Почтаи Шаҳритус чигуна пули СССР-ро дуздид???

Боби 1. Обуна ҳаст, рӯзнома нест

16.02.2026. Соат ба вақти Душанбе 10:45 дақиқа. 1 хонандаи доимии рӯзномаи мардумии «СССР» Фармонов Расул аз ноҳияи Шаҳритус ба идора занг зада, аз 1 мушкили ҷиддӣ шикоят намуд. Ба гуфтаи ӯ ва даҳҳо сокини дигар, онҳо ҳанӯз аз моҳи октябр ба рӯзномаи мардумӣ обуна шуда, маблағро пурра пардохт кардаанд, аммо то имрӯз ягон шумораи нашрия ба дасташон нарасидааст. Ин мавзуъе шуд, ки чанд ҳафта боз пайгирӣ доштем, то барои ту хонандаи азиз аз вазъияти баамаломада гузориш диҳем. Бо мо бош, зеро Мо метавонем!!!

   Дар ҷаласаи навбатии редаксионӣ сармуҳаррир аз норавшан мондани занги хонандаи доимӣ изҳори норозигӣ намуда, моро ба пайгир намудани мавзӯъ амр кард. Ин супориши редаксия бароямон дар кушодани уқдаҳои бисёр ҳолатҳои нигаронкунанда дар бобати обуна кӯмак намуд. Зимнан бояд таъкид кард, ки ин ҳолат 1 нороҳатии одӣ нест, балки мушкилест, ки ба эътимоди мардум ба низоми паҳнкунии матбуот зарба мезанад. Зеро барои хонандаи деҳотӣ рӯзнома танҳо коғаз нест, он манбаи иттилоъ, фарҳанг ва робита бо ҷомеа мебошад.

Боби 2. Обуна ҳаст паҳнкунӣ куҷост?

Маълум аст, ки расонидани рӯзномаҳои даврӣ пеш аз ҳама ба фаъолияти муассисаҳои почта вобаста мебошад. Агар ин занҷир халал ёбад, тамоми низоми обуна маънои худро гум мекунад. Сокинони Шаҳритус мегӯянд, маблағ супурда шудааст, аммо натиҷа нест. Пас савол ба миён меояд, маблағи обуначиён ба куҷо меравад?

Роҳбари почтаи ноҳия Мирзоқулова Дилбар дар суҳбат бо редаксия изҳор доштааст, ки гӯё 40 нафар ба рӯзнома обуна шудаанд ва ҳатто иддао кардааст, ки Фармонов Расул умуман ба «СССР» не, балки ба рӯзномаи Тоҷикистон обуна будааст (ин иддаои апаи Дилбарро ҳатто СССР дар шумораи №8 (907) бо номи «Ба Тоҷикистон обуна шуда, СССР напурсед» нашр ҳам кард). Аммо сокинон ин гуфтаҳоро қатъиян рад мекунанд. Ба таъкиди онҳо, мардум хуб медонад ба кадом нашрия обуна мешавад ва барои чӣ маблағ медиҳад.

Боби 3. Рақамҳо бар зидди воқеият

Барои равшан кардани масъала, мо ба почтаи вилоят муроҷиат кардем. Дар он ҷо бланкае пешниҳод гардид, ки тибқи он дар ноҳияи Шаҳритус ба рӯзномаи «СССР» 169 адад обуна сабт шудааст. Аммо тавре роҳбари почтаи тоҷик дар вилоят Бобоев Ш. изҳор дошт, дар асл ягон дона обуна расман ба қайд гирифта нашудааст. Ин танҳо факту рақамҳое ҳаст, ки аз ҷониби намояндаи почтаи ноҳия ирсол гардидааст. Ба забони дигар сардори Почтаи ноҳия, рафиқа Мирзоқулова ба чашми роҳбарияти ноҳия хок пошидаасту бас! Ин ихтилофи ошкор миёни ҳуҷҷат ва воқеият нишон медиҳад, ки дар низоми ҳисобдорӣ ва паҳнкунӣ мушкили ҷиддӣ вуҷуд дорад. Агар обуна дар коғаз ҳасту дар амал нест, ин аллакай нишонаи бетартибӣ, ҳатто қонуншиканист.

 Боби 4. Ревизия шуду натиҷа куҷо?

Ба гуфтаи роҳбари почтаи ноҳия, замоне, ки рӯзномаи мардумии СССР хост оид ба обуна шудани сокинон ба рӯзномаҳои даврӣ ҳамсуҳбат шавад, он замон дар Идораи почта ревизия ва ҳатто санҷиши прокуратура низ гузаронида истода будаанд. Аммо баъди санҷиш, ки хостем шахсан бо худи намояндаи аввали почта дар ноҳия сӯҳбат анҷом диҳем, аз кор рафтани худро Мирзоқулова Дилбар баён дошт. Аммо саволи асосӣ бетағйир мемонад: Агар санҷиш гузашт, директори почта аз кор гирифта шуд, маблағи обунаи газета чӣ шуд ва чаро газета ба дасти деҳқону коргари одӣ, ки барои он пул пардохтаанд, намерасад? Яъне чаро мушкил ҳал нашуд? Чаро роҳбар аз вазифа рафту масъала боқӣ монд?

Боби 5. 32 ҳазорро кӣ дуздид?

Тибқи оморе, ки мо дар даст дорему Почтаи ноҳия ба МИҲД Шаҳритус пешниҳод кардааст (ниг. ба акс), мардум аз теъдоди аз раёсати вилояти Хатлон пешниҳодшудаи 200 дона ба 169 адад газетаи СССР обуна шуда, нақшаро 84,5% иҷро кардаанд. Ба арифметикаи оддӣ рӯ меорем:

Х=169х190,9

Х=32262,1 сомонӣ

Пурсида мешавад, рафиқа Дилбар Мирзоқулова беш аз 32000 пули нақди обуначиёни моро куҷо кардааст? Додситонӣ пеш аз оне, ки ин почталёнро парванда кунад, бояд ҳатман пули обуначиёнро баргардонад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Боби 6. Бори аввал нест…

Тибқи маълумоти дастрас, чунин ҳолат дар ноҳияи Шаҳритус қаблан низ рух дода будааст. Яъне сухан на аз 1 иштибоҳи тасодуфӣ, балки аз мушкили системавӣ меравад. Вақте 1 масъала солҳо такрор мешавад, ин аллакай нишонаи норасоии назорат, беаҳамиятӣ ё манфиатҷӯйии бархе аз масъулони Хадамоти алоқаи кишвар мебошад.

Боби 7. Беэҳтиромӣ ба хонанда беэҳтиромӣ ба матбуот аст!!!

  Обуна дар рӯзномаю маҷаллаҳо дар Тоҷикистон то ҳол яке аз роҳҳои асосии дастгирии матбуоти миллӣ мебошад. Агар хонанда маблағ диҳаду нашрияро нагирад, ин на танҳо поймол шудани ҳуқуқи ӯст, балки зарбаи мустақим ба нуфузи матбуот низ мебошад. Хонанда барои интизорӣ маблағ намедиҳад, ӯ барои дониш, хабар ва фарҳанг пул пардохт мекунад. Рӯзнома дар роҳ гум мешавад ё фиристода намешавад? Саволи калидӣ ҳамин аст. Ҳолдонҳо ва мутахассисон бар назаранд, ки 3 ҳолати эҳтимоли ба дасти хонанда нарасидани рӯзномаю маҷаллаҳо вуҷуд дорад:

-рӯзномаҳо умуман фиристода намешаванд;

-фиристода мешаванд, аммо ба дасти хонанда намерасанд;

-дар ҷараёни паҳнкунӣ «гум» мешаванд.

Ҳар 3 ҳолат масъулияти мустақими сохторҳои алоқа ва паҳнкунии матбуотро нишон медиҳад. Аммо ҳолати ба сари обуначиёни СССР омада, мушкили №4 ва асосиро фош намуд:

-Директорони почтаҳо пули обунаро ба кисачаи худ зада, ба роҳбарият рапорти бардурӯғ медиҳанд. Ҳам роҳбарро фиреб мекунанду ҳам мардумро саргардон.

Хулоса: зарурати таҳлили ҷиддӣ

Ҳолати почтаи Шаҳритус танҳо мушкили 1 ноҳия нест. Он метавонад нишонаи мушкилоти амиқтар дар фаъолияти почтаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки санҷиши мустақили фаъолияти почтаҳо гузаронида шавад, шаффофияти ҳисоботи обуна ба назар гирифта шуда, масъулони аслӣ муайян карда шаванд, инчунин барқарор намудани ҳуқуқи обуначиён низ зери таҳқиқ қарор гирад. Агар имрӯз ба чунин ҳолат чашм пӯшида шавад, фардо эътимоди мардум ба тамоми низоми матбуот аз байн меравад. Матбуоти миллӣ бе хонанда зинда намемонад, хонанда бошад дигар ба матбуоти даврӣ обуна намешавад. Масъулият танҳо гирифтани маблағ нест, расонидани иттилоъ низ вазифаи муқаддас аст. Сокинони Шаҳритус ҷавоб мехоҳанд. Обуна ҳаст, пас рӯзнома куҷост?  Мавзӯъро пайгирӣ мекунем. Мо метавонем!!!

Қосимзода Нуриддин

н. Шаҳритус,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube