ҚИМОРПАРАСТОН

Подшоҳона кардаем қимор,

Дови аввал хизона бохтаем.

Намедонам, Зафари дӯстам, шояд нафари 100-умин буд, ки қотеъона хоҳиш кард:

   -Агар Шумо нанависед ва чора наандешанд, пас кӣ? Медонам, душманонатон зиёд мешаванд, зеро қиморхонаҳо фарогир ҷамъиятро печидан доранд, вале садди роҳи ин амал шудан даркор, ки халқро, ба вежа ҷавононро муътод, қиморӣ кардааст.

Аҷиб! Аҷиб!! Аҷииббб!-гуфти устоди хушномамон, олими барҷаста ва шахсияти фарҳехта Абулҳай Маҳмадаминов. Наход кишвардорӣ надонад, ки мардум майл сӯи қимор кардаст? Қиморпеша на камтар аз таассубгарову фанат, фолбину ҷодугар, ба ҷамъият ва давлатдорӣ хатар дорад ва инро мо бояд кайҳо дарк мекардем. Миллате, ки даъвои фарҳанги атиқаи ориёӣ, мусалмониву мазҳаби ҳанафӣ дорад, ба оҳистагӣ, вале бе бозгашт, қиморпеша мешавад: қиморпеша, яъне нафаре, ки бо бозии қимор машғул аст: оне, ки ба бозии бурду бохтнок одат кардааст: ба пули муфт хӯ гирифтааст. Клоссик аст, ки мегӯяд:

Вазъи қиморпешагон пураҷаб асту ин аҷаб:

Навкари муҳтасиб барад куртаи садямоқро.

Яъне қиморхонаҳо дар ҳамон аҳди қадим низ пуштибон, “криша” доштаанд. Ин ба назар байти клоссики дигарро меорад, ки:

Воъизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд!!!

Чанд сол пеш, казиноҳоро барҳам додем. Кори хубе кардем! Он гаҳ дар саргаҳи казиноҳо муштзӯрон, қумандонҳои худхондаи ҷанги гражданӣ меистоданд. Дар ин казиноҳо усулан мардуми сарватманд меомаду қимор мезад. Афроде, ки клоссик онҳоро “қиморбозони гумном” мехонад – “гурӯҳе худёри муташаккил аз муътодон ба қимор, ки бо барномае дувоздаҳқадамӣ дармон мешаванд”. Яъне гурӯҳҳои қиморӣ таваллуд шуданд, ки миёни ҳам унс гирифтаву дигаронро мефиребиданд. Бадқимор буданд. Ба забони худи қиморбозон «шулер, мухлёр, жулик, храппист». Боз ҳам клоссик дар бораи ин фирқа мардум мегӯяд:

Дасташ ба фусуни сеҳрсозӣ,

Бо чарх кунад қиморбозӣ.

Ёд доред, филми маъруфи «Джентельмены удачи»-ро? Вася ба Дотсент мегуфт:

-Да кто ж с тобой играет в карты? У тебя ж в колоде 7 тузов!!!

Қиморбозони номдори РСС Тоҷикистон дар шуравӣ маъруфу машҳур буданд. Мерафтанд то Гурҷистону Арманистону Озарбойҷон ва Молдоваву Россияву Латвия… қимор мезаданд ва меомаданд. Аксарият бо 2 ангушт дар бинӣ. Вале танҳо 2 нафар будӣ, ки ҳамеша буҷилашон асп мехест, яъне дасти тавонои қимор доштанд. Яке Нуралича ном дошт, ки баъдан ӯро Фарҳоди Алмосӣ дар Ҳисор кушт ва дигарӣ «акай Ҳикмат». Ҳар 2 ҷавонмард буданд!!! Зеро ҳаргиз «мухлеват» намекарданд. Инҳоро дар тамомии давлати паҳнои СССР мешинохтанд ва иззат мегузоштанд. Ҳоло ҳам хушноманд!!! Зеро қиморхонаҳои пинҳонии шуравӣ қонуну қоидаи нонавиштаи ҷавонмардӣ доштанд: «Закон фрайера!». Қаллобон ҷазо мегирифтанд. Ҷазое, ки ягон зиндону маҳбас, милисаву прокурор дода наметавонист. Аз қадимулайём чунин буд. Зеро агар чунин намешуд, боз ҳам клоссик намегуфт:

Ба қиморхона рафтам – ҳама покбоз дидам!

Чу ба савмаъа расидам – ҳама зоҳиди риёӣ!!!

Яъне мулло дар масҷид, шайх дар савмаъа (чилахона) аз қонунҳои навиштаи шариати Худо натарсида, фиреб медиҳанд, вале қиморбози профессионалӣ аз қавоиди нонавиштаи қиморхона ҳарос дорад ва ҳалол мебозад!

Аммо казиноҳои Хари Сафеду Хирси Сиёҳу Хуки Сурх… ки пас аз пошхӯрди СССР дар Тоҷикистон пайдо шудаанд, ҳувияти моро ба маърази ом гузоштанд, ки мо дар қимор ҳам ҳаромбоз будаем:

Қиморе занам бар сари пову он гаҳ,

Зи сар пой созам, ба по мегурезам.

Нисфи мардум аз қарзу қавола фирорӣ шуд. Ва ин қиморхонаҳо, маъзарат, ҷалабхона шуданд, пур аз бонувони зебову паричеҳраи тоҷик, ки барои аҳли қимор низ 1 «зарик»-и казино беш набуданд:

Чашмаш ба нигоҳи ҷодувона,

100 буткадаро қиморхона.

Казино касрати фаҳшо овард, ки то ҳанӯз пурра рафъ нагаштааст. Миллат рӯ ба таназзул ниҳод. Аз казино фавҷи фоҳишаҳо ба кӯчаву хиёбон рехт. Фаҳшо, ҷалабизм касаба шуд. Имрӯз ҷамъият каме нафаси осуда кашид. Зеро теъдоди фоҳишаҳо камтар гардид. Сабабаш ҳамон казино буд, қиморхонаҳо. Худоро шукр, ки казиноҳоро бастанд!!! Кори хубе шуд, вале…

– Аҷиб! Аҷиб!! Аҷииббб! – гуфти устод Маҳмадаминов, ки ҷои казиноҳоро букмеккерҳову контораҳои ставка гирифтанд. Имрӯз варзишкоре нест, ки дар майдон ояду қимор назанад. Оре, варзишкорон комилан қиморӣ гаштаанд. Онҳо дигар на барои шарафи клубу меҳан, ки барои Контора ҳарб мекунанд. Ва ин вазъ дар самти футбол ба карат нигаронкунанда шуд.

Огаҳон медонанд, ки дар солҳои пуртаҳлукаи пандемияи КОВИД-19 дар ҷаҳон футбол қатъ гардид. Аммо хушбахтона дар Тоҷикистон футбол мезаданд! Ва футболи мо, тибқи ҳамон масали урусии «не было б счастья, да несчастье помогло», ҷаҳонӣ шуд. Ёд доред, голҳои задаи Алишер Ҷалиловро дар тамомии ТВ-ҳои Аврупову Амрико нишон медоданд? То-та! Аммо футболи мо ба букмеккерҳои аврупоӣ роҳ бурд ва фисқу фуҷур физуд.

Боз ҳам аудиторияи хеле кӯчаки ба футбол наздик медонанд, ки аз Аврупо қиморқаллобони букмеккерӣ ба футболи мо пул дароварданд ва тавассути ставкаҳои ҳаромашон миллионҳо кор карданд. Баъдан ин роҳи пулшӯйиро Интерпол баст, чандин бозингар боздошт шуд. Дақиқан гуфта наметавонам, вале то ҷое иттилоъ дорам, ҳамон замон аз 21 то 41 футболист ба ин қимор полуда шуд. Танҳо аз 1 клуби маъруфи Равшани Кӯлоб 7 танро бо ин ҷурм аз даста ронданд. Худи масъулин онҳоро фош карданд. Дар дигар клубҳо низ сафи ин қиморбоз-варзишгарон кам набуд, вале «сари кафида таки тоқӣ монд».

Чаро ин факти кӯҳнаро овардам? Зеро кӣ гуфта метавонад, ки имрӯз низ чунин вазъ дар футболи мо нест? Футболро қимор маъюб кардааст, мардум. Ва мардумро букмеккеру контораҳои ставкаҳо маълул. Газетаи мардумии СССР даҳҳо номаи доду арзу шикоят аз волидайн мегирад, ки фарзандонашон ба ин қимор дода шудаву колову сармоя ва ҳатто куртаву почаи хоҳару модарашонро фурухта, «ставка» мекунанд. Табиист, ки оқибати ҳар қимор бохт аст! Қиморе нест дар олам, эй Тоҷик, ки фоидаовар бошад, варна он қимор нест! Ва агар қимор фоида меовард ба одамон, Худо онро манъ намекард (“Анъом”, 90).

Имрӯз ҷои казиноҳоро букмеккерҳо гирифтаанд. Инҳо фарқе аз казиноҳои қаблии қумандонҳо надоранд, илло бо ин махсусият, ки кӯдакону наврасону ноболиғон ба казиноҳо роҳ бурда наметавонистанд. Аммо ба ин контораҳо роҳ мебаранд ва қимор мезананд, ҳамоно “ставка”.  Яъне агар ба ҷидд бигирем, ин падидаҳои ҷадиди қиморӣ басе хатарбортар аз казиноҳои пешинаанд. Ва бояд масъулин ҳадди ақалл сари дасткӯтоҳии онҳо бар ҷайби мардум ва буҷаи раъият андеша кунанд.

Мутаассифона, пайгирии кӯр-кӯрона ба Ғарб ва нанотехнология моро ғафлатгир кард. Мо фикр дорем, бо таблиғу ташвиқи букмеккер-қиморхонаҳо варзишро пеш мебарем. Шояд, ягон соҳаашро. Вале миллатро қиморбоз кардан дорем, ки ин басо хатарзост.

Навъи дигари қимор ин лотореяи интернетист. Кадом авомфиребе аз Маскав ва Дубай истода, 1 миллатро гӯл мезанаду касеро парвое нест. Чанде пеш, 1 устои одие, ки хонаи маро таъмир мекард, хушхабар овард, ки сехонае дар маркази Душанбе бурдааст. Дар қимори интернетӣ. Сабти ин ҷавону ун қиморзанҳо дар тамомии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст. Нафаре дигар аз ҳамсоягон гуфт, мошини Королла-6 бурид! Ва навораш гирифтанду дар шабакаҳо пахш карданд. Дуруст аст, ки камбағалон бештар мебуранд дар ин интернет-қиморхонаҳо. Вале боре пурсидаед, ки чаро? Зеро маҳз камбағалон, қишри осебпазири ҷамъияти мо, камбизоату беваву сағераву бенавоён маҳаки фиреби ин қаллобон қарор доранд ва касе ҳатто намепурсад, ки фарзи мисол барои ба ЛОТ гузоштани ҳамон 3-хонагӣ қаллоби интернетӣ, ки имрӯз ҷавонон аз ӯ чун бут эҳтиром мегузоранд, аз ҷайби ҳамин мардуми содаи мо, пули сад 3-хонагиро дуздидааст!!!

Гап бисёр. Вале агар гӯши суханшунав ҳаст ҳамин бас, то тамомии қиморхонаҳои расмиву ғайрирасмӣ баста шаванд. Мо гуфтем. Мо Метавонем!

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил!!!

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube