= чанд сухан доири Отахон Латифӣ =
Шӯҳрату овозаи ӯ пас аз чоп шудани силсилаи мақолаҳояш дар рӯзномаи номдори «Комсомольская правда» дар соли 1967, ки аз рӯзгори мардуми Бадахшон қиссаҳо мекард, густурда гардид. Ва ҳамин мақолаҳо сабаб шуданд, ки ӯро барои кор ба ин рӯзнома даъват карданд ва ҳамчун рӯзноманигори махсуси «Комсомольская правда» дар 4 республикаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба фаъолият оғоз намуд.
Ман то ин солҳо нав Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор омада будам. Он вақт Отахон дар рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» кор мекард. Чӣ сабаб шуду варо аз вазифааш озод карданд ва чанде бекор монд. Муҳаррири мо шодравон Абдулло Зокир (Замир) ӯро ба кор қабул намуд ва Отахон ба русӣ менавишту мо ба тоҷикӣ тарҷума мекардем.
Ҳар вақт, ки Отахон ба сафарҳои хидматӣ мебаромад, ҳавасам меомад. Вай ҳамеша мисли коргар либос мепӯшид, мӯза дошту шиму камзули корӣ. Мегуфт: «Бо шиму туфлиҳои олуфтагӣ чӣ хел ба миёни саҳро медароеду бо колхозчӣ сӯҳбат мекунед?». Касе аз мо, ба ин шеваи ӯ тақлид карда натавонистем, аммо дар пайравии ӯ навиштани мақолаҳои пурмасъаларо кам-кам меомӯхтем.
Отахон, ҳамеша маро «дар-дарский» мегуфт. Зеро падараш амаки Абдулатиф аз деҳаи Дар-Дари мо буданд ва бо таъбире, ману вай «ҳамшаҳрӣ» будем. Ман бисёр лаҳзаҳои ҳамкориро дар ёд дорам. Ин ҷо метавонам қиссаҳои ба Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе ҷалб кардани зану духтарони деҳаҳои атрофи пойтахтро нақл бикунам. Он даврон аз Русия вагон-вагон духтар меоварданд, то дар Комбинати номдори мо кор кунанд. Латифӣ мегуфт: «Чаро занҳои худамон кор намекунанд дар он ҷо?». Дар ин назҳати воқеан миллӣ ману Нур Табаров ва Бахтиёр Муртазо ҳамдасти Латифӣ будем. Силсилаи мақолаҳои мо дар ҳалли ин муаммо нақши арзанда бозид.
Боре мудири мактаби деҳаи Чорбоғ ба идораи рӯзнома бо шикоят омад: «Шумо коре кардед, ки ягон духтар баъди хатми синфи 8 ба мактаб намеояд ва ҳамаашон роҳи Комбинати нассоҷиро пеш мегиранд!». Яъне комбинати нассоҷӣ пур аз коргарбонувони тоҷик шуд…
Ҳамин тавр буд Латифӣ, ки ташаббусҳояш оммавӣ мешуд ва дасти ҳамаи мо эҷодкоронро мегирифт. Муҳиддин Олимпур (12.12.1995 бо амри Нозим Юсупов (Эшони дароз) -фармондеҳи саҳроии ТЭТ ҲНИ бо дасти Насрулло Шарипов бо 2 тири таппонча қатл гардид) қадамҳои аввалини худро дар ин роҳ мегузошт. Боре Отахон ба ман гуфт: «Асарҳои Муҳиддин зебоиро тараннум мекунанд. Мо то ҳол чунин суратгир надоштем. Бояд намоиши асарҳои ӯро ташкил дод». Бо кӯмаки Латифӣ дар толори кинотеатри Ҷомӣ таҳти унвони «Чилдухтарони тоҷик» намоиши пуровозаи суратҳои Олимпур баргузор гардид ва номи ин журналист дар саросари ҷумҳурӣ танин андохт.
Воқеаи дигар, ки ёдовар шуданӣ ҳастам, чанд сол баъд, яъне пас аз обрӯву эътибори умумииттифоқӣ пайдо кардани Латифӣ рух дода буд. Рӯзе зимистони пурбарф ҳукм меронд. Роҳҳои яхпӯш ба ҳаракати мошинҳо халал мерасонд. Саҳарии барвақт Латифӣ ба ман занг зада, таклиф пешниҳод намуд, ки ба сохтмони Заводи алюминии тоҷик, ба Регар (ҳозира Турсунзода) ҳамроҳ биравем. Ман бо дудилагӣ гуфтам: «Ҳаво мусоид нест». Вай бо итоб гуфт: «Журналисте, ки аз боду ҳаво метарсад, журналист нест!»
ОТАХОН ВАТАНДӮСТИ ДОНИШМАНД ВА МАРДИ ҶАСУР БУД.
Аз китоби «ПОСЛЕДНЯЯ ВЕСНА ОТАХОНА ЛАТИФИ»,
нашриёти ООО «Контраст», 2006 г.
ГУЛНАЗАР ,
шоири ҳалқии Тоҷикистон
