зотан ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар байни 15 республикаи собиқ бародарӣ меомӯзад, медонад, чаро. Зеро дар ин кишварҳо 3 президенте сари коранд, ки душаҳрвандӣ доранд!!!

– Зеленский шаҳрвандии Исроилро (любой яҳудӣ шаҳрванди Исроил аст!):

– Санду Мая шаҳрвандии Руминияро:

– ва Саломе Зурабишвилӣ шаҳрвандии Фаронсаро…

Иля Кива, экс-депутати Радаи олии Украина бошад, дар таърихи 11.09.2023, дар Телеграмм-каналаш навишт,  Вл. Зеленский ҳатто шаҳрвандии Британияро низ қабул кардааст!!! Ин ҳамту инфо барои андеша, на чизи дигар.

Вале баргардем сари гӯсолаҳои худ (вернемся к нашим баранам – и русӣ) ва ба 1 суол посух ҷӯем:

– Оё садҳо ҳазор нафаре, ки шаҳрвандии Россияро қабул кардаву бо паспорти ФР бар кундуки сина мезаданду боқӣ тоҷиконро таҳрик медоданд, ки рус шаванд ва имрӯз, баъди мобилизатсия ва шуруъи ҷанг дар Украина, чун каламушҳо аз киштии ғарқшуда, аз Россия ба «Ватан» мегурезанд, ба боварӣ ҳастанд ё на? Ба инҳо метавон эътимод кард, ки дигар Тоҷикистонро намефурӯшанд?

Ёд дорӣ, хонандаи гиром, ки 7-8 сол пеш маъракаи паспорти тоҷиксӯзӣ дар авҷ буд? Оё на ҳамин дезертирҳои хонашеру майдонғариб буданд, ки шиносномаи Тоҷикистонро месӯхтанду дар интернет мегузоштанд? Интернет ҳама чиро маҳфуз медорад. Минҷумла ин хиёнати гӯшношуниди тоҷикакони хоинро низ. Вале мо бар қиболи ин ҷиноёт чӣ кор кардем? Онҳоро бозпас қабул намудем… Мисле, ки террористу экстремистони рафтаро ҳатто аз зиндонҳои арабу афғонӣ оварда, аз ҳисоби кисаи шаҳрванди мулкӣ, яъне буҷаи ҶТ нигаҳдорӣ мекунем.

Яъне экстрадитсия, ҳамлу нақл ва зиндони ин хиёнаткорон бар зарари ҷайби мо шаҳрвандони одист. Фарзи мисол, бисёр давлатҳои ҳамҷавори мо, аз ҳудуди ҳамин маҳдудаи собиқ СССР, чунин ҷинояткоронро куллан аз шаҳрвандӣ хат задаанд. Ва ба фикри шахсии ман хуб коре кардаанд. Саргардонии ишон, бекафан ҷон додану дар печкаҳои Аврупои муҳибашон оташ гирифтани ҷасадашон, дар марзи ватан ҷо нагирифтани мурдаашон, ин дарси ибрат барои 10 млн сокини дигар аст, ки «ҳой, Айёс, чоруқат дар тори кос, қадри худро бишинос!».

Вале мо чӣ мекунем? Ҳатто қотили Шуҳрат Исматуллоевро, ки аз қатлаш расо 1 сол гузашт, Рустам Ашӯров, онеро, ки дар Молдова даст ба террор задаву имиҷи Ватанро кост, овардаву дар маркази Душанбе, мазори маъруфу машҳури Сариосиё гӯр кардему сари ҷасадаш мақбара гузоштем.

Фикр мекунед, ин амали хоми мо, ки мақомот пешашро нагирифт, аз чашми молдованҳо дур монд? Мисле, ки дар Крокус Сити Холл 4 тиҳимағзи тоҷикистонӣ даст ба террор заду садҳо камхиради ба номи зиёӣ бар «ҳимояти ишон хест», магар аз чашми тезбини оламиён канор монд? Матлаби Ҷамила Ҳусейноваро хонед, ки чигуна тоҷикони тоҷдорро таҳқиромез дар марзи Гурҷистон азияти руҳӣ додаанд (саҳ 8-9). Чунин тафтишоти таҳқиромез дар баробари дилхоҳ шаҳрванди ҶТ дар ҳама фуруду гузаргоҳҳои давлатҳои хориҷ амри маъмул шудааст.

Ва ҳамааш аз чӣ сар шуд? Аз оне, ки мо ҷасаду тӯшаи ҷинояткоронро аз хориҷи дуру наздик кашида ба ватан меорем ва дупогонаҳои дупаспортаро ҳамеша мебахшем…

Дар зимн 1 матлабе, ки ҳануз 7 сол пеш навишта шудаву боиси бархӯрди шадидуллаҳни дупогонаву дурӯяҳо гашта буд, манзурат мегардад. Хонед ва бинед, ки ягон чиз тағйир ёфтааст ё на? Мо Метавонем!

***

ДУПОГОНАҲОИ МИЛЛАТ

(ПАСПОРТРО СУПУРДАН БА МАЪНИИ ПАТРИОТ ШУДАН АСТ?)

Гар сабза дамад ба хоки мо хас нашавад,

100 тир ба ин ҳадаф нишонрас нашавад.

Бар тойири меҳр дили мо дом нашуд,

Ғалбер барои об маҳбас нашавад!

 

Чун дар шумораи пор роҷеъ ба 2-погонаҳое навиштем, ки зану фарзанди худро фаранҷӣ мепӯшонанду намегузоранд занҳои дигарон низ онро пӯшанд, бархе дӯстон аз мо ранҷиданд. Наранҷед! Мо манофеъи Давлат, Ватан ва Миллатро аз ҳама боло мегузорем. Ҳатто аз дӯстии шумо низ. Мо Метавонем!

Ин бор мехоҳам роҷеъ ба 2-паспортаҳо, ки низ шеваи 2-погонист сӯҳбат кунем. Таври маълум, Ҳукумат аз иқдоме кор гирифтаву 2-паспортаҳо, яъне масъулинеро, ки 2-шаҳрвандӣ доранд, аз кор ронд. Имрӯз дигар, гӯиё, нафаре 2-паспорта намондааст. Шубҳа дорам ба ин иддаъо. Ба фикрам ҳоло низ онҳо, агар умқтару дурусттар ҷӯем, зиёданд ва боз дар кулуарҳои ҳукуматӣ… Онҳо паспорти 2-ро пинҳон карданду тамом!

Усулан, хонанда, пешат суол гузоштаӣ, ки 2-паспортаҳои сатҳи давлатӣ куҷо шудаанд (ба вежа баъди сахтгирии ахирӣ)? Онҳо-ку парвоз карда, ба дигар кишвар нарафтаанд, мисли паррандагони мавсимӣ?

Масъалаи матраҳи маҳз ин аст, ки 2-паспортаҳо куҷо шуданд? Ба гумони ғолиб…паспорти 2-ашонро супоридаанд. Вале юриспруденсия дар ин маврид чӣ мегӯяд? Магар бо супурдан, пинҳон кардан ва ё гум кардани паспорт худи субъект аз шаҳрвандии дигар кишвар маҳрум мешавад?

Бо забони дигар, амали халосӣ аз паспорти русиро «ақибнишинӣ» мегӯянд (воқеан ҳам аксарияти кулл маҳз паспорти ФР доранд ва агар бепарда гӯем баҳс низ сари ҳамин аст). Яъне то вақте дар ҳукумат ва мансаб ҳастанд, онҳо шиносномаи худро дар таки сандуқ мегузоранд, мисле, ки пулу молашонро ва дар сурати лозима (хонда шавад аз вазифа рафтан!) ба гуфтаи Бобои Ғулом «бошпуртҳояшонро» бардоштаву пуфу куфу суф карда, шаҳрвандии кишвари хориҷиро қабул хоҳанд кард. Ё не-мӣ?

Вале агар накунанд ҳам, бояд 1 нукта барои омма фош шавад:

-Агар 2-паспортӣ ва 2-шаҳрвандӣ ҷурм, гуноҳ ва ҷиноят аст, пас онҳое, ки сари мансабанду аз шаҳрвандии Русия даст кашидаанд, аллакай ҳиёнат, ҷиноят, хато кардаанд.

Дигар фарқе надорад, ки онҳо «пушаймон» шудаанду паспорти Тоҷикиро арҷ мегузоранд ё на. Хиёнат ба Ватан 1 бор мешавад, ки 2-паспортаҳо аллакай содир карда буданд! Сахт гуфтам? Мо метавонем!

Вале агар дар ҳамин матлаб сари 1 нюанси зебо ва роиҷ ва фарогир сӯҳбат накунам, чизе нагуфта бошам:

-Аксарияти афсарони баландрутбаи мо, сар аз полковник то генералҳо, баъди нафақа…шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд. Барои на-фа-қааа!!!

Ва медонед бо айби ким? Парлумон! Зеро нафақаро ин парлумон лаҷом задааст ва меъёр гузоштааст. Хуб, суоле посух мехоҳад, афсароне, ки барои ҳифзи ин Ватан хун рехтаанд, размидаанд, пос гирифтаанд ва амнияти ҳар яки моро таъмин кардаанд, бояд дар пиронсолӣ чӣ кор кунанд? Бо нафақаи баробар ба обеди 1-2 вакили мардумӣ қаноат ва ё ғами рӯзиву рӯзгори хеш хӯранд?! Суоли матраҳ аст барои вакилони мардумии мо!

Нафақаро ҳаргиз набояд лигом зад. Зеро он, яъне нафақа, ба андоз ва хизмати ба Давлату Ватан карда, ҳаллоҷӣ мегардад. Дигар ҳоло маълум нест, ки бо ин маъоши бознишастагӣ мардум чӣ коре мекунанд: дору мехаранд ё пору? Нон хӯранд ё об? Хонашинӣ кунанд ва ё сайру сайёҳат. Воқеан ҳам «аз мукофоти амал ғофил машав(ед)», рафиқон вакилон. Рӯзе худатон низ нафақа меравед ва ана баъд…

 Иллати дигари 2-паспортӣ, ки мардумро фавҷ-фавҷ шаҳрванди Русия мекунад, бекорист. Мо роҷеъ ба патриотизм шиор зада, фаромӯш мекунем, ки даҳҳо ҳазор Тоҷикро аз даст додаему ҳазорон-ҳазор дар навбати ба даст овардани паспорти Русияанд ва… аз ҳама муҳиму даҳшатовар…садҳо ҳазори дигар дар орзӯи ин паспорт хоб надоранд…

Нафақаи кӯчак, бекорӣ, садҳо ҳазор нафар сокини Тоҷикистони азизро пушти дарҳои давлати худашон қарор медиҳад. Зеро аз рӯи меъёри ахирие, ки 2-паспортӣ ҷурм шуд, онҳо дар идораҳои давлатӣ бояд кор накунанд. Пас чӣ мекунанд? Мераванд ва бе бозгашт. Зеро дарҳои умедашонро мо бастан дорем.

Инҳоро фаҳмида мешавад. Вале ман ҳич гоҳ онеро намефаҳмам, ки дар ҷайб 2 паспорт дорад ё дошту ба курсии мансаб баромада, боз даъвии садоқат ба халқу давлати Тоҷикон мекард.  Ин фактро низ таҳмил карда наметавонам, ки чигуна ин 2-паспортаҳо умуман вазифа гирифта буданд. Мо Метавонем!

 PS: Воқеан он 4 мисраъи болоӣ, моли шоири халқӣ, журналисти касбӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Муҳаммад Ғоиб аст-адиби бознишастае, ки 1 паспорт дораду ҷои кор на…

 

22.08.2017.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube