Номи журналисти тоҷик Саидшо Саидов дар таърих ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва содиқ ба Ватан абадӣ боқӣ мемонад. Аммо бисёр таассуфовар аст, ки ин чеҳраи номдори журналистикаи миллӣ хеле барвақт ва ба таври даҳшатнок аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуд. Дар арафаи Иди Матбуот аз журналистони сарсупурда ёд кардани мо айни савоб аст.
Саидшо Саидов ихтиёрӣ ба ҳаркати муқовимат баҳри озодиву барқарорсозии қонуният пайваста, моҳи феврали соли 1996 зимни задухурди мусаллаҳона бо неруҳои ҷангии ТТЭ ҲНИ дар ноҳияи Тавилдара бераҳмона кушта шуд. Куштори Саидшо Саидов- журналистони дигари шуҷоъ аз суи наҳзатиҳои террорист бо мақсади тарсондани озодандешон ва бастани роҳи озодии баён дар қаламрави ҷумҳурӣ барномарезӣ шуда буд.
Таваллуди журналист
Саидшо Саидов соли 1967 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон зода шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна факултаи журналистикаро хатм мекунад. Дар радиои тоҷик фаъолият карда, ҳамчун журналисти воқеънигор маъруф буд. Ӯ ҳаргиз дар давоми фаъолияти журналистӣ аз воқеият ва ҳақиқат убур накардааст ва барои барқарор кардани адолат ва махсусан, адолати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳои шахсиятӣ, ихтисосӣ ва билохира инсонии худ истифода бурдааст. Нуктаи дигари ҷолиб дар ин замина ин аст, ки номбурда дар меъёри кору фаъолият ҳамеша адолатро мегузошт.
Қатли журналист
Саидшо Саидов моҳи январи соли 1996 барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва сулҳу оромӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гардида, амалан бо душманони давлату миллати тоҷик мубориза мебурд. Аммо дар моҳи феврали ҳамон сол аз дасти террористони наҳзатӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуд.
Албатта куштори Саидшо Саидов пеш аз ҳама, ба фаъолияти касбии ӯ вобастагӣ дошт. Вай ҳамчун рӯзноманигори ҳирфаӣ ва дар айни замон муборизи роҳи озодию қонуният ба афроди табоҳкори наҳзатӣ маъқул набуд. Ӯ бо ҷаҳонбинии миллӣ ва дунявие, ки дошт, ҳеҷ гоҳ наметавонист дар хидмати бегонапарастон қарор бигирад. Ин буд, ки бо фароҳам омадани шароити барояшон мусоид , ӯро дар набарди нобаробар номардона куштанд. Далелҳои шайъие, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ҷамъоварӣ гардиданд, раҳбарият ва қотилони ТТЭ ҲНИ- ро дар ин куштор муқассир медонанд ва дигар ҷойи баҳс ҳам нест.
Далели бебаҳси даст доштани наҳзат дар тарҳҳои террористии солҳои навадуми асри гузашта, аз ҷумла куштори рӯзноманигорону олимон дар чанд филму гузоришҳои мустанад ҳам пурра инъикос ёфтааст.
Садсолаҳо мегузаранд ва ҷомеаи мадании тоҷик террорҳои рӯзноманигорони варзида, аз ҷумла Саидшо Саидовро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард ва омилони ин кушторро нафрин хоҳад хонд. Бо гузашти солҳо аз марги Саидшо Саидов то ҳанӯз ҷойи ӯ дар журналистикаи миллӣ холист ва ҷомеа ҳаргиз кору пайкори беғаразонаи ӯро фаромӯш нахоҳад кард.
С. Зиёев,
номзади илмҳои филология
