Бузургон дар бораи Латифӣ

…Латифӣ дар қатори Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Қорӣ Ниёзӣ, Комил Ёрматов, Мухтор Ашрафӣ шахсияте мебошад, ки дигарон орзуи ворисияшро мекунанд. Латифиро дар Тоҷикистон ёд овардан ва ҷашни ёдбудашро таҷлил кардан меарзад, зеро дар роҳи ҳимояи миллату манфиатҳои он вай устоди бисёриҳо буд.

Абдумаҷид ДОСТИЕВ,

ходими намоёни давлатӣ, ҳизбӣ ва ҷамъиятиву фарҳангӣ

Барои аз гирдоби балоҳо борҳо растани ман ва берун шудани ман ва барои такомули минбаъдаи эҷоди ман, ҳеҷ кас, он қадар накардааст, чунон ки Турсунзода ва Латифӣ карда буданд. Бале ҷое, ки Латифӣ буд ҷавонмардӣ ҳукмронӣ дошт ва раҳнавардӣ буд ва дастгирии ҳамдигарӣ ҳукмрон мешуд.

Лоиқи ШЕРАЛӢ,

Шоири халқии Тоҷикистон

Қарни бисти Осиёи Миёна ва Қазоқистон басо олимон ва адибон ва ҳунарпешагони шоистаро ба арсаи ҳастӣ додааст. Вале дар журналистикаи қарни бисти Осиёи Миёна ва Қазоқистон касе ба пояи Латифӣ нарасидааст. Вай аз беҳтарин журналистони садаи ХХ буд.

Академик Евгений ПРИМАКОВ,

вазири корҳои хориҷии Русия ва сарвазири Русия

Латифӣ ситораи аз ҳама пурҷиллои фарҳангу журналистикаи тоҷик буд дар қарни бистум, ки анвори он ба қарнҳои минбаъда хоҳад расид ва он барои кушоиши басо кор мададрасон ва роҳнамо шуда метавонад…

Муҳаммадҷон ШАКУРӢ,

академик

Отахон тоҷикии ширин дошт, аммо халқӣ. Вале русиаш чунон адабӣ буд, ки на ҳар рус чунин гуфтаву нигошта метавонист. Рисолати таърихии Латифӣ дар ҳамон замон маълум буд: ӯ журналист ва нависандаи русзабони тоҷик ба шумор мерафт. Дар замони имрӯз, мутаассифона, ҳеҷ кас намондааст, ки дарди моро, мақсади моро ба забони инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ё дигар забонҳои байналмилалӣ берун аз Тоҷикистон ифшо бикунад ва бифаҳмонад ва эътибори моро ҳимоя бикунад, чунон ки Отахон Латифӣ дар шӯравӣ мекард.

Иброҳим УСМОНОВ,

профессор

Кадри Лениград

Отахон Латифӣ хатмкардаи факултаи журналистикаи Ленинград (Санкт-Петербург), мухбири рӯзномаҳои машҳури «Комсомольская Правда», «Правда», «Союз-Жизнь», «Известия», АПН, муаллифи филмҳо доир ба сохтмонҳои бузурги Норак, Бойғозӣ ва Роғун буд. Аз ин боис Латифиро «Шаҳрванди ифтихории шаҳри Норак» эълон карда, қатори бунёдгарони Нораку Бойғозӣ ва Роғун бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шуравӣ мукофотонида буданд.

Дар музокираи сулҳи тоҷикон тарафи оппозитсияро намояндагӣ мекарду ба сулҳ талқин. Зимнан, баъди Ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, устод Латифиро бо ордени «Шараф» ва медали «Иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои олӣ» мушарраф гардонид. Латифӣ чанд сол ҳамчун муовини сарвазири ҷумҳурӣ ва раиси Иттиҳодияи журналистони РСС Тоҷикистон ифои вазифа дошт.

22.09.1998. Отахон Латифӣ дар назди хонааш аз ҷониби террористони ТЭТ ҲНИ, қумандонони саҳроии ин ҷубиши ҳаросангез-Абдулло Турсунов, Саидмухтор Ёров ва Нозим Воҳидов кушта гардид. Турсунов боздошт ва 17 сол ҳукм гирифт. Саидмухтору Нозим аз сӯи мақомоти қудратӣ маҳв шуданд.

Ёдат ба хайр ва хонаи ахиратат пурнур бод, устоди устодони журналистикаи советии тоҷик…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube