Бозхобкунии ҷасади Сталин аз мавзолей ба пушти мавзолей

05.03.1953. Иосиф Виссарионович Сталифян, инқилобгари советӣ, сиёсатмадори давлатӣ, ҳарбӣ ва ҳизбӣ, яке аз асосгузор ва пешвои бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ, бузургтарин шахсияти маъруф ва бонуфузтарини роҳбари асри XX аз олам чашм пӯшид. Аввалан ҷасади ӯро мисли В.И. Ленин мум карда, дохили Мавзолей гузоштанд.

Аммо ҷасади Иосиф Сталин шаби 31 октябр ба 1 ноябри соли 1961, баъди 8 сол аз Мақбараи Ленин бароварда шуд. Ин қарорро аъзои анҷумани XXII КПСС дар арафаи 30 октябр дар доираи десталинизатсия қабул карданд. Бозхобкунӣ пинҳонӣ дар назди девори Кремл, аз ҳад зиёд махфӣ, бо сабаби нигаронии мақомот дар бораи вокуниши манфии аҳолӣ, сурат гирифт.

  Ҳаминро бояд гуфт, ки дар пушти Мавзолей роҳбарони олии СССР, аз ҷумла котибони Генералии КМ КПСС Леонид Брежнев (1906-1982), Юрий Андропов (1914-1984), Константин Черненко (1911-1985), Иосиф Сталин (1878-1953) гӯр шудаанд. Инчунин Я.М. Свердлов (1885-1919), М. В. Фрунзе (1885-1925), Ф. Э. Дзержинский (1877-1926), М. И. Калинин (1875-1946), А. А. Жданов (1896-1948), К. Е. Ворошилов (1881-1969), М. А. Суслов (1902-1982), С. М. Буденний (1883-1973) дар қатори Сталин паҳлуи ҳам хобанд.

Дар ҷаҳон зиёда аз 70 нафар ҳастанд, ки бо унвони генералиссимус сарфароз шудаанд. Аввалин унвони генералиссимусро соли 1569 дар Фаронса аз ҷониби шоҳ Карл IX (1550-1574) ба бародари худ герцоги Анжуйский, баъдтар ба Шоҳ Генрих III (1551-1589) дода буд. Пас аз ҷанги Бузурги Ватанӣ 26 июни соли 1945 бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии СССР унвони Олии Ҳарбии Генералиссимуси Иттиҳоди Шӯравӣ ҷорӣ карда шуд, ки 27 июни соли 1945 ба И.В. Сталин дода шуд. Дар Федератсияи Русияи имрӯза, меросбари СССР ин унвони ҳарбӣ дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст.

Ин давлатмарди Шӯравӣ наздики 30  сол (1924-1953) роҳбари СССР буду корнамоии беназир дар достони ҷаҳони асри XX гузошта, ки то ҳол то 80-85% мардуми собиқ Шӯравӣ ӯро эҳтироми баланд доранд.

Бояд гуфт, ки кишвари Ҳиндӯстон соли 1947-48, Чини парокандаи аз ҳад қафомондаро соли 1949 ва дар сарзамини арабҳо, ташкил кардани 2 давлати Фаластин ва Исроил бо дастгириву фармони маҳз Сталин таҳия шуда буд. Имрӯз дар ҷаҳон чӣ низоъҳои минтақавӣ ҷорӣ карда истодаанд, ки мебинем. Замони ҳукмронии Иосиф Сталин, бе иҷозаи ӯ дар ягон кишвару сарзамин садои тиру туфанге шунида намешуд ва мавҷудияти Шӯравӣ таҳти роҳбарии Сталин  бузургтарин замони оромӣ буд. 

Шамсуддини Муқим,

Москва, СССР, Майдони Сурх

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube