Мавҷи шикоятҳо аз «Dushanbe Citу»

Чанд рӯз пеш дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук сардабири газетаи мардумии СССР «посте» монданд, ки то ҳол аз ҷониби истифодабаран­дагони шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо бардош­тан дорад ва аз ин маълум мешавад, ки «Dushanbe City Bank» ба хотири рафъи камбудиҳо ва беҳтар намудани хизматрасонӣ аз болои худ кор намекунад.

«Ин бонк роҳбару танзимгаре дошта бошад, ки ба доди мардум бирасад? Имрӯзҳо мардуми зиёде аз бесалоҳиятии ДС дар вазъи ногувор мондаанд. Пардохти маблағи хидматрасониҳо мисли парковка, сӯзишвории нафту барқӣ, хариду фурӯш, ки бо ин бонк анҷом мепазиранд, ба ҷои осону сабук шудан, баръакс, душвор шудааст. Барои мисол 3 сомонӣ пули истгоҳ ё парковкаро медиҳеду намегузарад ва бо айби бонки мазкур 78 сомонӣ ҷарима медиҳед. Пул мегузаронед, намегузарад, 2-3 бор кӯшиш мекунед ва яку якбора 3 бор пулатонро кашида мефиристад. Дар асри 21 чунин хизматрасониро ягон давлати дигар ёд надорад! Ҳоло вазъ дар шаҳру навоҳии дигар хеле баду батар аст, ки беҳтар на! Бонки миллии Тоҷикистон ё ин бонкро зери назорат бигирад ва ё хизматрасониҳояшро маҳдуду масдуд ва ҳатто қатъ фармояд. Мардумро озор надиҳед, бонкирҳо!!!,- чунин омадааст дар ин пост.

Баъд аз паҳн шудан ин нигошта-пост ҳаводорони сомонаҳои иҷтимоиро ба шӯр оварду онҳо аз гум шудани маблағҳои ҳамёни худ аз ин бонк гиламандӣ намуда, фикру андешаҳои худро нисбати мушкилиҳои бонк баён карданд.  Чаро “Душанбе Сити” нисбати муштариёни худ бепарвоӣ, бетарафӣ намуда, нисбати рабуда шудани маблағҳои кортии одамон чораҷуӣ кардан намехоҳанд? Мо дар зер андешаҳои чанде аз ҷабрдидагони “Душанбе Сити” – ро меорем, ки воқеъан онҳо аз тарафи ин бонк ҷабр дидаанд.

Абдулқодир Талбаков, яке аз рӯзноманигорони шинохтаест, ки мутаассифона маблағи ӯро низ ситонидаанд.

Сайёра Маҳмадова мегӯяд, ки дирӯз маблағи роҳкирои таксиро бо воситаи корти “Душанбе Сити” пардохт кардам, аммо дар асл ба ронанда маблағ нагузаштааст. То ҳол умуман ин бонк кор накарда истодааст, акнун намедонам, ки маблағи таксист куҷо шуд. Ҳоло вай таксист фикр мекунад, ки ман ягон дузди гузаро, фиребгаре ҳастам, ки дар моҳи мубораки Рамазон ӯро фиреб додаам. Ба ҳамин монанд огоҳномаи пардохти ҳақи хизматрасонии барқ омадааст, ки намедонем, чӣ тавр пардохт кунем. Ба қавле тарсон шудем. Хулоса, 1 бенизомӣ ва беэҳтиромии маҳз аз тарафи бонки мазкур нисбати мардум!

Саъдӣ Маҳдӣ низ бобати ин мушкил гуфт, ки аз ҷабри “Душанбе Сити” гирифторему намедонем, ки ба куҷо муроҷиат кунем?

Муҳаммадалӣ Мақсадулло, журналисти саршинос ба доми “Душанбе Сити” гирифтор шудаву шарҳ гузоштааст, ки «Ман маблағи барқро ба суратҳисоб гузарондам, 2 рӯз мешавад, иттилооте намерасад, пули ман аз картаам ғайб заду куҷо гуму нест шуда рафт???»

Нуралӣ Шоев бошад, иброз намуд, ки субҳи дирӯз барои таъмири мошин ба корти усто 1000 сомонӣ гузаронидам. Аз суратҳисоби ман пул гирифта шуд, вале то ба ҳол ба корти усто нарасидааст. Ҳуҷҷатҳои мошин дар дасти усто мондаанд. Имрӯз писарам барои ташхиси хун ба маркази тиббие рафта, ҳақашонро аз корти «Душанбе Сити” 3 маротиба гузаронд, пул аз корташ гирифта шуд, аммо ба суратҳисоби маркази тиббӣ нарасидааст.

Аҳмадхуҷа Давлатов мегӯяд, ба фикрам, 1 сол пеш ё зиёдтар буд, 1 зани миёнасол чанд банкомати ДС меравад, ки пул надоранд.  Аз асабонияти зиёд охирон банкоматро ба санг зада мешиканад. Мана, мардумро ба чӣ аҳволе овардаанд!!!

Фаромузи Фирӯз:

-220 сомонӣ аз картаам дуздиданду ягон кас ба додам намерасад. Ба ширкати “Душанбе Сити” занг мезанем, телефонашон кор намекунад!

Нисо Тимурова пешниҳод кардааст, ки Бонки Милли Тоҷикистонро зарур аст, ки барои уҳдадорияшро иҷро накардани “Душанбе Сити” дар назди мизоҷонаш, иҷозатномаи додаашро бозпас гирад.

Ҳамза Т. дар бораи рабуда шудани корти “Душанбе Сити” ибрози назар карда, гуфтааст, ки «Ҳамин бонки “Душанбе Сити” бо Мегафон амакбача бошанд?»

Фозилҷон Бозоров бобати ин мавзӯъ рӯшанӣ андохта, шикоят кардааст, ки” барои телефон тариқи “Душанбе Сити” пул гузаронидам. Даракаш нест!!!»

Муҳаммадвалӣ Орзуев, ғижжакнавози моҳир мегӯяд, ки «Ин бонк ягон соҳибдарак дорад ё не? Ба “Душанбе Сити” умуман пул гузаронида намешавад…

 Фаррухруз Шарифов пешниҳод кардааст, ки – Барои гум нашудани пулҳоятону дар ҷойи амн будани ҳамёнҳо ҳатман ба бонки мардумии Амонатбонк гузаред, бе ягон мамоният кор карда истодааст. Хубиаш дар он аст, ки кафолаташро 100 фоиз Ҳукумат медиҳад.

Дилшод Саидзода низ андешаи худро баён карда мегӯяд: «Гуфтаи роҳбари хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки набудани связ ин зиёд шудани муштариҳои алоқаҳои мобилист, шояд дар ин бонки DS мушкил ҳамин бошад? «.

Нуралӣ Саидов қайд кардааст, ки “Душанбе Сити” аз дигар бонкҳо дида, тезтар пулро мегузаронд, қулай буд. Чӣ бало зада бошад, ки бонк ин қадар бемасъулият гаштааст?

Рустами Абдуллоҳ гуфт, ки «Аз инаш ба онаш, аз онаш ба инаш ҳавола кардан қатӣ масъала ҳал шуда наметавонад!!! Масъулони “Душанбе Сити” ҳатман шарм надошта барои худ баҳонае пешниҳод мекунанд»

Пули худатро бо азобе мегирӣ…

Чаро масъулоне, ки ба ин корхона вобаста ҳастанд, масъулиятро ҳис намекунанд? Ман шахсан худам чандин маротиба бо воситаи корти “Душанбе Сити” ба дигар кас пул интиқол кардам, бебарор. 1 бор вақти гузаронидан пули кортам нагузашту 2 юм бор аз сари нав пешпардохт кардаму 2 баробар пулам аз корт кам шуд. Ҳоло ин 1 масъала, мушкили дигар ин аст, ки телефонам дар дасти худаму аз корти “Душанбе Сити” ба ягон кас пул нагузаронидам, вале худ ба худ шумораи пулҳоям кам шуд. Худи ҳамон рӯз ба ин бонк занг задам, муддати ним соат мунтазир шудам, ки оператори “Душанбе Сити” телефонамро бардошт. Ҳанӯз суханамро нагуфта, якбора телефон қатъ гардид. Чанд маротибаи дигар ба бонк бо рақамҳои  сомонаи Телеграмми бонк муроҷиат кардам, бе натиҷа. Сабаби ғайбзании пуламро дар сомонаи Телеграмми бонки Душанбе Сити навиштам посухашон чунин буд: Ба бонки “Душанбе Сити” Соҳилӣ, яъне офиси асосӣ равед!

Рафтам ва баъди саргардониҳои зиёд, ки намедонистам, аз кӣ қарзи роҳкиро гирам, пуламро доданд. Пули худамро бо 1 азобу азият гирифтам ва мисли ман ун ҷо мардум фавҷ-фавҷ навбат мепоист…

Магар чунин муносибат зидди супориши роҳбарияти давлат мавриди гузаштан ба пардохти ғайринақдии маблағ, ба ибораи дигар алорағми сиёсати пешгирифта дар кишвар нест?

Омиронаи Сайёф,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube