Сокинон ва ҷавонмардони саховатпешаи деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор тасмим гирифтанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, ки номи нависандаи шинохтаи ин диёр Ҳабибулло Назаровро дорад, пурра таъмиру таҷдид намуда, онро дар арафаи Соли Нави таҳсил мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Дар ин самт аллакай ба маблағи 3 миллион сомонӣ корҳо иҷро шуда, корҳои боқимондаи таъмир бо маром идома дорад.
Бояд гуфт, ки муассисаи мазкур ҳанӯз солҳои 1980-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо гузашти солҳо дару девор, фаршу шифти он фарсудаву таъмирталаб шуда буд. Ба исми нависанда, зодаи ҳамин диёр Ҳабибулло Назаров номгузорӣ шудани муассиса аз он дарак медиҳад, ки сокинони ин деҳаи овозадор ба хизмати аҳли илму адаб дар назди Ватан арҷ мегузоранд ва хотири фарзандони диёрро гиромӣ медоранд.
Мардуми деҳа бо номи собиқ шогирдони мактаб, ки дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, иқтисодиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф ҳиссаи арзанда гузоштаанд, амсоли ходими давлатию ҷамъиятӣ, адиб Ҳабибулло Назаров ва фарзанди некномашон Темур Назаров, омӯзгори шинохта Сайфулло Ҳайдаров, собиқ раиси Комиҷроияи ноҳияи Ҳисор Абдуҳамид Сайдалиев, академик, доктори илмҳои ветеринарӣ Иззатулло Сатторов, доктори илмҳои филологӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сайфиддин Акрамзода ва даҳҳои дигар ифтихор менамоянд.
Ҷ. Мақсуд, СССР