ҚАТЛИ ОМӮЗГОР ДАР Н. ДӮСТӢ

Ошкор шудани 1 куштори бераҳмона пас аз 31 сол

 Сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-97) боиси дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ пайдо шудани гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гардида, аъзои ин гуруҳҳо аз фурсати муносиб истифода намуда, ба қатлу ғорати шахсони бегуноҳ машғул шудаанд.

Шукри Худо, дар натиҷаи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ (27.06.1997) ва устувор гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ, шароит фароҳам омад, ки кирдори ин гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз байн бурда шуда, амалҳои мудҳиши содирнамудаи аъзои он ошкор гардида, нафарони ҷиноятпеша марҳила ба марҳила дастгир ва ба ҷавобгарии сазовори ҷиноятӣ кашида шаванд.

Шаҳодати гуфтаҳои боло чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ошкор намудани ҷиноятҳои гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ оиди ошкор намудани куштори бераҳмонаи Одинаев Мирзо Нуриддинович ва ҳамсару 3 фарзанди ноболиғи   мавсуф мебошад.

 

Омӯзгор қотили омӯзгор

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян  карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Баходиев Зайниддин Абдулаевич, санаи таваллудаш 1955, зода ва истиқоматкунандаи н.Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов, деҳаи Пасариқ, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии омӯзгорӣ, ки  қаблан бо ҳукми суди вилояти Хатлон соли 2011 бо моддаи 104 КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 сол маҳкум гардидааст, ҳамроҳи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағаев Абдураҳмон Абдузоирович, санаи таваллудаш 1967, зода ва истиқоматкунандаи н.Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов, деҳаи Пасариқ, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, қаблан бо ҳукми суди вилояти Хатлон соли 2010 бо моддаи 104 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол маҳкум гардидааст, соли 1993 дар ҳолати зерин ҷинояти одамкуширо содир намуданд:

  • Баходиев Зайниддин Абдулаевич, дар солҳои 1992-1993 дар давраи нооромии вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандӣ сар зада буд, ҳамчун аъзои Штаби Қизил-Қалъа, роҳбари гуруҳи муҳофизони деҳаи Пасариқи н.Дӯстӣ таъин ва бо яроқ таъмин гардида, муваззаф гардидааст, ки аҳолии деҳаи Пасариқро ҳимоя намоянд.

Баходиев З.А. бо истифода аз ин мақоми роҳбарӣ ба гурӯҳи муҳофизон, дар заминаи хусумати шахсӣ бо хоҳиши ҳамяроқ ва зертобеаш Файзуллоев Ортиқ Нозимович тасмим мегирад, ки директори мактаби миёнаи №11-и н.Дӯстиро бо ному насаби Одинаев Мирзо Нуриддинович нобуд сохта, минбаъд дар ин вазифа ягон нафар аз намояндагони деҳаи худашонро таъин намоянд.

 Бо ин мақсад, тахминан бегоҳии санаи 20 марти соли 1993 Баходиев З.А. ба зердастони худ, бахусус ба шахси боваринокаш Тағаев Абдураҳмон Абдузоирович  ҳамчун роҳбар супориш медиҳад, ки ҳамроҳи зердасти дигараш Файзуллоев Ортиқ Нозимович рафта, директори мактаби миёнаи №11-и ноҳия Одинаев Мирзо Нуриддиновичро бо истифода аз яроқи оташфишон ба қатл расонанд.

 

Қатли Инсонҳо барои 1 курсии директори мактаб?!

Худи ҳамон шаб Файзуллоев Ортиқ Нозимович ва Тағаев Абдураҳмон Абдузоирович баъди гирифтани дастур аз роҳбари гуруҳашон Баходиев З.А. қасдан дар заминаи хусумати майдамаҳалгароӣ бо истифодаи яроқҳои оташфишони тамғаи “Калашников” Одинаев Мирзо Нуриддинович соли таваллудаш 1957 , заваҷааш Бедимоғова Сафармо Давлатовна соли таваллудаш 1960 ва фарзандони хурдсоли онҳо  Одинаева Шукрона Мирзоевна соли таваллудаш 1986, Одинаева Хубона Мирзоевна соли таваллудаш 1988 ва Одиназод Шукриддин Мирзопурӣ соли таваллудаш 1990-ро ба назди заҳбури деҳаҳои Комсомол ва Тоҷикобод бурда, ба қатл расонида, амали разилонаи неофашистии  худро иҷро менамоянд.

Баходиев Зайниддин Абдулаевич ва Тағаев  Абдураҳмон Абдузоирович бо ин кирдорҳои қасдонаи худ, ҷинояти дар моддаи 104 бандҳои “в,з,м”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинишударо, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қасдан одам куштан бо ҳолатҳои вазнинкунанда, яъне қасдан одам куштан ба муносибати вазифаи хизматӣ ё ҷамъиятии худро иҷро намудани шахси ҷабрдида, ду ё чандин касро куштан дар заминаи хусумати маҳалгароӣ муқаррар менамояд, содир намудаанд.

 

Ҳукми ҷазо пас аз 31 сол…

Оиди ин ҳодиса дар худи ҳамон моҳи марти соли 1993 аз тарафи Прокуратураи н.Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Вале бо сабабҳои вазъи ноороми давр  ва аз кишвар хориҷ гаштани ҷинояткорони бемиллат, он давра ин ҷинояти даҳшатнок нокушода монда, сари вақт ба итмом расонида нашуд.

Дар ин замина ин шахсони дур аз ифтихори миллии тоҷикият, ки заррае аз худшиносии миллӣ ва ғурури тоҷикӣ бархӯрдор набуданд, саривақт  аз кишвар фирор намуданд.

Вале бо амалӣ гаштани истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ зери сиёсати наҷибонаи роҳбари давлат, имконият фароҳам омад, ки ин ҷинояткорон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар хориҷ ва дохили кишвар дастгир карда шаванд.

Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур аз сар гирифта шуда, аз тарафи муфаттишони Прокуратураи н.Дӯстӣ зери роҳбарии прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҷӯрахонов Зайниддин бо 1 касбияти хело баланд ва мӯшикофона ҷинояти солҳо нокушода тариқи тафтишоти пешакӣ ошкор ва ба итмом расонида шуда, парвандаи ҷиноятӣ  бо тасдиқи фикри айбдорӣ аз тарафи прокурори вилоят ба суд ирсол карда шуд.

 

Ҳукми аҳриманҳо

Мурофиаи судии ин нафарони аҳримансурат дар толори суди вилояти Хатлон доир гашта, айбдоркунии давлатӣ аз тарафи прокурори шуъбаи назорати қонуниии парвандаҳои ҷиноии прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 3 , Абдуғанизода Баҳрулло ба таври касбӣ ба иҷро расонида шуд.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 10.06.2024 Баходиев З.А. ва Тагаев А.А. бо моддаи зикршудаи кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, нисбати онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо адо кардани ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш сахт ва аз ин 5 солаш дар маҳбас и умумӣ таъин карда шуд.

 

Пас аз 31 сол ҳақ ба ҳақдор расид: зиҳӣ прокуратураи ҶТ!!!

Шояд суоле пайдо шавад, ки баъди ин қадар солҳо дарёфту ҷазои ҷинояткорони ҷанги гражданӣ  чӣ маъно дорад? Аввал ин ки рӯҳи мурдаҳо ором мегирад.

2 ин ки ҳар ҷинояткор бояд донад, ки дасти қонун то садсолаҳо дароз аст ва дилхоҳ ҷинояткор ҳатман дар назди қонуни ҶТ посух хоҳад гуфт.

Мо Метавонем!

 

Варқаи Зайниддин,

Ёдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи якум                               

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube