28.03.2026. Маҳмудхон Шоев, омузгори Донишгоҳи миллӣ, педагоги касбӣ ва муаллими таоруфии даврони советии Тоҷик ва овони Истиқлолият, мударриси пуштӣ (падараш Эргашхон Шоев, муаллими муаллимини УДТ ба номи В.И.Ленин буданд), дотсент, номзади илм, яке аз поягузорони таълими “журналистикаи телевизионӣ”, ровӣ, хушсухан, забондон, ҷаҳондида, маҳфилоро, Инсон бо ҳарфи калон ва гули сари сабади ҷамъияти ҳамкурсон, дӯсти гиромӣ ва бародари шафиқу шарикдарси рафиқи мо, дар синии 58 солагӣ ба олами улв пайваст.
Ҳар нафаре Маҳмудро медонист, аз ин хабари бад даст бар сару ангушт бар осмон мехаладу мезанаду мезанад…
Маҳмадалӣ Мақсадалӣ-журналисти саршинос дар таъзияи Маҳмуд навишт:
Афсӯс, ки дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки бо он ҳамадонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки бо тозазабонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки он кони маонӣ зи ҷаҳон рафт.
Оне, ки зи сар то қадамаш меҳру вафо буд,
Оне, ки ба дармонда ба ду дасти сахо буд,
Оне, ки ба гуфтори хушаш марҳами мо буд,
Оне, ки ба дарди дили ғамдида даво буд.
Ҳангоми гулу лола хазонрезият аз чист?
Оне, ки бигирад ба ҷаҳон ҷои туро кист?
Маштоб аз ин дори фанову қадаре ист!
Ҳам санг ба д-он сахтӣ ба аҳволи ту бигрист…
Аз ҷавонӣ муаллим буд
Маҳмудхон Шоев ходими хизматгузошта дар соҳаи маорифи Тоҷикистон 28.07.1968 дар ноҳияи Рашт ба дунё омада, дар Душанбе ба воя расида, пас аз хатми факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, фаъолияти омӯзгориро шуруъ карда, рисолаи номзадӣ ҳифз намуда, чун дотсенти факултаи журналистика дар таҳияи китобҳои дарсии соҳавӣ, аз ҷумла дастури “Асосҳои журналистикаи телевизион” саҳми босазо гузошт. Солҳои тӯлонӣ дар факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳазорон шогирдро тарбият кард. Замоне сухангӯи Вазорати маориф ва сипас дар раёсати илму таълими ин даргоҳ кору фаъолият намуд. Соли 2020 ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъйин гардид ва чанд сол роҳбари ин ниҳоди муаллимтайёркунӣ буд
Воқеан ҳам нотавонбинон бо ин Инсони наҷиб дар ин донишгоҳ аз даричаи душманӣ назар кардаву мавқеяшро танг карданд. Ончунон, ки дилаш низ танг шуд. Аммо алорағми душманони тангдил, ба кори омӯзгорӣ баргашт ва заррае парвои мансаби аздастрафта намекард. 1 нуктаи муҳим ин ҳам ҳаст, ки газетаи мардумии СССР дар он даврони сангандозӣ бар ҳавлияш, комилан аз муаллим Шоев пуштибонӣ намуд. Дар суҳбатҳои вежа Маҳмудхон доиман ин мавзуъро гӯшрас мекард.
Баъди бозгашт ба Душанбе «дӯстон» аз Маҳмуд канора гирифтанд. Корёбӣ барояш мушкил шуд. Ва дар ин росто Саъдии Маҳдӣ-декани фаултаи журналистика ҷавонмардона Шоевро ба кор даъват намуд. Дар ун даврони каҷдорумарез даъвати Маҳдӣ ба қаҳрамонӣ баробар буд. Маҳмуд аз ҳамкасбаш ҳамеша розӣ будӣ.
Баъдан пурра ба кори омӯзгорӣ баргашт ва заррае аз дӯстони душманмаъобу душманони дӯстпиндор изҳори норизоиву нороҳатӣ надошт. Зеро табиатан МАРД буд.
Шиносоӣ
Соли 1986 аз Армия баргашта, банда дар курси Маҳмудино ба дарс шуруъ кардам. Ҳоло механдем, аммо он даврон 1 ҷараёни намедонам «дедовшинаи миёникурсӣ» буд, ё чӣ балое, ки ҷавонмардони курси пешин, мо-аз хизмат омадаву ба оши тайёр баковулшудаҳоро хуш қабул накарданд. Ба масале моро «чужак» мехонданд. Аммо Маҳмудхон бо ҳамкурсони қаблияш вохӯрдаву онҳоро мутмаин намуд, ки мо «хавориҷ» ва «чужак» нестем. Имрӯз миёни мо ончунон дӯстист, ки наметавон бо сухан иброз дошт. Дар саргаҳи ин дӯстӣ Маҳмудхони нозанин ва маҳифлоро меистод.
Маҳфилоро
Соли 1987, ҳамагӣ 6 моҳ ба баъд Маҳмудхон аскарӣ рафт. Аммо поси намаки шарикдарсӣ ва ҳамкурсии мо-100 шарикдарс бо ӯ абадан боқӣ монд. Дар курси мо касе набуду нест, ки Маҳмудхонро бегона хонад. Тамомии маъракаву вохӯриву дидорҳои мо тули 35 сол, бе ҳузури ӯ намегузашт. Ровӣ, муҷрӣ, коргардон, суратгир, маҳфилорои ҳама вохӯриҳои мо Маҳмудхон будӣ. Ва ин дар ҳолест, ки ҳамингуна нақшро дар дидору чорабиниҳои ҳамкурсони баъдии хеш низ мебозид.
Ҳамсоя
Дар хонадони ман ӯ тахаллус дошт-Ҳамсоя. Зеро ҳамеша бе пушт-пушту тақ-тақ вориди хона мешуд ва бо нидои «Ҳамсоя, ҳой ҳамсоя!!!» сардори оиларо ҷеғ мезад. Фарзандони ман, ки хурдсол буданд, ба таҳқиқ бовар доштанд, ки Маҳмудхон-амак ҳамсояи мост. Чунин имтиёз, яъне бе пушт-пушт даромадан ба ҳавлии маро танҳо Маҳмудхон дошту Маҳмадамин Маҳмадаминову Одинашо Муродову Шарифи Мисайзоду Бахтиёр Нурматову Сафват Бурҳонов. Зеро онҳо узви хонадони ман буданду ман аъзои авлоди ишон. Кош, ту ҳам, хонандаи ин сутур чунин дӯстон дошта бошӣ!
Ва акнун бо рафтанаш сафи дӯстони хонаводагӣ ва ҳамсояҳои қалбии маро ба карат кам кард. Дигар на Одинаш ҳасту на Баха, не Шарифу на Сафват, ки бе пушт-пушт, бо нуки пой дарамро зада дароянд. Ҷоят ҷаннат ва дидор дар қиёмат Маҳмудхон Шоеви нозанин.
СМ
PS: Таъзия ғайримунтазира баромад, Маҳмудхон? Ту худат дигар будӣ ва аз инсонҳо фарқ доштӣ…
