Давлат Сафар шоири ватансарой

 (Ба 55 солагии нобиғаи даврони мо)

Шоири халқии Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанги ҶТ, журналисти тавонои ТВ ва Радиои Тоҷик, ба синни мубораки 55 солагӣ гом ниҳод, ки муборакамон бод. Дар ин рӯз тасмим гирифтем, бидуни огаҳии шоир, чанд порашеърашро варақгардон намоем. Усулан таҳқиқу омӯзиши эҷодиёти шоири халқӣ рисолоти илмӣ талаб мекунанд, зеро нопайдоканоранд. Зимнан мо кӯшиш кардем, аз эҷодиёти ҳамагӣ 20 рӯзи ахири Давлат Сафар ба хонандаи худ, гузориш диҳем. Мо Метавонем!

 Агар шоироне дигар, ба масал, баъди гирифтани мансабу маснад, кору пайкор ва талошҳои Сарвари Давлатро ситуда бошанд (ба эҷодиёти ишон назар дӯзед, то мутмаъин гардед), пас Давлат Сафар умре мунодии сиёсати раъиятпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳаст ва мемонад. Ба ин шеърҳо таваҷҷӯҳ кунед:

Мо ваколатпарвари панди Бузургонем,

Тоҷикистонро касе, ки сохт бо онем!

Охирин умеду армони ниёгонем,

Парчами меҳру вафо дар аҳду паймонем!

Сарвари мо, Сарвари номусу нанги мост,

Шаҳсутуни меҳри дил бо номи Ӯ барҷост!

Ва аммо қаҳрамони матлаби мо лирик, ошиқ аст ва ин муҳаббатро аз партаи мактабӣ то курсии мансабӣ кашон-кшон овардааст:

Аз дил мафикан, ту ишқи ҷонии маро,

Ганҷинаи рӯшоду ниҳонии маро.

Дар ҳар нафаси пир шудан хоҳӣ дид,

Ширин-ширин шӯри ҷавонии маро!

 Бо ин ҳама шоир меҳру муҳаббати Модари бузургворашро, ки банда низ шарафи ошноӣ бо ин Очаҷонро дорам, чунин меситояд:

Даставу саллаи гаҳвораи ман,

Пӯпаку домани болопӯшаш

Бастаи нақшу нигор,

Гӯиё, ки ба мисол

Шеъри гаҳвораи ман буд,

Ки модар мехонд,

То маро хоб барад,

Хоб дар чашми тарам хоб равад.

 Шоири шиорист, Давлат Сафар ва набзи ҷомеаро дар даст дорад. Дар бастагӣ ба хунрезиҳои ахир дар Шарқи Миёна эътироз мепарканад:

Чун кард таҳаммул алами раҳгузаронро?

Таҳлукаи корвону аккоси сагонро?!

Бояд ба ҳам оему ҳам аз ҳам бадар оем,

Гӯем зи армони Хуросон ҳамагонро.

Дигар натавон бори каҷу манзили умед,

Бинему нигаҳдор шавем арзи забонро.

Аз шамъ чи ҳарф аст, ки хуршед пӯшонанд,

Бо домани таргашта ҳама тобу тавонро.

Ангушти каҷу хурмаи равған натавон дид,

Аз ростӣ ин нест ҳузури тану ҷонро.

Дар боби шунидан натавон бонги насиҳат,

Ҳоҷат набувад ҳарф задан гӯши гаронро.

Ҳар кас, ки нишинад каҷ агар, рост нагӯяд,

Андарзи писар роҳнамо шуд падаронро.

Ку қудрати зӯре, ки барои хуни ноҳақ,

Саркӯб кунад бесарии пирхаронро?!

 Бо ин ҳама Давлат Сафар ҷавонмард аст ва ашъораш низ бӯи мардӣ доранд. Мегӯяд:

Шамшер дар рисолати ҷавшан намешавад,

Ҳар ҷинси тобхурда чу оҳан намешавад.

Аз ғӯрамева шарбати роҳатфизой нест,

Тифле, ки норасист таҳамтан намешавад.

Маҳтобро қиёс ба ҳаҷм офаридаанд,

Шаб осмон ба шамъ, ки равшан намешавад.

Ангуштҳо, ки ҷамъ нагарданд мушт нест,

Ҷони ватан ҳимоя ба 1 тан намешавад.

Эй мард, дасти хеш магир аз ҳарими пок,

Ғарзода ҳеҷ гаҳ ба касе зан намешавад.

То шоха гул набаст, чӣ донӣ зи ҳосилаш,

Борон бидуни абр муайян намешавад.

Душманони идеологии миллату ватан ба кӣ мечаспанд? Албатта, ба оне, ки сарбози қатории ин марзу бум дар ҷанги иттилоотист. Чӣ расад ба Давлат Сафар, ки дар ин ҷода генерал шуда. Ба ин сагҳои урупоӣ ва кучукҳои маҳаллияшон, ки «сарчашмаи иттилоот» барои хавориҷанд, муроҷеъ мегӯяд:

1 шер дар миёнаи кафторҳо, дареғ,

Дар чорсӯи ҳодиса озорҳо, дареғ!

Бар ёлу думби зарҳали ӯ чанг мезананд,

Хун мечакад зи панҷаи хунхорҳо, дареғ!

Бар наъраи фалакзани ӯ нест эътибор,

Лоланд аз ин сиёсати дарборҳо, дареғ!

1 даста аз тараддуди фардо ба ғафлатанд,

Аммо дареғи дидаи бедорҳо, дареғ!

70 пушти шер надидаст рӯи хок,

З-ин сарнавишти сархури асрорҳо, дареғ!

Пиндорҳо ба коми дурӯғанд ин замон,

Гуфторҳо чи суд, ки рафторҳо дареғ!

Ин шер, шер монаду шерона мераҳад,

Аммо ситам ба шер зи кафторҳо дареғ!

Дар ирсоли масал, ба масале «пӯсту устухон» надорад. Таваҷҷӯҳ мекунем? Пас барчинед, ки дар 4 мисраъ чигуна 4 масалро корбаст кардааст:

Дар шустани хун об бигуфтанд, на хун,

Занги оҳан пок нашуд бо собун.

Андозаи ҷойи хеш бояд донист,

То пой зи ҷойгаҳ намонад берун.

 Дастонсарой, ки ҳаст, тамсилу достонҳои кӯчаку бузург меангорад ва ҳама замонавӣ. Мисли ин:

Ҷуфти марду зан, ки буд омӯзгор,

Ҳарду мебурданд бори рӯзгор.

Бону 1 шаб зору нолон мегирист,

Ҳамсараш пурсид ин аҳвол чист?

Ҷамъ бинмуд зан парешонии мард,

Аз ҷавоби 1 саволаш қисса кард:

Гуфт, ки дар соати дарсии худ,

Мавзӯи иншо зи боби «Вақт» буд.

Дидам аз он, ки мураккаб бошад ин,

Сода бояд гуфт ҳарфи дилнишин.

Баъд аз ин гуфтам: «КӢ будан хубтар?»,

Номи мавзӯест, иншои дигар!

Ҳар яке бинвишт бар дафтар ҳадаф,

Пас, шуданд аз кори худ фориғ зи саф.

Баркушодам дафтари з-онон яке,

Гарчи вақти хонданам буд андаке.

«Дар мақоми буданаш КӢ», гуфтааст,

1 ҷаҳони дарду ғам бинҳуфтааст:

-Аз Худо хоҳам, телефонам кунад,

То биёмӯзам зи ҳар кас неку бад.

Аз тариқи ман шавад арзу ниёз,

Ошиқу маъшуқ баргӯянд роз.

Дӯстдорӣ бошадам аз тобу таб,

Рӯз ҳам гӯянд аз аҳволи шаб.

Волидайнам низ бо ман рӯбарӯ,

Мекунанд аз бобҳое гуфтугӯ.

Аз ҳама хуб, меравам ҳамроҳашон

Мешавам дар қалби эшон мисли ҷон.

Мард гуфто: муҷиби ашк аст ин?

Вақтро бинмудаӣ зоеъ чунин!

Зан бигуфто, ки магӯ ҳарфи хатост,

Ин аламҳои дили фарзанди мост!!!

Ҳарфҳо аз дафтари иншои Ӯст,

Ки телефон буданашро орзӯст!

Зодрӯз муборак, шоири дастонсарой, ғазалхон, ширинсухун ва генерали пархоши иттилоотӣ дар сигменти Тоҷикӣ. Мо Метавонем!

PS: Матлаб дар пасманзари ашъори фейсбукии шоир, ки аз 21 феврал то 11 март навиштааст, таҳия гардид.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube