Тавре хабаргузориҳои рус навиштанд, наврас Тимофей Кулямин нахуст ба муҳофиз ва баъд як хонандаи 10-сола бо корд зарба задааст. Дар натиҷа хонандаи 10-сола аз ҷароҳати бардошта ҷон бохтааст.
Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС, навраси боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2, моддаи 105 Кодекси ҷиноии Россия) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Гуфта мешавад, дар асоси хусумат ва миллатситезӣ, Тимофей аз хонандагон миллаташонро мепурсад ва баъди оне, ки мефаҳмад Қобилҷон тоҷик аст, ӯро ба таври ваҳшиёна қатл карда, дар сари ҷасад боз сурати селфӣ гирифта, ба сайтҳои скинхедӣ мепартояд…
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ВКД ва Вазорати маориф ва илми ҶТ ин кушторро маҳкум карда, ба ҳамтоҳои худ суҳбати фардӣ намуда, нота фиристоданд.
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
17.12.2025. Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамлаи хусумати миллидошта ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Қобилҷон, хонандаи синфи чоруми мактаби миёнаи Успенскии шаҳраки Горки 2-и минтақаи шаҳрии Одинтсовскии вилояти Москваро, ки 16 декабри соли 2025 дар дохили бинои мактаб рух дод ва дар натиҷаи он шаҳрванди мазкур ба таври фоҷиавӣ ба қатл расонида шуд, қатъиян маҳкум менамояд. Вазорат бо андӯҳи амиқ ба аҳли оила ва пайвандони шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори тасалият ва ҳамдардӣ менамояд.
Дар робита ба чунин вазъ, сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семен Вячеславович ба Вазорати корҳои хориҷӣ эҳзор гардида, ба ӯ ёддошт бо талаби аз ҷониби Русия фавран, воқеъбинона ва беғаразона гузаронидани тафтишоти ин ҳодисаи фоҷеабор ва ба ҷавобгарии қатъии қонунӣ кашидани ҳамаи ашхоси дар он дастдошта, супорида шуд. Ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷиҳати мунтазам дар тамос будан бо пайвандони марҳум, инчунин, зери назорат гирифтани масъалаи мазкур дастур дода шуд.
Суҳбати Рамазон Раҳимзода бо В.Колоколтсев
17.12.2025. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба ҳодисаи даҳшатноке, ки рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар мактаби Успенский, ноҳияи Одинсоваи шаҳри Москва нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷони 10-сола рух дод, бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсияи Федератсияи Россия, Колоколтсев В.А. суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар рафти суҳбати телефонӣ қайд гардид, ки содир гардидани чунин ҷиноятҳои мудҳиш метавонад боиси вазъи ногувори ҷомеа гардида, боз барои дигар гурӯҳҳои радикалии миллатгаро талқин ва таҳрики содир намудани чунин ҷиноятҳо гардад. Бинобар ин Раҳимзода Р. аз Колоколтсев В.А. талаб намуд, ки сабабу омилҳои ин ҳодиса ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.
Ҷониби Россия иброз намуд, ки барои ҳаматарафа ва воқеъбинона гузаронидани тафтишот тамоми чораҳои қатъӣ андешида шуда, баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат менамояд.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Раҳим Саидзода: “Амният бояд таъмин бошад!”
22.12.2025. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи хусумати миллидошта ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Қобилҷон-хонандаи синфи чоруми мактаби миёнаи Успенскии шаҳраки Горки 2-и минтақаи шаҳрии Одинтсовскии вилояти Москваро, ки 16 декабри соли 2025 дар дохили бинои мактаб рух доду дар натиҷаи он мавсуф ба таври фоҷиавӣ ба қатл расонида шуд, қатъиян маҳкум менамояд. Ҳамзамон, дар робита ба ин ҳодисаи нангин, аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ. ба унвонии вазири маорифи Федератсияи Россия Кравтсов С.С. мактуби расмӣ ирсол гардид, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
“Муҳтарам Сергей Сергеевич!
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пайгирона ва созандаи Вазорати маорифи Федератсияи Россияро дар самти ҳамкориҳои башардӯстона баланд арзёбӣ намуда, онро омили муҳимми таҳкими дӯстии дерина ва ҳамдигарфаҳмии байни мардумони ду кишвар медонад. Бо истифода аз фурсат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андӯҳи амиқ ва нигаронии ҷиддӣ аз ҳодисаи фоҷиаборе, ки 16 декабри соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии “Успенский”, воқеъ дар маҳаллаи Горки-2, ноҳияи Одинсовои шаҳри Москва рух додааст, хабар медиҳад, ки дар натиҷаи он хонандаи синфи чорум, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиев Қобилҷони 10-сола, ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. Содир гардидани чунин ҷинояти ниҳоят мудҳиш дар муассисаи таълимӣ боиси норозигӣ ва ташвиши амиқ гардида, метавонад ба ҳолати равонӣ ва иҷтимоии кӯдакон, волидон ва ҷомеаи омӯзгорон таъсири ҷиддии манфӣ расонад. Илова бар ин, чунин ҳодисаҳо метавонанд аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ва миллатгарои радикалӣ бо мақсади тарғиб ва таҳрики содир намудани ҷиноятҳои нав истифода гарданд, ки ин бо арзишҳои бунёдии инсондӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва принсипҳои таҳаммулпазирӣ комилан мухолиф аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли оила, наздикон ва омӯзгорони хонандаи ҳалокшуда ҳамдардии самимии худро иброз намуда, ҳамзамон, зарурати андешидани чораҳои ҳамаҷониба ва муассирро ҷиҳати пешгирии такрори чунин фоҷиаҳо дар оянда таъкид менамояд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умедворӣ менамояд, ки ҷониби Россия сатҳи баланди масъулият нишон дода, барои кафолати амнияти хонандагони тоҷик дар қаламрави Федератсияи Россия чораҳои муассир меандешад. Мо ҳамчунин итминон дорем, ки талошҳои муштараки ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди шарикии стратегии байни давлатҳоямон дар соҳаи маориф мусоидат намуда, заминаи муҳити таълимии бехатару созгорро барои ҳамаи кӯдакон фароҳам хоҳанд овард.”
Дар сӯги ҚОБИЛҶОН
Ало, сайди шикори ҷаҳли инсон,
Кабутарбаччаи бепар парафшон.
Касе, ки дар азои ту нагиряд,
На дил дорад, на ҷон дорад, на имон.
Гулрухсори Сафӣ,
Шоири халқии Тоҷикистон
Ғамнома
Кӣ гардонад зи раҳ сарви равонро,
Диҳад тағйир муҳри осмонро.
Ҷароҳатҳои танро метавон баст,
Кӣ мебандад ҷароҳатҳои ҷонро.
Куҷо рафтӣ, балогардони модар,
Ки поёни ту шуд поёни модар.
Пас аз ту дар ҷаҳони теғбозон
На модар монду не ҷон, ҷони модар.
Ғамам нав шуд, ки Қобилҷони ман рафт,
Ҳумоюнруи гулгардони ман рафт
Зи дасти дӯзахиёни малаккуш
Паровар тоири ризвони ман рафт.
Худоё, ғунчаи аҳмар шаҳид аст,
Китобу хомаву дафтар шаҳид аст.
Умеди мурдаву хуршеди мурда –
Дили модар, дили модар шаҳид аст.
Чунин Юсуфвашон ин ҷо напоянд,
Афифу беғашон ин ҷо напоянд.
Чу дар рухсорашон муҳри самоист,
Бад-он муҳру нишон ин ҷо напоянд.
Куҷоӣ, ҷони ҷонафрузи модар,
Ҳумоюнғунчаи наврӯзи модар.
Чу дидам, тифли дигар паркашон рафт,
Аз аввал бештар шуд сӯзи модар.
Ба ин тоҷиккушӣ поён кай ояд,
Ба ин кофаркада имон кай ояд.
Ҳама ноодамӣ аз бехудоист,
Ба ин дайри куҳан Инсон кай ояд?
Чу қасди куштани ислом карданд,
Гули наврустаро эъдом карданд.
Гули наврузи мо ҷони ҷаҳон буд,
Ҷаҳонро сахт ноором карданд.
Бадӣ омад, зи некӣ ҷонситон шуд,
Қаҷӣ бар росткорӣ хасми ҷон шуд.
Чу дидам тозагулҳо ғунчамарганд,
Ба худ гуфтам, ки поёни ҷаҳон шуд
Хазон шуд кӯдаки хушноми олам,
Азизи сабзу гулпайғоми олам.
Чу дарди тоҷикон дарди шумо шуд,
Сипос, эй беҳтарин ақвоми олам.
Парид он қосиди хушталъати мо,
Малакмонову тоҷиксурати мо.
Кадомин хома ислоҳе дарорад
Ба авроқи сиёҳи қисмати мо.
Банӣ одам шавад пайванд, ё на,
Ҳабибу ёру хешованд, ё на
Ба ойину ба сурат гуна – гуна,
Ба ҷону дил шавад монанд, ё на.
Ҷаҳон аз рафтанат хуни ҷигар шуд,
Низоми гардиши гардун дигар шуд.
Зи дасти ноҳақон фарзанди тоҷик
Ба Ҳақ пайвасту фарзанди башар шуд.
Худоё, зулмро бардор, бардор,
Худоё меҳрро бигзор, бигзор.
Ба ин дунёи бадкешу накӯкуш
Сафои рафтаро боз ор, боз ор.
Фарзона, Шоири халқӣ
Бираву шиква бикун сӯи Худо:
-бандагонат ҳама бераҳм шуданд.
Ҷонишинони ту дар рӯи замин,
Пасту бемояву бефаҳм шуданд.
Шоира Раҳимҷон
ТИМОФЕЙ КУШТ ҚОБИЛРО!
Тамоми даҳр шуд гирён,
Тимофей кушт Қобилро!
Ҷигарҳо аз ғамаш бирён,
Тимофей кушт Қобилро!
Замин захмин, фалак ҳайрон,
Тимофей кушт Қобилро!
Баровард аз ҷигар афғон:
Тимофей кушт Қобилро!
Чи гурге? Наврасе хунхор!
Ду чашмаш, нафраташ хунбор,
Бикарда тифлаке хуншор,
Дилаш аз кина чун шаб тор,
Амон аз хайли гургосор,
Амон з – ин гурги кӯдакхор,
Фиғон бархост аз Гургон:
Тимофей кушт Қобилро!
Чи давре ҳаст дар гардун,
Нафаҳмӣ вазъи дунё чун?!
Аз ин ҳангомаи малъун
Ҳама халқи ҷаҳон дилхун,
Саросар хунбасар Сайҳун,
Саросар хунҷигар Ҷайҳун
– Дада! – Фарёд кард аз ҷон,
Тимофей кушт Қобилро.
Дареғ аз модари хушгил,
Шудаш чун зиндагӣ мушкил,
Гирифта Қобилу Ҳобил
Бикард азми дигар манзил,
Ҳавасҳояш бишуд ботил
Зи гурге, наврасе қотил,
Ҷигархун модари сарсон
Тимофей кушт Қобилро.
Замон бас хорияш карда,
Чи қалбозорияш карда,
Фузун душворияш карда,
Мадад бисёрияш карда,
Ҷаҳон дилдорияш карда,
Ватан ҳам ёрияш карда,
Ба модар нест дард осон,
Тимофей кушт Қобилро.
Ватандорон, сипар бошед,
Ба ҳар як кӯю дар бошед,
Ба ёди ҳамдигар бошед,
Ба ҳам имдодгар бошед,
Зи ҳам дилбохабар бошед,
Ба ҳам ҷону ҷигар бошед.
Бимонд ин доғ ҷовидон:
Тимофей кушт Қобилро!
Ватандорон Ватан дилреш
Зи захми ханҷари бадкеш,
Зи ҳар захме, ки буд з – ин пеш,
Зи ин дунёи кофаркеш,
Зи нешонӯшу нӯшонеш,
Зи сӯзу доғи Хайрандеш,
Бигӯяд то абад Кайҳон:
Тимофей кушт Қобилро!
Хайрандеш,
шоири халқӣ
ИЗҲОРИ ТАСЛИЯТ БА МОДАРИ ҚОБИЛҶОН
Худо равшан кунад, Модар, шабу рӯзи сиёҳатро,
Амини худ бигардонад ҳама пушту паноҳатро,
Ҳазорон лаънати дунё ба он миллатгарои рус,
Шаҳиди роҳи дониш кард, тифли бегуноҳатро.
Дар он мактаб, ки оғози раҳи ӯ буд бар мақсуд,
Дар он мактаб, ки гӯё маскани амнияташ ҳам буд,
Сипар бар дигарон бинмуда, ҷисми кӯчакаш Қобил
Шаҳодат ёфт, чун афришта аз мо рафт бе падруд.
Кунун дунёст дар даҳшат аз ин рафтори ҳайвонӣ,
Аз ин куштори ваҳшатзо, ба дасти насли инсонӣ.
Вале ин аҳриманҳо аз азал қобилкушӣ доранд,
Хилофи гуфтаҳо дар дини Исову мусалмонӣ.
Набошад, инчунин ваҳшоният дар ҳеҷ як ойин,
Ба ин ҷода ҳар он ки меравад, бодош сад нафрин.
На инсон аст, не ӯро хабар аз одамият ҳаст,
Касе террор месозад, на миллат дораду не дин.
Аё Модар, гузорам саҷда бар пеши қадамҳоят,
Дилам хун мешавад аз дидани чашмони раҳпоят.
Ба худ, ҳарчанд меҷӯям алифбои хаёламро
Намеёбам ягон ҳарфе, ки гӯям дар тасаллоят.
Туро, Модар, дуогӯем, ҷонат дар амон бошад,
Макони охири Қобил биҳишти ҷовидон бошад.
Кунун дар чашми ман бо Моҳу бо Истораву Хуршед,
Миёни осмон тобанда акси кӯдакон бошад.
Дар ин олам, ки одам гоҳ бадтар аз саги бадхӯст,
Дар он дам зиндагӣ бар одамӣ бе равнақу бадрӯст.
Қасам бо руҳи Қобил, то даме ки одамият ҳаст,
Ту танҳо нестӣ, Модар, ҳама олам канори туст.
Нуралӣ Хоркашев,
журналист
ДАР ҲАМИН МАВРИД
Дар ҷаласаи редаксионии газетаи мардумии СССР, ба корманди газета дар ш. Москва, барои худсарона саволи редаксиониро тағйир кардану ба Президенти ФР Путин В.В. додани суоли дигар, огоҳии қатъӣ дода шуд. Дар фармоиши сардабир чунин омадааст:
ФАРМОИШ
№386, аз 22. 12. 2025, ш. Душанбе
Оиди ҷазои интизомӣ
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
Ба Шамсиддин Бобоев-хабарнигори газетаи мардумии СССР дар Маскав, барои дар нишасти матбуотии президенти ФР:
А) Тағйир додани суоли матраҳшудаи редаксия дар мавриди куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола;
Б) Ба таври худсарона додани суоли дигар дар мавриди ифтитоҳи маркази Хайёмшиносӣ ва гузоштани ҳайкали шоир, ки бо редаксия мувофиқа нашуда буд.
Огоҳии қатъӣ дода шавад.
Ҳамзамон дар мавриди минбаъд худсарона гузоштани суолот, дар нишастҳои матбуотӣ, ки бо редаксияи газетаи СССР мувофиқа нашудаанд, аккредитатсияи Шамсиддин Бобоев бозпас хонда шавад.
С. Мизроб, сардабир
22 декабри соли 2025
