РАҚСИ МАРДОНАРО ЭҲЁ КУНЕ(М)Д!

Дуруд СССР! Солҳои охир оиди рақси мардона ҳар гуна гапу чак ва гумонҳои бад дар байни мардум бофта бароварда шуда, овоза паҳн кардаанд, ки гӯё рақсидан барои мард ҳунару зебанда нест. Ин ҳама тарғибу ташвиқи гурӯҳҳои хурофотпарасту ифротгараён буда, онҳо дар амри маъруфашон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ на ин ки рақсидан, ҳатто мусиқию суруд ва дар маҷмуъ санъатро ҳаром ҳукм мекунанд.

Фанатҳо мардуми содаро чунон мағзшӯӣ карда истодаанд, ки ҳатто дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ рақс карданро ор медонанд. Ингуна овозаҳои бемантиқ ба иззати нафси раққосон расида, онҳо дилмондаву дилшикаста шуда, тарки вазифа ва роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гирифтанд. Ҳол он ки санъати рақс 1 намуди варзиши будан буда, ба кас зебоӣ бахшида, баданро обутоб медиҳад. Рақс ба кас ҳаловат ва рӯҳу илҳоми тоза бахшида, шахс худро солиму бардам ва хушҳол ҳис мекунад. Ягон халқияту миллатеро иқтибос биёред, ки гурӯҳи рақсии махсуси мардонаи худро надошта бошад? Илло Тоҷик! Мо мутаассуф ансамбли рақсии сирф мардона, бо қиёфаи мардона, сару фуки мардона, бозуву қадду қомати мардона ва ҳаракатҳои мардона на-до-реммм!!!

Барои аз нав эҳё ва рушди нумуъ додани гурӯҳи рақсии мардона чӣ бояд кард? Барои ҷалби раққосон ва хуб рақсидан “настроение” – и хуб доштан лозим аст. Барои “настроение”- и хуб шароити кории хуб, ҳавасмандкунӣ, имтиёзҳо ва қабл аз ҳама маоши хуб лозим, ки зиндагии беташвиш дошта бошанд. Сарояндагону навозандагон, барандагону махсусан раққосаҳо аз ҳисоби тӯйҳо зиндагиашонро меёбанд. Аммо раққосон…  онҳоро фаҳмидан мумкин аст. Аз ин лиҳоз Вазорати фарҳангро зарур аст, ки бо мутахассисони соҳа маслиҳату машварат намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодоти мушаххаси хешро пешкаш намояд. Зеро мо дар асри 21 қарор дорем, на дар асрҳои миёна. Мо метавонем!

Таваралӣ Авсақолов,

н. Фархор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube