Рустам Қувватов, сокини н. Восеъ меҳмони идора шуда (тел: 985635392), гуфт, ки муддати 4 моҳ мешавад, ки дар муассисаи тарбиявӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллим ба кор шуруъ намуда, аз тарафи муассиси корхона барои рафтуомади бемонеа бо корти нақлиётӣ таъмин карда шудааст.
– Тақрибан 1 ҳафта пеш ман савори автобуси №1 шуда, саросема тугмачаи пулчинакро зер накарда, кортро ба болояш гузоштам. Ҳамон лаҳза ронанда дағалона ба ман нигаристу гуфт, ки кортии ту ройгон аст, агар медонистам корти ройгон дориву корманди давлатиӣ, ҳеҷ вақт саворат намекардам. Пеш аз савор шудан ба автобусҳо ҳамеша дар дил тарс дорам, ки мабодо ронандагони автобусҳои ҷамъиятӣ дар байни халқ маро барои корти ройгон доштанам аз нақлиёт берун накунанд. Чун айнан ба мисли ҳамин ронандаи дағалрафтор дигар ронандгоне низ ҳастанд, ки барои корти ройгон доштанам, ҳамеша бо ман баҳс мекунанд. Аз корти ройгон ҳама безор!
