Дар ин майдон касеро мерасад лофи забардастӣ,
Ки аз душман бихоҳад вақти фурсат кинаи худро!!!
Ҳафтаи пор дар сафҳаи фардии Фейсбукам, 3 нигошта-мушоҳида навиштаву гузоштам. Ҳадафи ман пасту баланд задани касеву чизе набуду нест. Аламамро навиштам, ки Забони Давлатӣ, Забони Модарӣ, Лафзи Очагии ману ту хонандаи ин сутур, аз масҷидҳо руфта партофта мешавад. Муллоҳо ақаллан дуояшонро Тоҷикӣ намекунанд! Ва ин дар ҳолест, ки Пешвои мазҳабии ману шумо Эмоми Аъзам Абуҳанифа ан-Нуъмон ибни Собит ал-Куфӣ (05.09.699— 18.06.767) қариб 1300 сол пеш, забони тоҷикиро забони ислому дину намоз баргузида буд (воқеан ҳам ба таваҷҷуҳи баъзе намояндагони мақомот, ки аз зери нохуни ман чирк меҷӯянд, мерасонам, ки ин навишта таблиғу ташвиқи дину мазҳаб нест, ки рапорт менависед. Ман чун Тоҷики мусалмон, на арабазада, аз миллату давлату ватани хеш ҳимоят мекунам. Мо Метавонем!). Хулласи калом, он нигоштаҳоро имрӯз пешат мекорам, хонанда ва комментҳои зерматни онро низ, ки огаҳу ҳушёр бошӣ, зеро бархе ходимони дин забони туро аз масҷид пеш кардан доранду ману ту бехабар…
№1. Репортаж аз дӯзах
13.03.2026. Соат ба вақти Душанбе 12:33 дақиқа. Масҷиди Арбобхотуни маҳаллаи Балх. Ростӣ, амри маъруфи муллое (шояд имом-хатиби ин масҷид будӣ) маро шокӣ кард. Эй масъулини Кумитаи дин! О, пеш аз зимоми ҷамъиятро ба дасти муллоҳои чалласавод додан, 1 бор аз онҳо имтиҳони сарфу наҳв, риторика, суханпардозӣ ва фалсафаву мантиқ гиред. Хулоса ин мулло бо 1 ҳарф аз Дӯзах репортаж медод (муҳтавои фатвояш):
– Нафароне сарватманду давлатмарду арақхӯр будаанд ва баъди фавт сардорашон ба дӯзах меғалтад – Ва мулло аз дохили дӯзах репортажашро сар кардеее- Он мард ҷӯраҳояшро дар дӯзах ҷамъ карда (???), шикоят мекунад, ки (какого черта!!!) шумо маро аз ин гумроҳӣ нагардонидед?
Ин ҳин Умари Хайём ёдам омаду ба суоли абаддудаҳраш:
Кӣ рафт ба дӯзаху кӣ омад зи биҳишт? – посух додам “ина ҳамин мулло!”…
Баъдан домулло дар моҳи Рамазон, ки дашному тавҳин манъ аст, бар чанд пушти сарватмандони доллардор лаънат фиристонида, минҷумла гуфт:
-Бар падаратон лаънат!!!
Ин ҳам гӯрба! Фикр кардам домуллои гиром аҳли тасаввуф ва дури дур аз тамаъ аст, ки дар охири мавъиза гуфт:
– Ба муллоҳо кумаку дастгирии пулӣ кунед. Хайр кунед. Маро ҳам фаромӯш накунед, вагарна (ло ҳавла ва ло қуввата, агар дурӯғ гӯям, ба вежа рӯзи ҷумъаи Рамазон), вагарна дарҳои масҷидро ба рӯятон руст мекунем!!!
Дигар ёбу гир…
Намозро хонда, берун мешудем, ки мулло боз микрофонро гирифта, бонг зад:
-Кумаку дастгирии муллоҳоро фаромуш накунед…
Дар берун фавҷи ҷӯгиву талбандаҳоро дидам, ки садақа мепурсиданд, аммо бе микрофон ва бе таҳдиди дарбандӣ:
Гар мусалмонӣ аз ин аст, ки Ҳофиз дорад,
Оҳ, агар аз паси имрӯз бувад фардое…
Комментҳо
Abdurahim Umariyon:
Мулло фиреби мардуми бечора мекунад,
Гӯё ба дарди мардумони Худо чора мекунад,
Аз нафс мезанад сухану худ ғуломи нафс,
Имони мардумони Худо пора мекунад…
Ҳофиз, ки Қуръонро ба қавли худаш бо 14 ривоят, яъне тафсир (Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз, Қуръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят…) аз бар карда буд, аз чунин амалҳои зишт чунон ба шӯр омад, ки садои исёнаш то имрӯз дар гӯши соҳибдилон танинандоз аст. Ва хулосаи зеборо инҷо аз забони Соиб беҳтар аст бишнавем:
Дил чу ғофил шуд зи ҳақ, фармонпазири тан шавад,
Мебарад ҳар ҷо, ки хоҳад асп хоболударо…
Баҳриддин Ализода:
Мутаасифона чунин ҳолат воқеияти замони мост.
Каримҷон Ёров:
Муллоҳоро аз ғилбор гузаронида, баъд таъин мекунанд, лекин баста метавонанд дар ҳақиқат, чунки ҳамааш дар дасти кураторонашон.
Араби Дустмурод:
Муллои мо беҳтарин аст. Ҳомии футболи дастаи Ҳулбуки Восеъ. Ниҳолҳои ҳамаи майдони варзишгоҳи навро бо ҳамроҳии тамоми ҳамкоронаш шинондаанд. Дар тамоми корҳои ҷамъиятӣ ва ободии диёр иштирок мекунад. Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабови ноҳияи Восеъро маҳз пешвоёни дин обод кардаанд. Дар деҳаи Сари Чашма бо раҳнамоияш бобои Мулло анқариб зиёда аз 3 км роҳ мумфарш шудааст. Маблағҳои ҷамъшударо пурра ба Кумитаи тараққиёти деҳаи Нонҷемаст ворид менамояд. Ина мешавад, ку. Аз ҳисоби садақаи ҷория анқариб 2 км роҳи пиёдагарди мактаби деҳа бо паҳноии 2 метру 70 см баъзе ҷойҳо то 3 метр маҳз бо роҳнамоии Имоми деҳа анҷом пазируфт.
Rakhmonov Khairiddin:
Шаҳрвандони мӯҳтарам, ба ин намуд тамаъкорон номи мулло нагузоред, мулло ин одоб аст, рафтори нек ва гуфори нек аст.
Суҳроб Раҳимов:
Зиндагӣ аз айбу ҳунар пок нест. Дар моҳи мубораки рамазонам аз ғайбат ба муллоҳову дини поки ислом даст накашиден?
Сайф Достиев:
Ғайбат вақтест, ки мисли ту фейк менависад. Ингуна мулоҳо мисли шумо доғи исломанд, на покии он!
Mukhtor Abdullo:
Мулло бояд дониш, фарҳанг ва ғуруру ифтихори миллӣ дошта бошад, на бесаводу бегонапарасту ҷоҳил…
Наим Юнусов:
Баъзан муллоҳо фикр мекунанд, онҳо Худо ҳастанд, 1 гапҳое мегуянд, ки ҳич дар одамгарӣ рост намегирад.
Джума Исмоилов:
Баръакси гуфтаҳои он домулло имомихатиби масҷиди ба ном «пушти прокуратура» беҳад босаводу сухандон, суханрону насиҳатгар, мулоимсухан ва ободкори хуб аст. Қариб ҳама намозгузорон ба масҷид хеле барвақттар барои гӯш кардани суҳбати бисёр пурмаънои ин домуллои каме шӯхтабиат меоянд. Ана ин хел домуллоҳо бояд дар сари минбарҳои масҷидҳо бошанд!
Бахром Назарӣ:
Як вақт ман ростӣ дер мондам аз намози аср ва 10-сомонӣ дар ҳамун яшик нияти партофтан кардам, ки ҳамин домулло аз пешам баромаду сиёсат кард, ту дер мекунӣ намозда, аз Худо наметарсӣ?! Асабӣ шудаму гуфтам, аз кадом Худо? Шокӣ шудам, вақте ки гуфт, ту 10- не 20- сомонӣ парто. Ана бгӣ дега домулло…
№2. Дуову ниёиш чаро тоҷикӣ нест?
Ягон миллати дигар худро пеши араб ин қадар паст намезанад, ки Тоҷик!!! Э, муллоҳо, о, ақаллан дуову ниёишро ба забони давлатии модаритон кунед дар ин шабу рӯзи Рамазон! Кумитаи дин дастурхони мардумро танзим карда метавонаду аз фирори забони тоҷикӣ аз масоҷид ҷилавгир шудан набитвонад?
Комментҳо
Бону Пулодовна:
Рост гуфтед, ягон милати дигар ба мисли мо арабзада нест
Хосият Вализода:
Дар хуни мо ғурури ниёкон нуҳуфтааст-мӣ???
Суҳробшоҳи Фаррухшо:
Мутаасифона,бале, ҳол чунин аст!
Туҳфа Аҳмадова:
Маънои дуои бо арабӣ мехондаашонро намедонанду…
Муҳаммадалии Мақсадуллоҳ:
Гумон мекунанд, Худо ғайри арабӣ дигар забонеро намефаҳмад.
Давлат Қувват:
Ин ҳоло гапе не! О, журналистотон мулло шудаанд, ба ин чӣ мегӯед?
Шамсулло Фозилов:
Дуо бо арабӣ зуд қабул мешудааст?!
Фирдавс Мадё:
Агар муллоҳо қудрат дошта бошанд, забони тоҷикӣ-порсиро забони маҷусӣ эълон мекунанд. Арабпарастони сарсахттарин душмани эронинажодонанд.
Рустами Абдулло:
Имрӯз дар Тоҷикистон қариб, ки номи одамон аз байн рафтааст!!! Ҳама ҳоҷибобову ҳоҷибибӣ шуданд!!! Дар ҷойи кор зиёӣ, интеллигенти пеши пешу дар хона муллои пеши пеш!!!
Gulhayo Madimarova:
Э муллоҳо, о, ақаллан дуову ниёишро ба забони давлатии модаритон кунед!
№3. Муллои зиёӣ ва зиёии мулло
Ҳафтаи пор дар газетаи “Ҷумҳурият” матлаби воқеан хондании Саймумин Ятимов, Раиси КДАМ нашр шуд. Пораиқтибосе аз онро, ки дарди ҷамъияти имрӯза низ ҳаст, ба маъраз гузоштам:
– Граф фон Шуленберг, намояндаи СММ, ки дар Тоҷикистони соли 1992 кор кардааст, дар бораи буҳрони тоҷикони арси ХХ:
«Шумо нагӯед, ки оппозитсияи имрӯзаатон танҳо исломистонанд. Ин нодуруст аст. Дар байни онҳо зиёиён, докторҳои илм ҳам бар зидди давлати Тоҷикистон байрақ бардоштаанд. Муллоҳои шумо зиёиянд ва зиёиёни шумо мулло!!! Бадбахтии шумо дар ҳамин аст…»
Аз «Ёддоштҳо» -и С. Ятимов, с. 2024…
Комментҳо
Саидҷалол Саидов:
Бисёре аз ЗИЁиёни мо имрӯз ҳам аз «Қуръон» оят меоранду тафсир мекунанд, ҳадис меоранду шарҳ медиҳанд! Кӣ ба онҳо иҷозат додааст? Охир, барои тафсир ва шарҳи Каломуллоҳ «Хатти Иршод» (сертификат) бояд дошт. Ин гапи Шуленбергро мо пештар- соли 1987 гуфта будем… Вақте ки Горбачев динҳоро сарҳуй кард, бисёри собиқ Раисони ҷамоат, роҳбарони колхозу совхозҳо, директорони мактабҳо, «атеистони дирӯза” галстукро партофта, салла баста, “мулло» шуданд, ё балегӯю дастоврези «муллобачаҳои навбаромад».
Маҳмудҷон Ниёзӣ:
Вазъ на танҳо тағйир наёфтааст, балки бадтар шудааст. Зиёиён то гардан ба хурофот ғӯта задаанд. Вақте омӯзгор ба хонанда дар дарс дар бораи ҳаҷаш бо ҳарорат сухан мекунад, пас ин хонандагон чӣ тавр ба илм иштиёқ зоҳир мекунанд?
Мирзошариф Шарифзода:
Аҷоиб саволу аҷиб назарҳо. Эрон магар давлати исломӣ нест? Дар муқобили абарқудраттарин давлат наҷангида истодааст? Бо пешрафтатарин яроқ. Дар муқобили душманони, ҳатто сахттарин, ислом истодагарӣ не, ҷавобҳои миёншикан зада истодааст? Магар як зиёие, ки аз динаш ҳам хабар дошта бошад, хатар дорад? Кашфиёти хуб кардед…
Сайф Достиев:
Мирзошариф Шарифзода, офарину аҳсант ва ин посухи 1 зиёӣ ва агар хато накунам, сардабири рӯзномаи ҳукуматӣ дар кадом ноҳияи ш. Душанбе ба Раиси КДАМ Тоҷикистон аст. Акнун кӣ гуфта метавонад дар Тоҷикистон озодии сухан нест? Брависсимо, зиёии мулло!!!
Туҳфа Аҳмадова:
Мирзошариф Шарифзода, агар исломиҳои Тоҷикистон низ мисли Эрон бо донишу ихтироъкориҳои беназири хеш дар ҳимояи кишвари худ мебуданду мешуданд, андешаҳоятон қобили қабул буд! Фаромуш накунед, ки дар таҳлили фон Шуленберг ҳарф дар бораи муллову зиёиёни солҳои 1990-1992 меравад. Ман худ шоҳидам, ки исломиҳои тоҷики мо бо дасти зархаридони аҷнабӣ, дар шаҳри собиқ Қургонтеппа ва ноҳияҳои атрофи он хуни ҳамватанони хеш рехта, то ҳол тайёранд барои манфиати худ кишварро бо дасти бегонагон поймол созанд!
